Анъанаҳои наврӯзӣ дар Туркманистон

№36-37 (4298-4299) 20.03.2021

Novruz-Bayram-Turkmenistan-6Наврӯзи оламафрӯз ҷаҳонӣ шудааст ва дар бисёр кишварҳои Шарқ таҷлил мегардад. Вале барои миллати туркман ин иди баҳору соли нав аз қадимулайём ошност. Ҳарчанд дар Туркманистон танҳо аз соли 1992 расман иди миллӣ эълон гардидааст, ҳамеша чун иди миллӣ бо риояи аксар расму таомули қадима таҷлил мешуд.

Банда туркман ва фарзанди Туркманис­тонам. Дар он ҷо фарзандон, пайвандонам ба сар мебаранду ҳарчанд солиёни зиёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунам, бо Ватан ва пайвандонам робитаи қавӣ дорам, зуд-зуд меҳмон мешавам. Илова бар ин, дар донишкадае, ки кор мекунам, айни ҳол 49 нафар донишҷӯ аз Туркманистон таҳсил менамоянд.

Ҷашни Наврӯзро, ки бо забони турк­манӣ «Новруз» ё «Новруз байрами» меномем, дӯст медорам ва рамзҳову маъниҳои наврӯзӣ барои миллати мо низ хеле наздику арзишманданд. Ғалабаи нур бар зулмот, таҷлили фарорасии соли нав ва оғози корҳои деҳқонӣ, ки маъниҳо ва сабабҳои таҷлили ин ҷашнанд, барои миллати туркман бегона нестанд.

Чун ҷашнгирии расмии Наврӯз дар мамлакати мо дертар сурат гирифтааст, дар он ҳар сол баъзе аз дигаргуниҳо мушоҳида мешаванд, ки эҳтимол натиҷаи пажӯҳиши олимон ва омӯзиши анъанаву таомули наврӯзии кишварҳои дигар, аз ҷумла, Тоҷикистон, Эрону Афғонистон, аст. Бо вуҷуди ин, аз рӯи мушоҳидаҳо метавон гуфт, ки баъзе аз расму оини нав­рӯзӣ дар Туркманистон аз кишварҳои дигар тафовут доранд. Масалан, тантанаҳои Наврӯз танҳо пас аз маросими ниҳолшинонӣ, ки дар он ҳама мардуми кишвар — то Сарвари давлат ширкат меварзанд, оғоз меёбанд. Илова бар ин, дар базмгоҳҳои асосӣ баъзан шутурҳои бо қолинчаҳои рангину ороишоти гуногун зебдодашударо дидан мумкин аст. Ин ба он хотир аст, ки шутур барои миллатҳои кӯчӣ ҷонвари хеле муҳим ва қариб муқаддас маҳсуб меёбад.

Туркманҳо барои ҷашнгирии Наврӯз ба саҳро мебароянд ва хайма зада, онҳоро оро медиҳанд. Эҳтироми бузургсолон дар байни миллати мо хеле зиёд аст. Барои онҳо ҷойи махсус омода карда мешавад, ки роҳат нишинанд ва базмҳоро тамошо кунанд.

Меҳмононро бо сабзаи гандум ва шириниҳо истиқбол менамоянд. Яъне, таоми аввалини наврӯзӣ барои мо низ суманак аст, ки онро бо забони мо «семени» мегӯянд. Хони наврӯзии «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» низ дар тантанаҳои оммавӣ ва аксар манотиқи кишвар риоя мешаванд.

Тантанаҳои наврӯзиро дар Туркманистон бидуни мусобиқоти гӯштингирӣ (гураш) тасаввур кардан мумкин нест. Мусобиқаи дигар аспсаворист. Дар кишвар ба намудҳои варзиш бо асп таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар рӯзҳои ид бонувон низ ҳунари аспсавориашонро намоиш медиҳанд, ки базмгоҳҳоро ҳусну таровати бештар мебахшад.

Яке аз маконҳои ҷашнгирии оммавии Наврӯз водии зебоманзари Ахал аст, ки дар он ҷо бозори калон ва намоишу фурӯши ҳунари дасти ҳунармандони миллӣ аз ҳама гӯшаи мамлакат ташкил карда мешавад. Дар бозор, хусусан қолинҳои рангин, армуғонҳо, созҳои мусиқӣ, олоти меҳнат ва ороишоти гуногун ба намоиш ва фурӯш бароварда мешаванд. Дар як гӯшаи махсуси бозор ошпазҳои бомаҳорат таомҳои идона- Наврӯзкачча, Наврӯзбома, тандурлама, кабобу палав мепазанд. Ҳар ҷо — ҳар ҷо дегҳои суманак гузошта мешаванд. Ин бозор ба намоишгоҳи воқеии ҳунарҳои миллии ҳунармандони минтақаҳои Турк­манистон табдил ёфтааст. Чанд сол қабл дар доираи чорабиниҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ дар Туркманис­тон Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз тамошои базмгоҳҳои туркманҳо дидан намуда буданд.

Мисли баъзе аз минтақаҳои Тоҷикис­тон дар Туркманистон низ гули бойчечакро рамзи Наврӯз медонанд ва рӯзҳои ҷашнгирии он дар манзилҳояшон дастархони идона меороянд, ба табрики пайвандон, пеш аз ҳама, волидон мераванд. Ҷавонон дар ҳар деҳу маҳалла бод (ҳой) мераванд, рақсу хурсандӣ, оташпарак мекунанд. Мардум бар он боваранд, ки ҳар касе дар рӯзи Наврӯз аз болои оташ ҳафт маротиба ҷаҳида бигзарад, аз дарду мушкилиҳо раҳо ёфта, ба соли нав солим ва бо неруи тоза ворид мешавад.

Хуллас, миллатҳои тоҷику туркман дар фазои ягонаи тамаддунӣ қарор дошта, ба ҳам дӯсту қаринанд. Наврӯзи Туркманис­тон низ ҷашни қадимисту Туркманистон низ диёри Наврӯз аст ва ин ҷашн бо Наврӯзи тоҷикон пайванди қавӣ ва ногусастанӣ дорад. Мардум низ мегӯянд, вақте сухан аз некист, рафтор ва андешаву афкор ҳам неканд, ҳаргиз торикӣ бар равшанӣ пирӯз нахоҳад шуд.

Ҳамчун фарзанди миллати туркман мардуми диёри дӯсту бародар – Тоҷикис­тонро бо Наврӯзи оламафрӯз самимона таҳният мегӯям. Таманно дорам, ки дӯстию пайванди миллатҳо ҷовидона гардад.

Ибрагим ЯКУБОВ,

сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.

Раҳимов