Ёде аз депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон дар ҳафт даъват (аз сеюм то нуҳум) Сироҷиддин Исоев
Барои ноил шудан ба пешрафту шукуфоӣ мавҷудияти заминаҳои моддӣ ва маънавӣ зарур мебошанд. Агар академик Бобоҷон Ғафуров аз як тараф, бо китоби «Тоҷикон» барои худшиносӣ замина гузошта бошад, аз ҷониби дигар, истиқлоли иқтисодии кишварро зарур мешуморид ва дар ин роҳ корҳои судмандеро ба роҳ монд. Чунончӣ, барои амалӣ кардани ин мақсад Б. Ғафуров як гурӯҳ ҳамфикронро интихоб намуд, ки истеъдоди корбарӣ доштанд ва кишварро ба истиқлоли иқтисодӣ наздик бурда метавонистанд. Масалан, ба азимтарин ноҳияи ҷумҳурӣ, ки Туғаланг ном дошта, баъдан номи Колхозободро гирифт (айни ҳол ба се ноҳия — Ҷалолиддин Румӣ, Ҷайҳун ва Дӯстӣ тақсим шудааст), нафареро роҳбар таъин намуд, ки ӯро ҳаматарафа шинохтаву омӯхта буд. Ин шахс Сироҷиддин Исоев буда, охири солҳои бист ва оғози солҳои сӣ аз зодгоҳи дурдасташ як гурӯҳ ҷавононро ба водии Вахш оварда, барои ба заминҳои корам табдил додани дашту найзор сахтиву кулфатро аз сар гузаронида, дар натиҷа, ба фатҳу шодоб кардани ҳазорҳо гектар мушарраф гардид.
Дере нагузашта ноҳия аз бузургтарин навоҳии пахтакор гардид. Бештари пахтаи маҳиннахро он ҷо ба даст меоварданд ва пахтаи маҳиннахи шӯравӣ низ дар водии Вахш парвариш меёфт.
Пахта ба монокултураи асосии ҷумҳурӣ табдил ёфта, барои васеъ кардани заминҳои кишти он кор бо ҷӯшу хурӯш идома дошт. Дар роҳи ба вуҷуд овардан ва васеъ кардани заминҳои ин зироат калимаҳои «мумкин нест», «мамнӯъ» ё «намешавад» аз миён бардошта шуда буд. Вале маҳз он солҳо сарвари намунавии ноҳияи Колхозобод Сироҷиддин Исоев якуякбора бо кори «хилоф» даст зад, ки ҳамаро ба ҳайрат овард. Ӯ кушодани қитъаи заминро барои пахтакорӣ манъ кард.
«Исоев солҳо роҳбарӣ карда, аз худ рафтааст ва акнун зидди пахтакорӣ мехезад! Ҳол он ки пахта барои Иттифоқи Советӣ обу ҳаво барин зарур аст!», — изҳор медоштанд як идда роҳбарони онвақта. Баъзеҳо масъалаи аз вазифа сабукдӯш кардани ӯро низ ба миён гузоштанд.
Асоси рӯйдод он буд, ки теппаро барои замини ояндаи пахта ҳамвор мекарданду сарвари ноҳия С. Исоев ба мақсади аз назар гузаронидани рафти корҳо ба он ҷо омада, баногаҳ пеши бели трактор ва миёни хокҳои навканда сафолреза ва пораҳои девори нақшдорро мушоҳида намуд. Дар ҳар ҷойи дигари қитъа низ чунин сафолпораҳо ба назар мерасид. Фармуд, аз кор биистанд ва илова кард: «То ман омада нагӯям: «Корро давом диҳед, заминкушоӣ хобонда мешавад!».
Даҳҳо трактор аз кор монд, «замини нав» нимҳамвор меистод. Барои хобондани кор, ки барояш ҳазорҳо сӯми давлат масраф шуда буд, С. Исоевро ба муҳокима кашида, фишор оварданд. Вале сарвари ноҳия қотеъона барои идомаи кор иҷоза намедод ва овоза шуд, ки «барои ин саркашӣ» ҳатман аз вазифа ронда мешавад.
