Ё сайре миёни сатрҳои «Шоҳнома»-и оби Давлат Сафар
Чу Хуршед талъат зи Роғун кунад,
Мунаввар ҳам дашту ҳомун кунад.
Аз ин файзи неругаҳи оби барқ
Фурӯзон шавад шоми булдони Шарқ.
Шумораи бузургони адабиёт, ки бо чанд шеър маъруфи дунё шудаанд, хеле кам аст. Давлат Сафар бо чанд рубоиаш ба феҳристи бузургони адабиёти Шарқ шомил шуда, истеъдоди уқёнусосояш ба ҳамаи самтҳои адабиёт реша давонд. Чун рӯди Варзоб дар хурӯш асту бо ду соҳил дар набард. Ҳар рӯз эҷод мекунад. Ман ӯро дар қатори устод Атахон Сайфуллоев, профессор Карим Абдулов, ҳунарманд Ҳошим Гадоев ба китоби пуркортарин ва сермаҳсултарин адибони дунё шомил кардам. Қаҳрамони матлаб симои кашфношудаи адабиёти муосир аст. Ӯ чанд муддат дар телевизиону КВД «Тоҷиккино» ва нашриёти «Адиб» кору фаъолият намуд, вале боз ҳам эҷод кард. Зиёд кор мекунад, китоб мехонаду китоб нашр мекунад. Дар борааш меҳтарону кеҳтарон сухан гуфтаанд, аммо навиштаи Раҳмоналӣ Мирализода бар талафи умри 38-солааш хеле самимӣ аст: «Давлат Сафар — номе, ки дар фазои адабӣ ва ҳавзаи шеъри имрӯзи тоҷик бар сари забонҳост ва шахсияте, ки чеҳрааш дар оинаи ҳаёти фарҳангии кишвар бо ҷилои хоса медурахшад. Дилаш барои миллаташ мураттаб метапад ва рӯҳаш аз муҳаббати сарзамини аҷдодиаш меболад. Ҷавонмард асту ҷавонмардонро гиромӣ медорад. Дили софу бекина ва дастони созанда дорад. Риё надорад ва риёкорро дӯст намедорад. Ҳар чизе дар дил дорад, дар забонаш ҳувайдост. Ба қавли Хоҷа Ҳофиз «дилаш бо забон якест».
Ҳарчанд дар ноҳинҷориҳо зуд ба хашм меояд, вале ба зудӣ ором мешавад ва хатокорро афв мекунад. Ҳамин аст, ки гарди ғуборе аз рафтору гуфтори касон дар дил надорад. Кӯшишу ғайрати Давлат Сафар дар ифои вазифаҳои инсонӣ ва мансабӣ қобили ситоиш ва пайравӣ аст. Ҳамин хислатҳои неку ҳамидааш ӯро муваффақ кардааст.
Давлат Сафар намунаи воқеии машаққат, натиҷа, азобу уқубат дар Рӯзи Модар аст. Дар ин рӯз танҳо бузургон ба дунё меоянд. Ба иқрори худаш сифоти модарашро дар вуҷуди хеш рӯшантар мебинад. Ҳарчанд дар тамҷиди падар китоби шеъри хоса дорад, вале беҳтарин офаридаҳояш дар ситоиши модар мебошад. Ин шеъри ӯ солҳои охир вирди забонҳост:
Сад мушт зи бесарӣ, ки бар сар хӯрдам,
Сад мушти дигар зи пушти дилбар хӯрдам.
Ширинии умри ман ҳамон аст, ҳамон,
Қанде, ки зи остини модар хӯрдам.
Дар як ҳамоиши расмӣ тасодуфан китоби «Достони Роғун» ба дастам афтод. Онро варақ задаму ғарқи мутолиа шудам, баъд аз чанд соат масъули ҳамоиш маро гуфт:
- Муаллим, маҳфил кайҳо тамом шуд. Хезед, толорро мебандем…
Баъди мутолиаи достон андешаҳоямро рӯйи сафҳа овардам. Гарчанде медонам пас аз нашри мақола ба сари ӯ борони шафқату саховату мукофот намерезад.
