Ҳамсози дарё

№86 (3880) 12.07.2018

(Лавҳа)

Ҳунар ва ҳунарманд мисли дарё ҳастанд. Ҳар ҷо ки чашмае аз ҳунар ҷӯш мезанад, он ҷо дарёи ҳунар ҷорист, боғи дилҳо шодобу хуррам ва нахли ҷонҳо сабзу боровар хоҳад буд.

Ӯро мардуми деҳоти атроф мешиносанд: марди ришу мӯйисараш расида, либосҳои кӯҳна дар тан, аз субҳ то шом сари роҳи мошингард бо рубоби шикаста моҳирона менавозаду сурудеро замзама мекунад.

Ҳамин қадар мешиносанд ӯро мардуми атроф. Дар ҳоле ки аксарият аз созу навояш баҳраманданд, ӯро ба пашизе намехаранд, масхара мекунанд, девона мегӯянд.

Ӯ девона нест, вале ба назари баъзеҳо девонааҳвол менамояд: пайи пулу мол намедавад, либосҳои фохира намепӯшад, тиҷорат кардаву хонаву дари боҳашамат намесозад, мошинҳои гароннарх харидаву бо карруфар сайр намекунад…

«Магар одами солиму боақл зиндагиро як сӯ гузошта, соли дароз рубобнавозиву сурудхонӣ карда мегардад?». «Ба бародаронаш нигоҳ кунед, ҳама соҳиби зиндагӣ, хонаву дар, зану фарзанд. Ӯ чӣ?», — ҳамин хел меандешанд мардум.

Чанд садсола пеш Бедил гуфта буд:

Эътибори халқ Бедил дар либос афтодааст,

В-арна хун яксон бувад дар гардани товусу зоғ.

Бале, дар замони шоир мардуми дунё ба либос, ба зоҳир нигоҳ мекардаанд, ҳанӯз ҳам ҳамин гуна назар доранд…

Ӯ ҳамон рубоби шикастаашро моҳирона менавозаду замзама мекунад:

Эй чархи фалак, харобӣ аз кинаи туст,

Бедодгарӣ шеваи деринаи туст,

Эй хок, агар синаи ту бишкофанд,

Бас гавҳари қимате, ки дар синаи туст…

Вай ёд надорад, ки кай ва чӣ тавр навохтани рубоб ва сурудхониро омӯхт, фақат медонад, ки менавозаду месарояд. Ҳанӯз писарбачаи наврас буд, ки вақти бомдод бародаронаш ба дасташ асо ва рубоби куҳнаро (бо пофишориаш) медоданду аз паси рама ба чарогоҳ «ҳидоят»-аш мекарданд. Ангуштҳояш рӯи торҳои рубоб медаванд ва оҳангҳои гуногун иҷро мешаванд.

Чарогоҳ он сӯи роҳ, дар соҳили дарё воқеъ шуда. Ӯ рамаро ба чарогоҳ бурда, сари роҳ машғули навозиши рубоб мешуд.

Мошинҳо пайи ҳам мегузаранд, мисли ҳамон дарё, ки хати роҳ лаб-лаби соҳили он кашида шуда. Дарё ҷон дорад, рӯҳ дорад, дил дорад! Чунон менамояд, ки танҳо қуллаҳо, талу теппаҳои канори дарё «саф баста» бо сукути гарон таронаашро мешунаванд.

Аммо дарёи равонро аз ин зиёне нест, ба дилаш бори гароне нест. Равон асту равон, бо созу навои ҷовидон…

Ӯ сари роҳ як-як ба мошинҳои замонавӣ, ки аз пешаш мегузаранд, назар мекунад: ин қуттиҳои шаклан ва ҳаҷман мутафовут, ки медаванд, саропо аз оҳананд! Аммо роҳгузарон чӣ? Магар онҳо ҳам?..

Ӯро ҳамон дарё таскин мебахшад. Аз қаъри кӯҳҳои осмонхарош қатра-қатра, чашма-чашма, шоха-шоха ҷамъ шуда,  равон аст. Ҳеҷ чизе садди роҳаш шуда наметавонад, ҷорист бошитоб. Ва шодоб аст соҳилҳояш, сабзу хуррам аст ҳар ҷое, ки мерасад оби дарё!

Ӯ ҳам мисли оби равон рубоб менавозаду суруд замзама мекунад. Ҳар кас мехоҳад, метавонад, бишнавад таронаҳои ӯро, нахоҳад, не. Умри инсон худ як тарона аст дар ҳар замона: оғоз, авҷ, анҷом дорад.

Ӯ аз овони наврасӣ бо дарёст, чун дарёст. Ӯст ҳамсози дарё ва дарёст дамсози ӯ.

Ва ҳанӯз ҳам…

Ҳанӯз ҳам либосҳои куҳна дар тан аз субҳ то шом сари роҳи мошингард бо рубоб сурудеро замзама мекунад.

Ӯ дигар он писарбачаи наврас нест, акнун мардест солдида, вале бо ҳамон шӯру шавқ, ба қавли модараш, «бо ҳамон ишқи бачагӣ»-ст.

Пешаш ҳама яксонанд, миёни шоҳу гадо фарқе намегузорад. Барои ҳама месарояду менавозад. «Аммо, — меандешад ӯ, — чаро ҳама дил надоранд? Барои мисол, ҳамон марде, ки аз фарти фарбеҳӣ нафаскашӣ барояш гаронӣ мекунад. Ҳар гоҳе аз роҳ гузарад, «ягон суруди зӯр бихон» ё «фалон сурудро бихон», гуфта, фармон медиҳад. Вақте мехонам, мебинам, ҳис мекунам, ки гӯш намекунад, наметавонад гӯш кардан, хаёлаш ба ҷои дигар… Гоҳе рафтораш тамасхуромез. Ин тавр ки бошад, чаро фармон медиҳад, ки суруде хонам? Барои сиёсати худро ба дигарон нишон додан? Намедонам».

Гоҳ-гоҳе сари роҳ аз мошинҳои роҳгузар маълум аст, ки қисми зиёдашон меҳмон ва сайёҳони хориҷианд, ӯро «зиёрат» мекунанд. Яқин роҳнамоҳояш аз вуҷуди ӯ дар ин макон бохабаранду ҳунари ӯ барои меҳмонон падидаи мароқангезест…

Ӯ дар назди ҳама менавозаду месарояд. Баъзеҳо бо телефон, бархе бо камера ӯро наворбардорӣ мекунанд. Аббос ба он назар аст, ки онҳо ҳам мисли ҳама ӯро девона медонанд, шояд ин наворбардорӣ ҳам дурӯғ бошад. Шояд маро масхара мекунанд!..

На, ҳамааш воқеӣ будааст.

Дар саҳифаҳои интернет навори Аббоси Ревадӣ ҳангоми сурудхонӣ дар шоҳроҳи Душанбе – Айнӣ ва зери садои ӯ роҳҳои печ дар печи кӯҳистон ва қуллаҳои барфпӯшу теппаҳои сабзапӯш бо «пешгуфтор»-и яке аз сайёҳон  бо забони англисӣ пахш гардид.

Ин барои мардуме, ки ӯро мешинохтанд, таконе буд ва ҳушдор дод. Онҳо дар садои ӯ, дар навои рубоби ӯ садои дили худ, акси садои қуллаҳои сарбаландро шуниданд. Гӯё садо ва наво ба  мардуми олам аз қуллаҳои осмонбӯси Тоҷикистон, аз сарбаландиҳо ҳикоят мекард…

Рӯзибойи УМАР,

«Садои мардум»