Дар ин миён С. Исоев сафолпора ва қисматҳои деворнигораҳоро ҷамъ оварда, ба Маскав барои академик Бобоҷон Ғафуров, ки он замон директори Институти шарқшиносии Иттиҳоди Шӯравӣ буд, фиристод. Академик Ғафуров онҳоро аз назар гузаронида, ба ҳаяҷон омад, охир пеши назараш бозёфти нодири археологӣ меистод. Таъҷилӣ кормандони Институти археологии ИҶШС-ро аз Ленинград ба ҷойи воқеа равон кард. Сипас, худаш ҳам ба сафари хориҷа рафтанро мавқуф гузошта, ба Тоҷикистон омад.
Ҳамин тавр, нуқтаи нави таърихӣ пайдо гардид, ки аз кӯҳандиз, шаҳристон, работ ва қабристон иборат буд. Баъдан академик Бобоҷон Ғафуров симпозиуми ҷаҳонии «Таърихи давраи кушониён»-ро бо василаи Академияи илмҳои ИҶШС дар Душанбе доир намуда, олимони ҷаҳонро, ки ба симпозиум даъватӣ буданд, ба Колхозобод ҳам овард, то ки нуқтаҳои асосии кушоншиносиро бинанд. Он қитъаи муҳим, ки бо хирад ва дурандешии Сироҷиддин Исоев кашшофӣ гардида, аз нобудшавӣ эмин монд, аз 13 гектар иборат буда, Кофирқалъа ном дошт.
Албатта, ба онҳое, ки тоҷиконро бе гузашта ва бе таърихи пуршарафи собиқа ҷилванамоӣ кардан мехостанд, кори С. Исоев сахт расид. Аз ин рӯ, бо баҳонаи «хиёнат дар соҳаи пахтакорӣ» ва сабабҳои сохтаи дигар ба ӯ фишор оварданд. Ҳарчанд ноҳияе, ки вай сарвар буд, аз ҷиҳати ҳосили пахта (аз ҳар гектар) на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз аввалинҳо ба шумор мерафт. Аз ҷиҳати кушодани заминҳои нави кишти пахта низ пешсаф буд.
Фақат ба академик Бобоҷон Ғафуров муяссар гардид, ки С. Исоевро ба вазифаи сарвари ноҳия барқарор кунад. Ин корро, аз Маскав истода, ба василаи КМ ҲКИШ, ки сарвари асосии давлати Шӯравӣ буд, амалӣ намуд.
Ҳамчунин, Б. Ғафуров аз захираи КМ ҲКИШ, ки танҳо барои аъзои Политбюро ва шахсони хосу аввали давлат истифода мешуд, доруҳои заруриро дастрас намуда, ба С. Исоев фиристод.
Бо доруҳои фиристодааш Ғафуров нома ҳам навишт, ки чунин сатрҳо дошт: «Инсони бузургвор! Чун шумо нодиртарин нуқтаи археологиро кашф ва ҳимоя карда тавонистед, бароятон нодиртарин доруҳо ирсол карда мешавад… Ба умеди шифои комили Шумо — Бобоҷон Ғафуров».
Котиби аввали онвақтаи Тоҷикистон Ҷаббор Расулов таъкид карда буд:
«Исоев фазилатҳои наҷибе дорад, дар муносибат ба мардум баинсоф аст. Баробари ин, ҳақгӯии ӯ одамонро ба ҳайрат меоварад. Исоев, муқаддам аз ҳама, ба худаш серталаб аст. Вай барои фатҳи қуллаи мақсуд аз таҳи дил мекӯшад. Лаёқати волои кордонӣ дорад. Вай бо одамоне муросо намекунад, ки ба кори халқу миллат ва ҷумҳурӣ хунукназару бемасъулиятанд. Ман дар ҳаётам Сироҷиддин Исоев барин шахси хоксору роҳбари одиро вонахӯрдаам. Роҳи тайкардаи Исоев барои мо ҳамчу мактаби ибрат аст. Мо кори он кас, одамгарии он касро бояду шояд омӯхтанамон ва ба ҳаёт ҷорӣ карданамон лозим…».