Фалсафаи инқилоби рӯҳи бузургонро, ки аз ориёиҳо — пешдодиёни мо маншаъ мегирад, қабл аз ин дар ашъори Абулқосим Лоҳутӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ дар тасвири олами қудрат ва тавоноии табиат, ки фалсафаи даҳриёнаро убур мекард, мушоҳида намудем. Шоир Давлат Сафар дар «Достони Роғун» ба қавле, мағзи гапро мегӯяд:
Ба халқе, ки ҳаст ориёинажод,
Биёбем дилро, кунем иттиҳод.
Биёбем роҳи ҳаёту мамот,
Раҳонем худро зи ҳар мушкилот.
Хеле маҳорат ва салиқа, донишу пажӯҳиш ба Давлат Сафар лозим буд, ки ба остони қудси зафаровар расида, користони ҷабҳаи бунёдкориро чун Фирдавсӣ ҳангоми разми Рустам дар марзи Турон тасвир кунад:
Қаторе лаби рӯд парчам ба каф,
Ту гӯӣ ба ҳарбе кашиданд саф.
Чунин тасвирро коргардони достонҳои «Шоҳнома» Борис Кимёгаров орзу мекард. Ва куҷост рассом, ки ин ду манзараро тасвир кунад. Гурдони Рустам дар ҷабҳа ва кӯҳканони ҷасур бо роҳнамоии Пешвои миллат мунтазири пирӯзии мутантан буданд. Ғиреви ҷонкоҳи Фирдавсӣ ва бонги бедории ғуруру сангаршикании Пешво васл шуд.
«Машаққати тасвир барои кушодани хислати қаҳрамонҳо мифтоҳи маҳорати ҳар нависанда аст»,- менависад Белинский. Чунин тасвир ва сураткашӣ бо сухан аз Унсурӣ то Лоиқ қариб дида нашуд:
Тамошогаронро ба соҳил, ки дид,
Ҳубобони рӯяш чу чашме кафид.
Равон буд дарё чуноне ба шаст,
Ки шуд пасту боло чу оҳуи маст.
Касе кард гӯё зи бандаш хабар,
Ки мезад ба ҳар сӯи соҳил ба сар.
Манзараи сари «одами оҳанинпо» нишастани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дигар кардани маҷрои Вахш мисли лаҳзаҳои ҳаяҷонбахши наҷоти ғарқшудагони киштии «Титаник», ба кайҳон паридани Юрий Гагарин, тасвири адиб Фенмор Купер лаҳзаҳои ром кардани аспҳои ваҳшии биёбонҳои Колорадо ақл, идрокро дар ҳолати шок (мадҳушӣ) қарор медиҳад. Ҳама гумон мекарданд, ки Пешвои миллат рамзӣ тракторро дар мегиронанду як-ду бел хоку шағал ба маҷрои дарё равон намуда, таҳти қарсакзаниҳо майдонро тарк мекунанд. Аммо чунин нашуд. Пешвои миллат то маҷрои дарёро дигар накарданд, аз трактор берун нашуданд:
Шуд он лаҳза пайдо барои набард,
Лаби рӯд гӯё, ки як шери зард.
Ҳамон шер на, балки булдозер аст,
Сари бел пурсангу омад ба шаст.
Набарди бубастани дами рӯди Вахш,
Шуд оғоз охир, чӣ умедбахш.
Ба булдозери зард вақти набард,
Нишаст он далери писандида мард.
Биёварду бурду пасу пеш кард,
Ба ҳар бол сангу шағал беш кард.
Дар он рӯзҳое, ки достон аз сафҳаҳо ба дилу тафаккури мардум мекӯчид, сиёсатмадор Қодир Қосим аз табаддулоти маънавии адабии аср вокуниш намуд «Аз корномаи НБО «Норак», «Қайроққум», «Помир — 1» садҳо роман, достонҳо офарида шуданд. Яъне, ба ҳар мегаватт даҳ китоб, аммо аз бузургтарин иншооти асри ХХI, баландтарин сангари об, бидуни Давлат Сафар, ҳамаи 3 ҳазор эҷодкори зиёии мо хомӯшанд.
