Арҷгузории заҳмати қаҳрамони арсаи меҳнат

№66-67 (4649-4650) 19.05.2023

Бо иқдоми ҶСК «Энаҷон Бойматова»- и шаҳри Конибодом ба муносибати 100 — солагии  Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Энаҷон Бойматова маҳфили ёдбуд баргузор шуд.

Баъд аз бардоштани парда аз нимпайкараи қаҳрамони арсаи меҳнат раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода аз корномаи ин бонуи заҳматпеша ёдовар шуда, минҷумла гуфт: «Энаҷон Бойматова ба шарофати меҳнати ҳалолу поквиҷдонона ба гирифтани 5 ордени Ленин (1948, 1954, 1960, 1973, 1977), даҳҳо медалу орденҳои дигар ва ниҳоят ба унвони олии соҳаи меҳнат Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1960) мушарраф шудааст».

- Аз колхозчии одӣ то раисии колхоз расидан, ки онро 28 сол ба зимма ­дошт, далели раднопазири меҳнатдӯстиву пок­виҷдонӣ ва садоқат ба Модар — Ватан аст, — гуфт нотиқ.

Сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Маъруфҷон Шарифиён номаи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати 100 — солагии Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ Энаҷон Бойматова ба самъи ҳозирин расонд.

Дар маҳфили мазкур ходимони ҷамъиятиву давлатӣ ва ҳамсафону шогирдони Энаҷон Бойматова сухан карда, хотираҳои худро аз рӯзҳои ҳамкориашон бо раисаи номдор нақл карданд.

Раиси хоҷагӣ Шарифҷон Солизода, аз ҷумла чунин гуфт:

- Ифтихор мекунам, ки роҳбарии ин хоҷагӣ ба зиммаи ман аст. Аҳд кардем, ки шуҳрати хоҷагиамонро, ки замони сарварии Энаҷон Бойматова то 4000 тонна «тиллои сафед» истеҳсол кардааст (1980), барқарор кунем.

Фарзанди қаҳрамони матлаб Дилбархон Холматова барои қадршиносии заҳмати модараш ба роҳбарияти мамлакат, вилояту шаҳри Конибодом ва садорати хоҷагӣ арзи сипос намуд.

Дар фарҷом ҳунармандони Театри драмавии шаҳри Конибодом саҳнаро аз рӯзгори Энаҷон Бойматова намоиш доданд.

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»