Лозим ба ёдоварист, ки бо роҳбарии Сироҷиддин Исоев 8 хоҷагии (колхози) азими пахтакорӣ, 2 хоҷагии ситруспарварӣ, 11 муассисаи сохтмонӣ, заводи пахтатозакунӣ ва нафту битум ва пивопазӣ таъсис ёфтанд. Ҳамчунин, стансияи таҷрибавии маҳсулоти субтропикии Вахш ривоҷ пайдо кард. Хоса, лимӯи Тоҷикистон, ки ҳоло аз он ифтихор мекунем, бо талоши ӯ дар водии Вахш пайдо шуда, парваришаш ривоҷ ёфт.
Барои хизматҳои шоён Сироҷиддин Исоев бо чор ордени Ленин, Инқилоби Октябр, Байрақи сурхи меҳнат, Нишони фахрӣ, се медал сарфароз гардид. Инчунин, ҳафт даъват (даъватҳои 3-9) депутати Шӯрои Олии РСС Тоҷикистон интихоб шуда буд.
Зимнан, дар Иттиҳоди Шӯравӣ кам буд шахсе, ки дар як ноҳия аз даҳ ё понздаҳ сол зиёд роҳбарӣ карда бошад. Аммо Исоев 33 сол роҳбари аввали ноҳияи азими Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ин баъзеҳоро ба ҳайрат меовард ва идораҳои боло ҳам барои аниқ кардани ин асрор тафтишгар мефиристоданд, то дар кори ӯ камбудӣ ёбанд. Аммо онҳое, ки ба тафтиш меомаданд, танҳо муваффақиятҳои кори С. Исоевро шоҳид шуда, сарвари ноҳияро намунавӣ дармеёфтанд.
Ҳарчанд бо сарварии ӯ ҳар сол дар ноҳия даҳҳо бинои азими маишӣ, маданӣ ва садҳо хонаи истиқоматӣ ва ҳавлиҳо сохта шуд, вале С. Исоев барои худ манзили хоксоронаро кифоя медонист ва он ҷо ҳамроҳи хонавода ва фарзандонаш умр ба сар мебурд.
Фақат, баъди он ки барои ахлоқи покизаву ҳамида ва хоса фидокориву хизматҳои бебадалаш ба С. Исоев унвони олии Иттиҳоди Шӯравӣ — Қаҳрамони меҳнати сотсиалистиро доданд (он солҳо кам мешуд, ки дар ИҶШС ба сарвари ноҳия чунин унвонро бахшида бошанд), бо фармони КМ ҲК Тоҷикистон ва шахсан бо фармудаи Ҷаббор Расулов ба ӯ дар як порча замин хонаву ҳавлии нав сохта ҳадя намуданд.
Аз марги ин марди беҳамтову нотакрор солҳои зиёд гузашта бошад ҳам, мардум то ҳанӯз дар борааш ривояту саргузаштҳо доранд, ки бозгӯи зиндагии наҷибонаи ин шахси меҳнативу фидокор аст. Ба зодрӯзи Сироҷиддин Исоев бошад, саду даҳ сол пур мешавад. Дар соли таҷлили ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ ёд овардани чунин нафарон кори хайру савоб мешуд. Зеро ёдбуди Исоев барин фидоиёни меҳнат ба насли нав хотиррасон мекунад, ки дар роҳи меҳан ва истиқлолияти иқтисодии он кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Умед дорем, ки Боғи фарҳангии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (яъне маркази собиқ ноҳияи Колхозобод), ки нимпайкараи Сироҷиддин Исоев он ҷо дар миёни гулгаштҳо бунёд шудааст, «Боғи Исоев» номгузорӣ мешавад.
Шераки ОРИЁН,
нависанда