Барои нақби хаёлии кӯҳи бесутун шӯҳрати Фарҳоди афсонавӣ пайдо шуд. Шукри беҳад, ки ҳоло мо 16 ҳазор Фарҳоди воқеӣ дорем. Фақат фарқ дар он аст, ки Фарҳоди афсонавӣ танҳо барои висоли Ширин ҷон фидо кард. Аммо қаҳрамонҳои «Достони Роғун» ҷонфидои миллат, Ватан ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд:
Меҳнати Фарҳоди кӯҳкан шудьфасона баҳри ишқ,
Сад ҳазор Фарҳоди мо шуд ҷонфидои ин Ватан.
Нахустин барномаи амалии Сарвари давлат ин сохтмони НБО «Помир — 1» буд. Бо вуҷуди нооромӣ Пешвои миллат ба Бадахшон сафар намуда, барои бунёдкорӣ ва созандагӣ замина фароҳам оварданд. Соли 1997 неругоҳ ба истифода дода шуд. Ҳамон вақт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Ба бахти мардуми Тоҷикистон ин неъмати бебаҳо-дарёҳои серобу захираҳои гидроэнергетикӣ дар сарзамини мо баръакси бисёр кишварҳои дигар ба таври худодод фаровонанд.Тоҷикистони имрӯза аз ҷиҳати захираи қувваи барқ дар ҷаҳон ҷои намоёнро ишғол мекунад».
Ҳамон лаҳзаҳо коргари қаторӣ бо муҳаббати самимӣ ба Пешвои миллат бо шеър арз намуд:
Зи файзи кори ӯ ғам дур мегардад,
Зи иқдоми наҷибаш рӯдҳо пурнур мегардад.
Касе гар шиква орад з-ин фидокорӣ,
Ба назди аҳли дунё кӯр мегардад.
Мо бояд дар дарсҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба наврасон ин наворро чун дасти мадади Пешво омӯзонем. Даврони шӯравӣ як соат кори Владимир Илич Ленинро дар ҳашари Депои Москва 50 сол чун сабақ тарғиб мекардем. Пас, биёед, ҳар рӯз оғози меҳнати муқаррариамонро аз зикри ин шуҷоат оғоз кунем.
Ифтихор аз роғунсозӣ ва таблиғи роғунпарастӣ дар тафаккур ва қалби Давлат Сафар ҳанӯз аз сафари аввали Пешвои миллат ба сохтмони аср оғоз шуда буд. Бе амр бо далолати виҷдону имон аз шукӯҳи «Роғун» андеша мекарду дар дубайтиҳо ва рубоиёташ низ гоҳ — гоҳе фарёди ҳадафманд мебаровард.
Бӯсидани Парчами давлатӣ ва садоқати ҳизбиро дар бозии шеър Давлат Сафар моҳирона тасвир намудааст:
Хоб дидам, шаб ба рӯи синаам,
Чун нишоне ҳалқаи зулфи туро овехтам.
Бӯса кардам ҳамчу парчам
Гӯшаи рӯмоли алвони туро,
Ман шудам пайванди ҳизби ошиқӣ.
Мавсуф ба адабиёти муосир охири солҳои навадуми асри ХХ бе рақибу бе мунаққид шомил шуд. Нахустин маҷмӯаи шеърҳояш «Пайғоми ашк» соли 1998 ба табъ расид. Устоди дақиқназар Абдураҳмон Абдуманнонов маҳсули қаламашро чунин арзёбӣ кардааст: «Мо шод шудем, ки ӯ аз ҳаракат ба самти ҷодаи шеър берун нарафтаву кӯшиши пайроҳаи худро ба ин ҷода пайвастан дорад».
То имрӯз Давлат Сафар ба полези шеъри бегона чашм ало накардааст. Тариқат ва роҳи шеъраш ҷудогона мебошад. Ӯ ҳоло бори шӯҳрати рубоии муосири тоҷикро мекашад.
Давлати пояндаи шеъри номбурда тасвироти зиндаи ӯст.
Наҷмиддин ШОҲИНБОД,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон