Роғун - арсаи нанг

Андар ситоиши кафшергарони НБО «Роғун»

№ 18.08.2022

IMG_20220804_111441Ба иншооти аср нисбат додани НБО «Роғун» як ташбеҳи сода нест, балки ҳикматест, ки пайғоме аз кохи нур меорад. Чанде пеш бароям муяссар гардид, ки ҳамроҳи ҳампешаҳоям ба НБО «Роғун» сафар намоям.

Ҳар қадаре ки ба иншоот наздик мешудем, ҳамон андоза ҳашамати он маро ба ҳаяҷон меовард. Ба нафароне, ки дар бунёди сохтмон саҳм мегиранд, аз самими дил аҳсан мехондам. Ҳамроҳонам, акаи Фарҳод, Некрӯз ва Муборакшоҳ, ки дар дохили ин нақбҳо ба гуфти худашон «калон шудаанд», аз чизе ҳарос надоштанд. Шояд ин аз он сабаб бошад, ки онҳо бо корҳои сохтмон аз наздик шиносанд ва дар бунёди ҳар нақб ҳузур доштаанду аз босифативу пойдории он бохабаранд. Дар ҳақиқат, Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои ҳар коргари он имтиҳони бузургест. Онҳо бо ҳисси баланди масъулият ҳар амалеро бо маҳорати хос иҷро мекарданд.

Шаҳомати иншоотро дида, қарор додам бо нафароне ошно шавам, ки дар НБО «Роғун» аз лаҳзаи аввал саҳм гузоштаанд. Роҳбаладон мегуфтанду ман ғарқи тамошои кори коргарон шудам. Чӣ қадаре ки бо корашон ошно мешудам, ҳамон андоза қаҳрамониашон дар назарам зиёдтар мешуд. Охир онҳо дили кӯҳро шикофта, роҳ кушодаанд, маҷрои обро дигар карда, ду агрегати иншоотро ба кор даровардаанд. Барои анҷоми ин кор на фақат пайваст кардани металлҳои гудохташуда, балки заҳмати зиёд сарф шудааст, ки дар паси он коргарони одии меҳнатдӯст истодаанд.

Шахсе бо шавқу шӯр ба пайваст кардани металлҳо машғул аст. Ӯ дар назар сарлашкареро мемонад, ки ба ҳар фарди навкор роҳнамою ёвар аст. Дасти якеро рост мекунад, кори нобасомони шахси дигарро ба охир мерасонад. Ба нафаре шӯхиомез мегӯяд, «бо металлҳо хушмуомила бошӣ, ба фармонат медароянд, ба ту итоат мекунанд».

 Лаҳзае ғарқи тамошои ин манзара шудам. Коргарон бароям ҷанговаронеро мемонданд, ки дар ақибгоҳ омодагӣ мебинанду пасон ба ҷанг мераванд. Онҳо коргарони ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» (ТГЭМ) буданду ба васлу насби дарвозаҳои нақбҳо шуғл меварзиданд. Чун фаҳмидам, ки онҳо пас аз андаке ба дохили нақбҳо мераванд, фурсат ёфта, бо он фидоии кори хеш ҳамсуҳбат гашта, доир ба касбу шахсияташ пурсон шудам. Ин марди ҳунар Маҳмадалӣ Табархонов мебошад, ки 15 сол дар сохтмони НБО «Роғун» кор мекунад.

- Аз хурдӣ ба кафшергарӣ ҳавас доштам. Маҳз ба ҳамин хотир, пас аз хатми мактаби миёна тасмим гирифтам, ки роҳамро дар ин самт идома диҳам. Ба шуъбаи кафшергарии Омӯзишгоҳи техникӣ дохил шудам. Имрӯз кафшергарӣ бароям на танҳо шуғл, балки касби дӯстдошта аст, — гуфт М. Табархонов.

