Ҳафтаи равон бахшида ба ҳаштодумин солгарди зодрӯзи шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ ва мавлуди собиқадори меҳнат Раҷаб Шарифзода дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ маҳфили бошукӯҳи илмию адабӣ баргузор гардид.
Дар он раиси ноҳия Тоҳир Азиззода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода, дӯстону ҳамсабақону пайвандони шоир, аҳли зиё, фарҳангу маориф, адибон ва мухлисону дӯстдорони каломи бадеъ иштирок намуданд.
Тоҳир Азиззода доир ба хизматҳои беназир ва муҳтавои оламгири шеъри Лоиқ Шералӣ ва фаъолияти ибратбахши дӯсти шоир, собиқадори меҳнат Раҷаб Шарифов, аз ҷумла, зикр кард, ки «ашъори шоир ва номи Лоиқ барои мардуми шарифи кишвар манбаи илҳому ифтихор, таронаи ишқи Ватан, номаи меҳру садоқат, гавҳари тарбияи шоистаи наврасону ҷавонон мебошад».
- Дар ашъори Лоиқ шуҷоати адабӣ мавҷ мезанад ва хонандаи осори ӯро мафтун месозад. Шоир дар байни сокинони ноҳияи Мастчоҳ дӯсту рафиқи маънавӣ ва мухлиси зиёд дошт, ки Раҷаб Шарифзода аз ҷумлаи онҳо мебошад. Ӯ ҳамсабақу ҳамдил ва дӯсти ҷонии шоир буда, баҳри тарғиби шахсият ва шеъри баландмазмуни Лоиқ хизмати шоиста намудааст, — гуфт раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Дар ҳамоиш паёми шодбошии муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба самъи ҳозирин расонида шуда, шоирону нависандагон доир ба ашъори Лоиқ ва фаъолияти ибратомӯзи ӯ сухан карданд.
Инчунин, ҳунармандони мардумии Тоҷикистон Муродбеки Насриддин, Афзалшоҳи Шодӣ ва аҳли фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои дилнишин табъи иштирокчиёнро болида гардониданд.
«Садои мардум»