Дар толори Театри халқии шаҳри Истаравшан бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ба муносибати 70- солагии Бердик Валерий Александрович маҳфили ёдбуд баргузор гардид.
Дар маҳфил муовини раиси шаҳри Истаравшан Хосият Фозилова, мудири шуъбаи фарҳанги шаҳр Абдуқаҳҳор Ҷӯраев, раиси Маркази фарҳангии русзабонон О.В.Любимов, муаллифи китоби «Соҳиби истеъдоди Худодод» Баротбой Ҷумъаев ва дигарон баромад карда, дар бораи хизматҳои шодравон В.А.Бердик дар пешрафти санъати тоҷик сухан ронданд.
Баротбой Ҷумъаев дар бораи ин марди фидоии роҳи санъат рисолаи хубе таълиф кардааст. Муаллиф менависад, ки соли 1974, ҳангоми омодагиҳои санъаткорони шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) ба фестивал- озмуни «Бӯстон-2», овозхони шинохта Ҷӯрабек Муродов бо мавсуф, ки мӯйҳои ғуллии тиллорангашро зери тоқии миллии тоҷикӣ пинҳон карда, дар тан ҷомаи беқасаб дошту бо забони тоҷикӣ фасеҳу гуворо сухан мекард, шинос шуд.
Номбурда ҳамон вақт гуфта буд: «Ӯро дигар Бердик нагӯед. Ӯро Худойдод номед».
Толори театр пур аз тамошобинон, ҳаводорон ва дӯстону пайвандони ин марди ҳунар буд. Ҷавонмарде, ки дар паҳлуи ман ашк мерехт, писари шодравон В.А.Бердик- Сергей Валерович Бердик будааст. Ӯ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, бино ба гуфти шоҳидони ҳол чопи китобу хароҷоти омодагии ин маҳфилро маблағгузорӣ кардааст.
Завҷаи Бердик- Нэлия Николаевна Погосян солиёни зиёд дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Истаравшан ба шогирдон аз фанни забон ва адабиёти рус дарс гуфта, урфу одатҳои мардуми таҳҷоиро риоя менамояд. Мавсуф ба дастандаркорони ин маҳфил арзи сипос карда гуфт, ки «Бердик падари меҳрубону шавҳари дилсӯз буд. Ҳарчанд соли 1995, дар синни 51- солагӣ моро гузошта рафт, вале ёди ӯ ҳамеша бо мост».
Баротбой Ҷумъаев дар суҳбат бо нависандаи ин сатрҳо гуфт: «Бердик Валерий Александрович дар шаҳри Истаравшан дар оилаи муҳандиси рус ба дунё омада, дар мактаб- интернати шаҳр таҳсил кардааст. Фаъолияти эҷодии хешро зери назари устодони асбобҳои нафасӣ- Куритсин Леонид Василевич ва Ротзиановский Евгений Александрович оғоз намудааст. Аз навозиши асбобҳои нафасии шайпур, кларнет, саксофон, баъдан аккордеон сар карда, баъд ба омӯзиши асбобҳои миллӣ, аз қабили рубоб, тор, най, карнаю сурнай ва ғайра пардохтааст. Ин марди соҳибистеъдод ягон мактаби касбии санъатро нагузашта бошад ҳам, соҳибҳунар буд. Ӯ дар баробари ташкили нахустин дастаҳои эстрадӣ дар шаҳр, яке аз асосгузорони театри халқии шаҳр ба ҳисоб рафта, дар даҳҳо намоишномаҳо, ба монанди «Калтакдорони сурх»-и Сотим Улуғзода, «Сияҳсавор»-и Боқӣ Раҳимзода, «Зафар»-и Раҳим Ҳайдар, «Орзу»-и Меҳрубон Назаров, «Шамшери бурро»-и М.Рабиев, «Хонаи ҷанг сӯзад»- и И.Усмонов, «Фариштаи бониқоб»-и Ҳоҷӣ Содиқ ва ғайра нақшҳои марказиро бозидааст. Ӯ ҳамчун роҳбари бадеии барномаи «Консерти дӯстии халқҳои СССР» якҷо бо ҳайати ансамбл дар шаҳрҳои Москва, Тбилиси, Фрунзе, Тошканд, Самарқанд, Бухоро, Боку, Таллину Вилнюс ва ғайра баҳри тарғиби санъати миллии тоҷик хизматҳои шоиста кардааст.
Имрӯз дӯстону наздикон ва шогирдони ӯ Наимҷон Маҳкамов, хотираи некашро пос медоранд.
Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»