Ҳамеша дар паҳлуи якдигар бошем

№83-84 (4345-4346) 26.06.2021

DSC_3283Аз рӯзе, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, 24 сол сипарӣ гардид. Бисту чор соли созандагию бунёдкориҳо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Ин санаи таърихӣ барои халқи тоҷик бисёр муҳиму арзишманд аст, зеро маҳз ба шарофати он давлати тозаистиқлоли тоҷикон аз хатари нобудшавӣ эмин монд ва миллати қариб парокандашударо ба ҳам овард. Баъд аз низоъ, кашмакашҳо ва ҷангҳои таҳмилии аввали солҳои навадуми қарни гузашта, боз қомат рост кардану ба пеш рафтан, барқарорсозии харобиҳои ҷанги таҳмилӣ ва расидан ба комёбиҳо саодати бузург аст.

Аз ҷумлаи нахустин коре, ки роҳбарияти олии мамлакат дар солҳои аввали барқарорсозии хоҷагии халқ ба он оғоз карданд, таҳкими қонуният, таъмини волоияти қонун дар ҷомеа буд. Қабули садҳо қонуну қарорҳо, стратегия ва барномаҳои давлатӣ раванди ташаккули ҷомеаро ба низом овард. Баъдан, ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуд ва парламенти касбӣ таъсис ёфт. Тибқи тағйиру иловаҳое, ки моҳи сентябри соли 1999 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид, мақоми конститутсиониву ҳуқуқии парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дигаргун шуда, ҳамчун Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ фаъолияти густурдаро ба роҳ монд. Ташкили шакли дупалатагии мақомоти қонунгузор низ натиҷаи истиқрори сулҳ, ризояти миллӣ ва ваҳдат буд, ки аз нахустин рӯзҳои фаъолият дар қатори қонунэҷодкунӣ, такмили қонунгузорӣ, ҳамчунин, ҷиҳати таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ­густариши ҷараёни демократикунонӣ корҳои арзишмандеро анҷом дод ва ҳоло ҳам ин рисолат­ро идома медиҳад.

Зимнан, сулҳи тоҷикон ва ваҳдати мардуми соҳибтамаддунро роҳбарону сиёсатмадорони давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷрибаи нодир арзёбӣ карданд. Баъд аз он рӯйдоди муҳими таърихӣ таваҷҷуҳи кишварҳои гуногуни олам ба Тоҷикистон зиёд гардид. Дар натиҷа, ҳамкориҳо ва равобити хориҷӣ рушду тавсеа ёфт. Ин таҷрибаи ибратбахш, саъю талошҳои роҳбарияти олии мамлакат ва дастгирии мардуми заҳматпешаю сулҳхоҳи тоҷик ба он мусоидат кард, ки то ба ҳол Истиқлолияти давлатии кишварро зиёда аз 190 давлати дунё ба расмият шинохта, беш аз 173 кишвар бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангиро ба роҳ мондаанд. Намояндагиҳои дипломатии наздик ба 50 давлат дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва давлати мо узви беш аз 50 созмони байналмилаливу минтақавӣ ба ҳисоб меравад.

Дар дохили кишвар бо фароҳам омадани фазои муносиб ва осоиштагӣ рушди бомароми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таъмин гардид. Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон зикр шуд, ки «Тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997 – 2020–ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст. Имтиёзҳои барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди соҳаҳои зикршуда такони ҷиддӣ бахшиданд».

Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, алалхусус соҳаи кишоварзӣ, Пешвои миллат зикр карданд, ки солҳои соҳибис­тиқлолӣ барои рушди соҳа, аз ҷумла бунёду навсозии инфрасохтори обрасонӣ, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъминоти соҳаи кишоварзӣ бо техникаи зарурӣ, тухмиҳои аълосифат ва дастрасии субъектҳои хоҷагидор ба маблағгузорӣ, 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми беш аз 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шудааст. Ҳоло дар кишвар боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар ­доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991–ум 2,2 баробар зиёд мебошад. Ин гувоҳи пешрафту тараққии соҳа мебошад, ки маҳз ба шарофати сулҳу оромӣ ба даст омад.

Раванди рушду нумӯи кишвар далели он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ роҳи пурифтихорро тай намуд. «Мо вазифадорем, ки барои татбиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ ва пойдории он талош карда, бо мақсади эҳёву пойдории арзишҳои миллӣ ва тавсеаи тафаккури давлатдории миллиамон, ки асоси пешрафти Тоҷикис­тони азиз мебошад, сарҷамъона кору фаъолият намоем» — таъкид намуда буданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Варзишгоҳи навбунёди шаҳри Ваҳдат  27 июни соли 2017. Ҳамчунин, Сарвари давлат зикр карданд: «Ҳарчанд роҳи тайнамудаи Тоҷи­кистон дар ҷодаи ваҳдату якпорчагӣ ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, сарҷамъии миллат, густариши фазои сулҳу оромӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ саъю талошҳои бесобиқа анҷом доданд ва итминони комил дорам, ки наслҳои оянда аз онҳо ҳамчун намунаи ватандориву ватандӯстӣ ёд хоҳанд кард».

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, дастур доданд, ки бо мақсади таҳкими боз ҳам бештари дастовардҳо зарур аст мафҳумҳои истиқлолияту озодӣ ва ваҳдати миллӣ ба ғояи ҳамешагии созанда ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи Тоҷикистони демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ табдил дода шаванд. Зеро онҳо дар қалбу шуури шаҳрвандони кишвар ҳисси эҳтиром ба Тоҷикистони азиз ва муқаддасоти Ватанро устувор сохтанд ва эътимод бахшиданд, ки миллати куҳанбунёди тоҷик метавонад танҳо бо ҳамин ғояҳои наҷотбахш корҳои бузурги ободкориву созандагиро ба анҷом расонад ва барои наслҳои оянда як кишвари ободу зеборо ба мерос гузорад.

Аз ин лиҳоз, бояд сулҳу ягонагӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем, зеро маҳз дӯстию ваҳдат моро сӯйи саодат мебарад. Аз ин рӯ, нигош­таро бо суханони илҳомбахшу роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст мекунам, ки зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (26 январи соли 2021) гуфтанд: «Ҳифзи ин гавҳари бебаҳо аз ҳар яки мо саъю талош ва кӯшишу ғайрати шабонарӯзӣ, нангу номуси миллӣ, заҳмати содиқонаву фидокорона ва муҳимтар аз ҳама, иттиҳоду сарҷамъӣ мехоҳад. Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир мо бояд ҳамеша дар паҳлуи якдигар бошем ва ҳамдигарро дастгирӣ кунем, зеро ин хислати нек ба мову шумо аз гузаштагони некномамон ба мерос мондааст».

Зоир РАҲМОНЗОДА,

узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин