Зикри хайр

Амри дилро бо қалам ба ҷо овард

№33 (4616) 06.03.2023

Абдулвохидов БҲангоме ки пайки хуши та­ҳияи маҷмӯаи хотироти дӯс­тону шогирдон, дар бораи ҳаёту рӯзгори шодравон Бобоҷон Абдулвоҳидовро шунидам, дар оинаи хотиротам симои марде ҳувайдо гардид, ки бо ҷавонмардиву футувват, дилёбиву дилшиносӣ ва меҳру дӯстӣ дар ҷомеаи муосири мо шуҳрат ва шаъну эътибори хоса касб намудааст. Ӯ шахсе буд, ки беҳтарин вижагиҳои як инсони комилро дар худ таҷассум мекард. Беҳтарин фазилатҳои инсониро дар суҳбатҳои самимиаш, дар муомилаи некаш, дар гӯши суханшунаваш, дар салобаташ, дар поквиҷдониаш, дар таҳаммулу нармгуфториаш шоҳид будем.

Номбурдаро аввалин маротиба соли 2001, замони дар курси дуюми факултети журналистика ва тарҷумонии ДМТ таҳсил намудан дида будам. Он вақт бо ташаббуси садорати факултет мулоқоти аҳли эҷоди рӯзномаи «Садои мардум» бо донишҷӯён доир гардида, маҳз ин ҳамоиш азми қисми зиёди онҳоро барои журналист шудан қавитар кард. Каме пас бо роҳнамоии устод Қироншоҳ Шарифзода якҷо бо ҳамсабақам Фарангис дар маросими таҷлили 10 — солагии рӯзномаи «Садои мардум» суханронӣ кардем. Ин вохӯрии дуюм бо қаҳрамони матлаб буд.

 Соли 2002 бо ҳидояту дастгирии журналисти соҳибном Ҳуринисо Ализода, ки каминаи донишҷӯро дар яке аз конфронс­ҳои марбут ба журналистика рабтдошта ба истилоҳ «кашф карда буд», шомили тими «Садои мардум» шудам. Мулоқоти аввал бо сармуҳаррир Б. Абдулвоҳидов ва супориши якум ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирам зудуда намешавад.

 Лозим ба ёдоварист, ки маҳфилу чорабиниҳои кормандон он вақт зиёд буданду сармуҳаррири рӯзнома гули сари сабад. Эътироф мекунам, ворид шуданам ба тими кормандони рӯзномаи «Садои мардум» чандон осон набуд. Ҳассостарин марҳила се моҳи санҷиш буд, ки бо дастгирии устодон Ҳ. Ализода, Қ. Шарифзода ва Қ. Мадалиев қадри имкон дар қолаби жанрҳои гуногуни журналистика матлаб иншо намудам. Табиист, ки марҳилаи фавқ зери назорати ҷиддии сармуҳаррир қарор дошту бо назардошти натиҷаи фаъолиятам дар бораи корманди рӯзномаи «Садои мардум» гардиданам фармон баромад.

Дар марҳилаи аввали корӣ борҳо аз маслиҳат ва дастгириҳои беғаразонааш бархӯрдор будам. Ӯ хислати хубе дошт: мақолаҳои журналистони ҷавони рӯзномаро хонда, беғаразона таҳлил мекард. Агар сарлавҳаашро дигар карданӣ шавад, муаллифро даъват карда, сабаби ивазшавии онро мефаҳмонд. Сабку услуби навишти муаллифонро нигоҳ ме­дошт. Кӯшиш мекард, ки мақолаҳоро бозпас нагардонад.

Тарзи роҳбарии номбурда ва муносибаташ ба кору фаъолият вижагиҳои худро дошта, дар ин замина, мутахассисони ҷавонро рӯҳбаланд месохт. Муҳим он аст, ки сармуҳаррир байни иштибоҳи корӣ, хунукназарӣ ва бепарвоӣ фарқият мегузошту пешниҳодҳояш баҳри ислоҳи онҳо ибратбахш буд. Дар ин давра шоҳиди суҳбатҳо, нутқу суханрониҳои номбурда будем. Саҳеҳияти баёну ифоданокии каломаш шоистаи таҳсин буд. Бо забони ноби тоҷикӣ ва мувофиқ бо меъёрҳои гуфтори адабӣ сухан мекард. Табиӣ ва ҳадафнок, бидуни истифода аз шева.

 Вижагии дигари Б. Абдулвоҳидов журналисти соҳибқалам буданаш маҳсуб мешавад. Бо вуҷуди сармуҳаррир будан аз иншои матолиби гуногунжанр даст накашид, баръакс яке аз журналис­тони фаъол буд, ки масъалаҳои гуногунро мӯшикофона ба риштаи таҳлил мекашид. Касбияти камназир, донишу фаросати воло, ҳисси баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ имконият фароҳам овард, ки беҳтарин очерк, мақолаву гузоришҳои ҷолиб эҷод кунад.

 Ба маънои томаш аз зумраи журналистони соҳибкасбу соҳибном буд. Умрро сарфи хидмати миллат намуд, баҳри ободии Меҳан талош варзид. Нафаре буд, ки баҳри бо некӣ мондани номаш шабу рӯз заҳмат мекашиду то вопасин лаҳзаи зиндагӣ дар сангари мардонагӣ қарор дошт. Меъёри асосие, ки ӯ қадр мекард, ин хоксорӣ ба ҳисоб мерафт. Нисбат ба зердас­тонаш на танҳо сахтгиру серталаб, инчунин, ҳалиму меҳрубон буд. Дар мавриди ғамхориҳояш мисолҳо хеле зиёданд, аз дастгириву таваҷҷуҳи ӯ ашхоси зиёде баҳравар буданд.

Бобоҷон Абдулвоҳидов, ки табиатан масъулиятшиносу сермаҳсул ва худогоҳу меҳандӯст буд, табиист, ки аз дигарон низ ҳаминро талаб мекард. Яке аз вижагиҳои дигари номбурда баробари хеле ҷиддӣ ва сахтгириаш, зиндадил буданаш маҳсуб мегардид. Ҳазлу мутоибаҳои қаҳрамони матлаб камназир буда, дар ҳолатҳои зарурӣ ба хотири болида сохтани хотири ҳамсуҳбатонаш садо медод.

Аз давраи роҳбариаш дар рӯзномаи «Садои мардум» бар­ъалост, ки ҳамчун роҳбар шахси кордону варзида буд. Маҳз бо ибтикори ӯ дар рӯзномаи «Садои мардум» қаламкашони дар журналистика тавонманд ва дар ҷомеа маҳбубу муътабар ҷамъ омада буданд. Бо як нигоҳ ба бастаҳои солҳои аввали рӯзномаи «Садои мардум» метавонем ба ин гуфтаҳо итминон пайдо кунем.

Замони роҳбарии Б. Абдулвоҳидов ба рӯзномаи «Садои мардум» қаламкашоне ба кор ҷалб гардиданд, ки ал­ъон аз зумраи соҳибмактабон ва номбардорони журналистикаи тоҷиканд. Ба ҷуз ҳирфавият дар вуҷуди ҳар як корманди интихобкардаи ӯ ҳисси худшиносиву меҳанпарастӣ ҷӯш мезад ва тавре аксарият мегӯянд, ягона хоҳишаш аз кормандон ҳамин будааст, ки танҳо доири баҳамоии миллат нависанд.

Рафтору гуфтору амалҳои сармуҳаррир барои ҳар як инсони дорои ақлу заковат мактаби бузурги ахлоқи ҳамида, одоби баланди инсонӣ буд. Ҳатто сухани одитаринаш, ки гирди лабони пур аз табассумаш нақш мебаст, кулли ҳамдигарнофаҳмиро рафъ мекард.

Хушбахтона, рӯз то рӯз ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар сулҳу ваҳдати комил пойдор асту зиндагӣ рӯз то рӯз беҳбудӣ меёбад. Дар ин радиф мақому манзалати рӯзномаи «Садои мардум» низ тамоюли болоравиро касб намуда, сафи хонандагонаш рӯ ба афзоиш аст.

Итминони комил дорам, ки рӯҳи собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Бобоҷон Абдулвоҳидов ин ҳамаро мебинаду меболад ва мефахрад…

Далер Абдулло,

«Садои мардум»