Ӯ пас аз хатми омӯзишгоҳ муддате ба ронандагӣ машғул шуда, соли 2006 дар Заводи алюминийи Ҷумҳурии Қазоқистон ба ҳайси кафшергар фаъолият намуд. Он ҷо як сол кор карда, соли 2007 баробари оғози корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» ба Ватан баргашт. Дар ин коргоҳ аввал ба ҳайси кафшергар кор намуда, соли 2017 саркор таъин шуд. Вай то ҳол ҳамчун мураббӣ дар ҷодаи кафшергарӣ фаъолият дорад.

 Кафшергарӣ маҳоратест, ки аз сифати кори он сохтмони НБО «Роғун» зиёд вобаста аст. Бахусус, пойдории сохтмон ва бехатарии коргароне, ки дар ин иншоот кор мекунанд, натиҷаи маҳсули ин касб аст.

Маҳмадалӣ Табархонов аз интихоби касбаш розӣ буда, чунин гуфт:

- Корам ба ман писанд аст, хоҳиши самараноктар кор кардан ва ҳосилнокии меҳнатамонро афзун мегардонад. Бо рушди технологияи нав сатҳи касби мо низ боло меравад. Вале ман, аз он ки металлҳоро бо дастони худ пайваст месозам, лаззат мебарам.

 Боигарии асосӣ барои ҳар як инсон доштани саломатӣ аст. Бехатарӣ дар кори мо шарти аз ҳама муҳим ва аввалин аст. Барои аз шуо муҳофизат кардани чашм рӯйро бо сипар ва ё кулоҳи махсус мепӯшонем. Инҳо қоидаҳои ҳатмии кор мебошанд. Ҳарчанд вақтҳои охир, сарфи назар аз чораҳои эҳтиётӣ, эҳсос мекунам, ки чашмонам каме хаста шудаанд, аммо ин маро аз роҳам бознамедорад ва корамро бамаротиб хубтар иҷро мекунам. Хислате, ки дар ин касб лозим аст, ин матонату боварӣ ва пурсабрӣ бар он, ки шумо аз уҳдаи иҷрои кор мебароед.

Тавре қаҳрамони матлаб қайд намуд, се амале, ки онҳо дар касби худ доимо истифода мебаранд, якум, муносибати бошуурона ба кор, дуюм, маҳорат аст, ки он бевосита дар иҷрои кор ба даст меояд. Сеюм, дарки он, ки сохтмони иншооти бузурги аср НБО «Роғун» дар радифи дигарон ба сифати кори онҳо вобаста аст.

Кори кафшергарии сохтмони НБО «Роғун» дар ширкати ТГЭМ, ки на он қадар дуртар аз сохтмони нақбҳо ҷойгир аст, сурат мегирад. Баъдан, марҳилаи асосии кор дар дохили нақбҳои пӯшидаю торик иҷро мешавад. Онҳо бояд дарзро бенуқсон кафшер кунанд. Ҳар як хатоӣ, хунукназарӣ дар кор боиси оқибатҳои фалокатбор мегардад.

Қаҳрамони матлаб ба кафшергарон на танҳо нозукиҳои касбро меомӯзад, балки онҳоро бо қоидаҳои бехатарӣ ошно месозад. Ӯ пайваста таъкид менамояд, ки аввал аз ҷиҳати техникӣ худро муҳофизат намоянду пасон ба кор шурӯъ кунанд. Коргарон ҳангоми кор бо чеҳраи болида бо якдигар шӯхӣ карда, ба нафароне, ки таҷрибаи камтар доранд, ёрӣ мерасониданд. Боифтихор мегуфтанд, ки мо дар шароити гуногуни обу ҳаво баъзан то бевақтии шаб ё то пагоҳӣ кор мекунем. Барои мо ҳар рӯзи меҳнат, ҳар як қубури кафшершуда ғалабаи азим аст. Зеро ҳар як ибтикори бунёдкорон моҳиятан қадами устувор дар эъмори кохи нур маҳсуб мешавад.

Мафтунаи ҲИСОРӢ,

Душанбе — Роғун — Душанбе