Ҳамасола дар мамлакат Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ — «Андалеб» гузаронида мешавад.
Имсол бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали фестивал-озмун баргузор шуд. Даври дуюми он даҳаи аввали моҳи августи соли 2014 бо иштироки дастаҳои ҳунарии ғолиб аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар толори Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» доир мегардад.
Перомуни натиҷагирӣ аз баргузории даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ — «Андалеб-2014» раиси ҳакамони он, Арбоби ҳунари Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонов чунин ибрози андеша намуд:
-Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ — «Андалеб-2014» аз 19-ум то 24 майи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат, Рӯдакӣ, аз 27 то 29-уми май дар ноҳияҳои Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва 10 июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Аз 30 май то 6 июни соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт, аз ҷумла Тоҷикобод, Ҷиргатол, Тавилдара, Нуробод, Роғун ва Файзобод ҷамъбаст шуд.
Дар барномаи ҳунарии ин шаҳру ноҳияҳо кадрҳои ҷавони боистеъдод ширкат доштанд, ки онҳо барои идомаи таҳсил аз ҷониби ҳакамон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳа тавсия шуданд. Аз ҷумла аз шаҳри Турсунзода Анора Неъматуллоева ва Отабек Шокиров дар оянда ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов барои таҳсил пешбарӣ шуданд.
Барномаи ҳунарии ноҳияи Шаҳринав бо ансамбли созҳои миллӣ ва инъикоси анъанаҳои қадимаи фарҳангӣ хеле ҷолиб буд. Дар ноҳияи Ҳисор суруди анъанавии «Таронаи баёт», ғазали Абдураҳмони Ҷомӣ дар иҷрои Шаҳнозаи Иброҳим дар сатҳи баланд пешниҳод гардид ва аъзои ҳакамон ӯро низ ҳамчун чеҳраи нав барои идомаи таҳсил ба шуъбаи анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов тавсия доданд.
Дар ноҳияи Варзоб рақси яккаи «Зебосанам» дар иҷрои Меҳрона Мансурова ҳамчун бозёфт ва чеҳраи нав ба шуъбаи хореографии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода пешбарӣ гардид.
Дар Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат барномаи ҳунарӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир шуд. Суруди анъанавии «Фалак» дар иҷрои Ҳусноро Муҳиддинова, намоиши сару либос, рақси яккаи «Заргар» дар иҷрои Қаҳрамон Шералӣ бо маҳорати хеле баланд иҷро шуд.
Зимни тамошои барномаи консертии ҳунармандони ноҳияи Рӯдакӣ Саймуддин Саидов ҳамчун бозёфт дар оянда ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов пешниҳод гардид.
Бозёфти истеъдодҳои ҷавон зимни тамошои барномаи озмунии ҳаваскорони ноҳияҳои шаҳри Душанбе низ сурат гирифт.
Дар барномаи пешниҳодшудаи ноҳияи Тоҷикобод суруди якка «Овози рубоб» аз ҷониби хонандаи синфи 11 Садафмои Паҳлавон дар сатҳи баланд иҷро шуд. Ӯро барои таҳсил ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов тавсия намуданд.
Дар баробари ин, ҳайати ҳакамон 31 майи соли ҷорӣ барномаи ҳунарии ҳаваскорони ноҳияи Ҷиргатолро дида, ба чунин хулоса омаданд, ки барнома дар сатҳи паст қарор дошта, ҳангоми барномарезӣ талаботи низомнома риоя нашудааст.
Дуюми июни соли ҷорӣ дар Қасри фарҳанги ба номи Ҳоҷӣ Абдулазиз барномаи ҳунарии ноҳияи Рашт бо тарзи театрикунонида доир гардид. Суруди умумии «Усмонҷонуме» дар шакли акапела бо се овоз, бадеҳа «Обод кунем» дар иҷрои Умеда Ҷалилова ва Суҳроб Тошназаров, рақси «Ошпаз» дар иҷрои Маҳмадулло Ҳабибуллоев хеле ҷолиб буд.
Барномаи ҷолибу рангин дар қасри фарҳанги навбунёде, ки дар ноҳияи Тавилдара бо дастуру супориши Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо шакли меъмории хеле ҷолиб бунёд гардидааст, 3 июни соли ҷорӣ баргузор гардид. Рақси яккаи «Қошуқ» дар иҷрои Мунираи Раҷабзода, суруди анъанавии «Фалак» дар иҷрои Фуруғи Айниддин ва навои най ба тамошобинон писанд омад.
Аз суханони ҳамсуҳбатам бармеояд, ки 4 июни соли ҷорӣ барномаи ҳунармандони ноҳияи Нуробод дар сатҳи хеле паст баргузор гардидааст. Танҳо як суруди анъанавӣ «Гурғулӣ» аз ҷониби Мавҷуд Раҳматов дар сатҳи олӣ сароида шуд. Дар шаҳри Роғун панҷуми июни соли ҷорӣ рақси якка «Илҳоми завқ» бо табақ ва калтак дар иҷрои сокини шаҳри Роғун Додхудо Асоев ва навозиши якка «Гулрез» бо думбра дар иҷрои Сабринаи Мирзо — дастпарвари мактаби бачагонаи мусиқии шаҳри Роғун дар сатҳи баланд пешкаш гардид ва онҳо аз ҷониби ҳакамон ҳамчун чеҳраҳои нав муаррифӣ шуданд.
Дар ноҳияи Файзобод 6 июни соли равон барномаи ҳунарӣ бо шукӯҳу шаҳомат манзури тамошобинон гардонида шуд. Суруди якка дар иҷрои хонандаи синфи 10-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №33 Анораи Азиз ҳамчун чеҳраи нав ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, рақси якка дар иҷрои Иброҳим Каримов барои ширкат дар барномаҳои консертии ҷумҳуриявӣ тавсия гардиданд.
Зимни ҷамъбасти даври аввал аз вилояти Хатлон дастаҳои ҳунарии шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Фархор, Данғара, аз вилояти Суғд — шаҳри Хуҷанд, ноҳияи Зафаробод, аз ВМКБ — ноҳияҳои Шуғнон, Роштқалъа, аз шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва водии Рашт - Ҳисор, Ваҳдат, Рашт, Тоҷикобод, ба таври истисно ноҳияи Файзобод, аз шаҳри Душанбе — ноҳияи Сино ба даври ҷамъбастии фестивал-озмун, ки моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Таҳияи Х.ШАРИПОВ, «Садои мардум»