Ҳар гиёҳе, ки ба Наврӯз наҷунбад, ҳатаб аст

№36-37 (4298-4299) 20.03.2021

НАврузНаврӯз айёмест, ки таъсири хуршеди ҳаётбахш меафзояд. Табиати хобида рӯ ба бедорӣ ниҳода, дилрабову зеботар мегардад. Абри найсони баҳорӣ дашту даманро шодоб мегардонад. Чашмаву рӯдҳои софу хурӯшон бо беқарорӣ  ва ҷӯшу хурӯш ҷорӣ мешавад.

Абӯбакр Аҳмад ибни Иброҳими Ҳамадонӣ, маъруф  ба ибни Фақеъ ё ин ки Ёқути  Ҳамавӣ  дар асари «Китоб-ул-Булдон» фармудааст: «Дар Хуросон ҳама аз бузургу кӯчак ва фақиру ғанӣ ба одоб ва расму русуми Наврӯз пойбанд ва алоқаманд ҳастанд ва дар иҷрои суннати бостонӣ даст аз кор мекашанд ва айёму соати вақти худро сарфи айшу нӯш ва хурдании атъима (хӯрокиҳои) лазиз ва ширинӣ ва манқулот ва тафреҳу ханда мекунанд».

Боз дар ҷои дигари асар менависад: «Гандум ва адас сабз мекунанд, либоси нав мепӯшанд, об ба рӯйи якдигар мепошанд, исфанду уд месӯзанд, тухми мурғ ранг карда, порчаҳои рангоранг ва фаршҳои хуб нақшу зебо  ва ороиш медиҳанд. Пӯсти паланг, кашкулу табарзин ба дар меовезанд, рӯи якдигарро мебӯсанд, соли навро ба хешон ва дӯстони худ табрик мегӯянд, ба якдигар ҳадя медиҳанд».

Аллома Абӯ Исҳоқи Истахрӣ дар «Китоб-ул-ва-Алмамолик» нигоштааст: «Қитъаи Хурӯсон – аз марзҳои Чин то Бадахшон, то билоди мағриб, баҳри Хазар, Моварои Кавказ, Осиёи хурд то марзи Ироқу баҳри Араб тӯл кашида, Бадахшон (шаҳре кӯчактар аз Мунк бувад ва Хуталон дар миёни рӯди Вахшоб  (дарёи Вахш) ва рӯди Бадахшон (дарёи Панҷ) бо боғу бӯстон  ва оби равон бошад. Шаҳрҳои Хутал ин аст: Ҳаловард, Ловканд, Карбчик, Тамлёт, Анҷироб, Дашти Ҷам ва ғайра шаҳру рустоҳои Хуросон аст».

Ба қавли Абӯ Исҳоқи Истахрӣ, Хуросон аз вожаи (калимаи) Ҳур-хуршед-кишвари паҳновари тулӯи Офтоб мебошад. Дар ҳамин сарзамини паҳновари офтобрӯя, аз қадим мардуми Бадахшон, марзҳои шимоли кӯҳистони Хатлон, қаторкӯҳҳои Ҳазрати Шоҳ: ноҳияҳои Дарвоз, Муъминобод, Даштиҷум, мавзеи Терай ҷашни наврӯзи хуҷастаро бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн мегирифтанд. Аз рӯзҳои аввали  моҳи ҳут бачагон ва наврасон маросими «Гулгардонӣ» ташкил мекарданд. Бо сарулибоси идона — тоқии чакан, ҷома ё хилъати зарбофти беқасаб, миёнбанди гулдӯзӣ, шалвори ҳафтранги гулдӯзӣ дар по мӯза ё мукӣ пӯшида, баъди намози шом (тағриб) ба ду даста тақсим шуда, яке аз Шимол ба Ҷануб ва гурӯҳи дувум аз Шарқ ба Ғарб деҳаро давр мезаданд. Дар дасти ҳар кас асо, дар нӯги асо дастагули бойчечак, гули сиёвуш, гули зардак баста, бо садои тунбаку дафу сурнай таронахонӣ ва рақс мекарданд.

Дастаи аввал:

Гул гардонем, шохи гул гардонем,

Дар хонаи дӯсти худ мо меҳмонем.

Дастаи дувум:

Гул ба даст меравад, дасти ба даст меравад,

Гул ба нокас надиҳед, гул ба шикаст меравад.

Сокинони ҳар хонадон аз хонаву ҳавлӣ баромада, бо рақсу суруд онҳоро пешвоз мегиранд. Баъд аз анҷоми рақсу суруд ба дастаи гулгардон  як табақ ё 1-2  коса наск, нахӯд, гандум, мушунг медоданд.

Дар маросими Наврӯзӣ  моҳи ҳамал аз ҳадяҳои шаби «Гулгардонӣ» ғизоҳои наврӯзӣ тайёр мекунанд. Дар ибтидои моҳи ҳут ва рӯзҳои ҷашни наврӯзӣ: 18-19-20-21 март ё 25-30 моҳи ҳут ва 1-2 моҳи фарвардин маросими «Наврӯзчил кунда бисӯз» иҷро мешавад.

Дар аввал ва байни моҳи ҳут ба ҳашар баромада, наҳру ҷӯйборҳоро тоза ва чашмаҳоро шодоб мекарданд. Духтаракони  12-15 — сола нақши рамзӣ — «арӯсаки сол — Баҳор»-ро иҷро мекарданд. Бо умеду орзуҳои ширин аз шохаҳои маҷнунбед гулчанбар месохтанд.

Тайи чанд ҳафта  то иди Наврӯз хонатаконӣ мекунанд. Хонаҳоро бо гаҷу оҳак сафед карда, тамиз мекунанд. То шаби ид бояд ҳама гӯшаи хона ва ҳавлӣ тоза бошад.

Шаби чоршанбе бонувон «Бахткушоён» мекарданд. Дар лаби чашма, сабзаву марғзорҳо ё хами мазор модарону духтарон  базм ороста, бо садои чангу даф бадеҳа хонда, мерақсиданд. Дар зери дарахтон маросими «Алвончакпарӣ» то бегоҳ идома меёфт. Бонувон ба хонаи дугонаҳояшон  «идгардак» мерафтанд. Наврӯз дар мавзеи Дашти Ҷаму Терай – Давлатобод аз маросими «Дарвешона» то «Наврӯзи бузург» як моҳ идома меёфт. «Наврӯзи бузург» беш аз 5 рӯз буд. Аз рӯзи ҷумъа то чоршанбе идома меёфт. Дар ин айём пойгаҳи аспдавонӣ, бузкашӣ, гӯштӣ, бозиҳои «Ҷанги лагат», «Ало, ҷо ба ҷо маҳкам ҷо», «Гӯштобонак», «Хурӯсҷанг», «Таккаҷанг» ҳарифон пайдо мекард. Дар сарчашмаҳои Сосониён, Тахориён, Бохтариён ин бозиҳо сабт ёфтааст.

Рӯзу шабҳои Наврӯз ҳар касе аз хешон ва дӯстон кина дар дил дорад, оштӣ мекунанд. Дар мавзеи Терай ҷашни Наврӯзро иди ошиқону дӯстон — «Рӯзи ишқ» низ гуфтаанд.

Одамӣ нест, ки ошиқ нашавад вақти баҳор,

Ҳар гиёҳе, ки ба Наврӯз наҷунбад, ҳатаб аст.

Саъдӣ

Исматуллоҳи ЯЪҚУБЗОД,

рӯзноманигор