Ба пешвози 140-солагии Садриддин Айнӣ

Ангорае дар мазори Айнӣ

№28 (3822) 03.03.2018

Айни (1)Дар мамлакат мазор­ҳое вуҷуд доранд, ки зиёратгоҳи хосу ом гаштаанд. Аксари онҳоро ба рӯҳониҳое нисбат медиҳанд, ки дар замонҳои гуногун ва номаълум зиндагӣ кардаанд. Дар бораи онҳо нақлу ривоят ва афсонаҳое вуҷуд доранд, ки ба аксари онҳо бовар намудан имконнопазир аст.

Мардум ба мазори бузургон эҳтироми хос доранд ва онҳоро чун азизону авлиё мешиносанд ва ҳамеша ба зиёрат мераванд. Ҳатто бархе пеш аз ҳаҷ рафтан баъзе аз мазор­ҳ­оро зиёрат мекунанд ва танҳо он гоҳ мутмаин мешаванд, ки роҳи зиёрати хонаи Худованд барояшон боз мегардад. Вале мақсад шарҳу баёни ин масъалаҳо нест. Мехоҳем дар бораи ду мазоре суҳбат кунем, ки шахсиятҳои бузурги таърихиву адабӣ — устод Рӯдакӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айниро ба оғӯш гирифтаанд.

Айни (2)Сарнавишти ин ду шахсияти барҷаста ба адабиёт, маърифат, илм, худогоҳиву миллатсозии мардуми тоҷик алоқаманд буда, дар ин ҷода хидматҳои беназир анҷом додаанд. Агар устод Рӯдакӣ дар саргаҳи адабиёти классикӣ чун асосгузор қарор дошта бошад, устод Садриддин Айнӣ сипаҳсолори адабиёти муосири мост.

Устод Садриддин Айнӣ барои Одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ низ баъди ҳазор соли даргузашташ хидмати бузурге намудааст. ӯ мазори устод Рӯдакиро пайдо кард, ки кори андаку сода набуд ва мушаххас намудани оромгоҳи устод Рӯдакӣ аҳамияти бузурги таърихиву миллӣ дошт.

Устод Садриддин Айнӣ дар ин бора 26 сентябри соли 1940 дар мактубе, ки ба Абулқосим Лоҳутӣ навишт, чунин гузориш медиҳад: «Устоди муҳтарам, рафиқ Лоҳутӣ!

то ҳол дар байни тазкира ва таърихчиёни Шарқ ва ҳам шарқшиносон дар бораи ватани Рӯдакӣ ихтилофе буд. Ӯро баъзеҳо аз Бухоро ва баъзеҳо аз Самарқанд мегуфтанд.

Ман аз рӯи тафтишоти охириам, аз рӯи як ривоят, ки ровиаш астарободӣ буда, дар Самарқанд зиндагонӣ карда, дар ҳамон ҷо баъд аз 60 соли вафоти Рӯдакӣ мурдааст ва қабри Рӯдакиро зиёрат кардааст, қарор дода будам, ки Рӯдакӣ аз Самарқанд аст, чунки ин ровӣ аз қарияи Рӯдаки Самарқанд мегӯяд.

Аммо ман дар паи тафтиши дар куҷои Самарқанд будани деҳаи Рӯдак афтодам. Дар наздикӣ, дар вақти ремонти ҳавлӣ, ба кори ман як мардикори моғиёнии фарбеҳе омад, ки аз райони Панҷакент аст. Ман аз вай номи деҳаҳои ба онҳо наздикро пурсидам, маълум шуд, ки Рӯдак ва Панҷрӯд-Панҷрӯдак (ҳамаи инҳо ба Рӯдакӣ дахл доранд) дар кӯҳистони Панҷакент будааст. Ман ин маълумоти ҳавоиро ба котиби райкоми Панҷакент навишта, тафтишро хоҳиш кардам. Котиби райком шахсан ба хонаи ман омада, ин маълумотро тасдиқ кард.

Ҳоло бо ташаббуси ман як экспедитсияи тадқиқотӣ аз тарафи базаи тоҷикистонии Академияи илмҳо ва Комиссариати маорифи Тоҷикистон ба он ҷо фиристода шуд. Умедворем, ки ин экспедитсия маълумоти равшани расмие биёрад.

Дар он сурат дар илм ва адабиёт як кашфиёти калон ба вуҷуд меояд.

Бояд тоҷикон аз ҳамин рӯз cap карда, барои 1952, ки дар вафоти Рӯдакӣ ҳазор сол пур мешавад, тайёрӣ бинанд. Аммо намедонам, ки чӣ кор карда метавонанд».

