Арҷгузории қаҳрамонон камоли ҷавонмардист

№60 (4643) 05.05.2023

20220415_0952-1Бо ибтикори Ташкилоти ҷамъиятии «Маъюбони ҷанг дар Афғонистон» дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ғалаба конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Муҳим ва ҷолиб он буд, ки дар чорабинӣ як идда иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки мутаассифона, теъдодашон хеле кам боқӣ мондааст, ширкат варзиданд.

Чорабиниро раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Маъюбони ҷанг дар Афғонистон» Ҳикматулло Мирзоев оғоз намуд. Сипас, роҳбари бахши Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалист дар ноҳияи Сино, муовини раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Маъюбони ҷанг дар Афғонистон» Ибодулло Шарипов доир ба моҳияти ҷашни мавриди назар маърӯза кард.

Таъкид гардид, ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҷашн назари хос ва нек дошта, онро ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоянд. Аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 300000 нафар ҷавонмардони шуҷоъ иштирок намуда, зиёда аз 100000 нафарашон қурбон шудаанд.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки аз шумори тоҷикон нафароне, ки дар муҳорибаҳо таври бесобиқа қаҳрамонӣ карданд, хеле зиёд буда, чунин абармардон бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ шуданд. Аз шумори фиристодаҳои Тоҷикистон сазовори номи баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ шудани 63 нафар далели возеҳи гуфтаи болост. Корнамоиҳои фарзандони боҷасорати тоҷик Саидқул Турдиев, Тӯйчӣ Эрйигитов, Неъмат Қарабоев, Ҳодӣ Кенҷаев, Домулло Азизов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Исмоил Ҳамзаалиев ва ҳазорон нафари дигар муҳтавои асосии ҳазорҳо китобу достон, филмҳо ва мавзӯи тадқиқоти илмии таърихшиносон буду ҳаст.

Сафири фавқулода ва мухтори Федрат­сияи Россия Семён Григорев иқдомоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро вобаста ба қадршиносии иштирокчиёни Ҷанги Бузарги Ватанӣ ситоиш намуда, омили мазкурро яке аз василаҳои тақвиятбахши равобити Тоҷикистону Федератсияи Россия арзёбӣ кард.

Аз он нигаронӣ шуд, ки баъзе кишварҳое, ки он солҳо аз ҷониби фашистон забт шудаву онҳоро ҷанговарони шӯравӣ аз зулми фашистони истилогар озод намуда буданд, Иттиҳоди Шӯравиро агрессор меноманду фашис­тонро неруҳои озодгар.

Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ ба сухан баромада, ба Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои арҷгузорӣ миннатдорӣ баён намуданд.

Пас аз анҷоми қисмати ифтитоҳӣ сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия Семён Григорев ба онҳо туҳфа супорида, аз устувориву ҷасораташон ёдовар шуд.

Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз фоҷиаҳои мудҳиштарини таърихи инсоният ба ҳисоб рафта, қисмати аъзами кишварҳои оламро мувоҷеҳи мушкилиҳои гуногун намуда, ба иқтисодиёташон зарари калони молиявӣ расонид. Вақтҳои охир баъзе кишварҳо бо пешниҳод ва амалҳои худ, ки аз «манфиат»-ҳои мамлакатҳои алоҳида «маншаъ» гирифтааст, мехоҳанд воқеият ва моҳияти ин фоҷиаи мудҳиш, ки қурбон шудани зиёда аз 50 миллион нафарро ба дунбол дошт, таҳриф намоянд.

Хуб дарк менамоям, ки айни замон бархӯрди манфиатҳо дар арсаи байналмилалӣ миёни кишварҳои абарқудрат ба авҷи аъло расидаву дар ин «набард» аз тамоми воситаҳои «дастрас» истифода намудан ба манфиати кор арзёбӣ мешавад. Суоле пайдо мешавад, ки оё метавон дар заминаи аҳдофи муғризона «офтобро бо доман пӯшонид» ва «сафедро сиёҳ» гуфт?

Ба он назарам, ки тасмими кишварҳо ва афроди алоҳидае, ки мехоҳанд воқеияти ин фоҷиаро таҳриф намоянд, «душманӣ бо офтоб»-ро шабеҳ аст. Яъне, ин ҷашн самараи ҷоннисориҳои мардони ғаюр ва бонангу номус дар ҷодаи озодӣ ва ҳимояи Ватан аст.

344557130_213272791449140_6850995559954792850_nБозгӯии воқеият ва моҳияти ин фоҷиаи мудҳиш вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо муҳиму саривақтӣ ва заруру ногузир буда, дар пешгирии воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни насли наврас, тав­сеаи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ нақши бориз дорад.

Корро дар ин ҷода бояд тарзе ба роҳ монд, ки насли наврас дарк намояд, ки саҳми ҷавонмардони баору номус, яъне иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки ҷони худро ба каф гирифта, Ватанро аз фашистони разил таври шоиста ҳимоя намуданд, дар густариши ҳисси ватандӯстиву худогоҳӣ, ҳавасманд намудани ҷавонон ба ҳифзи марзу буми Ватан ҳамчун рукни асосӣ хеле муҳиму арзишманд аст. Дар ин росто, ҷавонон низ бояд муътақид бошанд, ки ғалабаи беназири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар ивази корнамоиҳои бемислу монанд, ҷасорату далерӣ ва шуҷоату мардонагӣ ба даст омада, самараи дӯстии халқҳо ва муборизаи оштинопазир бар зидди вабои аср — фашизм мебошад.

Дар мамлакат шумораи собиқадорону маъюбони ҷанги фавқуззикр рӯз то рӯз кам шуда истодааст. Боиси қаноатмандист, ки бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ин нафарон мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сохторҳои марбута қарор доранд. Дар ҳамин радиф, кумаку ғамхорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сиёсати иҷтимоии давлат самти афзалиятнок ба ҳисоб рафта, ин раванд мунтазам густариш ёфта истодааст.

Омили мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми кишвар ба ҳеҷ ваҷҳ ҷонбозиҳои ин далерони майдони набардро фаромӯш накардаанд ва Ҳукумати мамлакат таҳти ғамхории доимӣ қарор додани онҳоро вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад.

Дар маҷмӯъ, вазифадорем, ки эҳтироми ин нафаронро ҷой оварем ва хотираашонро пос дорем. Бо ин амали худ замина фароҳам меорем, ки моҳият ва муҳимияти ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ барои насли ҷавон сабақи зиндагӣ гардад.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»