Аз ин мактуби устод Айнӣ чӣ тавр пайдо шудани оромгоҳи устод Рӯдакӣ маълум мегардад. Пайдо кардани мазор ва ҷашн гирифтани ҳазорсолагии устод Рӯдакӣ, ки аз назари Айнӣ хеле муҳим аст, дар мактуб бо ҷумлаи «аммо намедонам, ки чӣ кор карда метавонанд (тоҷикон)» хулоса мешавад.

Дар матни мактуби зикршуда устод пеш аз зикри матлаби дар боло овардашуда менависад: «Ӯзбекон як масал доранд, ки мегӯянд, «ғайратлидан имон қутулмас» (аз одами боғайрат имон халос намешавад»). Ин масал дар ҳаққи рафиқони туркман тамоман дуруст аст. Инҳо то инқилоб ҳаёти кӯчманчигӣ мегузарониданд. Аз тарбияи партияи Ленин чунон фоида бурданд, ки номи худро ба қатори миллатҳои мутамаддин дароварда тавонистанд. Аммо тоҷикон, ки маданияти чандинҳазорсола ва адабиёти ҳазорсолаи зинда доранд, бисёр суст меҷунбанд».

Аз ин навиштаи устод шояд ташвиши он кас аз фориғболиву бепарвогии зимомдорони вақт, ки ба масъалаҳои миллӣ чандон эътибор намедоданд, хулоса карда шавад. Аммо муҳимияти масъала дар он мебошад, ки устод Айнӣ ва ашхоси дилсӯзи дигар тавонистанд чунин кори муҳимеро сомон диҳанд. Оромгоҳи Одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар деҳаи Панҷрӯди Панҷакент кашф гашт, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон обод гаштааст.

Мақбараи Садриддин Айнӣ бошад, дар шаҳри Душанбе, дар макони сарсабзу дилафрӯз — «Боғӣ Айнӣ» қомат афрохтааст. Боғи Айнӣ макони сайру саёҳати сокинони пойтахт ва меҳмонони он мебошад. Аммо…

Чизе ҳаст, ки ба дил мисли хор мехалад. Чаро ба зиёрати мақбараи устод Айнӣ намеравем? Чаро аз хидмат ва эҷодиёти ӯ ба фарзандон қисса намекунем?! Чаро намегӯем, ки устод Айнӣ азизтарин ва бузургтарин фарзанди миллати тоҷик аст, ки чунин фарзанд дар садсолаҳо як бор ба дунё меояд?!

Хориам омад, вақте дар Боғи устод Айнӣ аз ҳафт ҷавон ҷойи мақбараи ӯро пурсидам, надонистанд. Дардовар буд вақте аз дувоздаҳ адибу равшанфикр дар алоҳидагӣ пурсон шудам, ки кай ба зиёрати мақбараи устод Айнӣ рафта будед, гуфтанд: «ҳеҷ гоҳ!».

Замоне ба зиёрати оромгоҳи Абулқосим Фирдавсӣ ба Тӯс рафта будам. Зоирон он қадар зиёд буданд, ки гумон мекардӣ чорабинии муҳиме аст. Одамон ҳамроҳи фарзандон ба зиёрат омада, дар гулгаштҳои он сайругашт мекарданд. Дар дӯкони китобфурӯшӣ «Шоҳнома»-и безаволро дар ҳар шаклу сифате пайдо кардан имкон дошт. «Шоҳнома»-ро мехонданду мешуниданд…

Дар мо чӣ? Ғами бузургоне чун Рӯдакиву Айниро Президенти мамлакат мехӯранд. Ба устод Айнӣ унвони Қаҳрамони Тоҷикистон доданд ва мақбараҳои Рӯдакиву Айниро обод намуданд, вале мо бепарвоем.

Ба мазори онҳое, ки намешиносем, намедонем чӣ коре кардаанд, чӣ осоре аз худ боқӣ гузоштаанд, ҳатто қурбонӣ мекунем, кулча пухтаву ширинӣ гирифта мебарем, дар ҳаққашон дуову фотиҳа мехонем. Агар касе дар шохи дарахте чанд латтаеро бандад, зуд зоирон пайдо мешаванд, назру ниёз меоранд.

Аҷаб мардуми содадил ҳастем. Баъзан на мазореро ба дурустӣ ташхис дода метавонему на худро. Саъдии Шерозӣ мефармояд:

Аз ҷон бурун наёмада ҷононат орзуст,

Зуннор нобуридаву имонат орзуст.

Фиръавнвор лофи аналҳақ ҳаме занӣ,

Он гоҳ қурби Мусии Имронат орзуст.

Аз ин рӯ, шинохтани фарзандони фарзонаи миллат, аз қабили устод Айнӣ, корномаи зиндагии онҳо воҷиб аст. То онҳоро нашиносем, худро намешиносем.

 ВОРИС,

«Садои мардум»