Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1310 — солагии Имоми Аъзам (соли 2009) иброз доштанд, ки: «Масъалаи тарбияи ҷавонон ҷузъи муҳими сиёсати давлат аст. Дар ин самт мо бояд дарк намоем, ки пешравӣ ва ободии ҳар як ҷомеа, қабл аз ҳама, ба созандагиву эҷодкорӣ ва сатҳи донишу фарҳанги насли наврас ва ҷавонон вобастагии мустақим дорад. Аз ин нуқтаи назар, тарбияи насли донишманду дорои ахлоқи ҳамида, соҳибмаърифату бофарҳанг, созандаву эҷодкор ва ватандӯсту бонангу номус вазифаи муҳим ва аввалиндараҷаи ҳамаи мову шумост. Зеро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ миллат ва давлате мақоми муносиб хоҳад ёфт, ки фарзандони бедордилу огоҳ ва дорои хислатҳои ҳамидаи инсониро тарбия намояд».
Ҳолату рафтори баъзе наврасону ҷавонон гувоҳи он аст, ки аксар волидайн ин масъулияти муҳимро фаромӯш карда, дар тарбияи фарзандон фориғболӣ зоҳир мекунанд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таъкид шудааст, ки: «Таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад».
Воқеан, одамони хушахлоқ ба ҷомеа нафърасонанд. Маҳз, ҳамин қабил ҳамеша кӯшиш мекунанд аз доираи қонуну тартибот ва одамгарӣ берун пой нагузоранд. Беҳуда бузургони хирадмандамон ахлоқу одоби хубро тарғибу ташвиқ накардаанд. Носири Хисрав фармудааст:
Ҳаё бояд, ки дорад одамизод,
Ки лаънат бар вуҷуди беҳаё бод.
Дар фарҳангу суннати мардуми тоҷик аз қадим хушахлоқию боҳаёгӣ меъёри асосӣ ба ҳисоб меравад. Эътироф бояд кард, ки имрӯз насиҳат ба гӯши бисёриҳо намефорад ва баъзан насиҳатгӯро ақибмонда мегӯянд.
Аз як тараф, ин омил ба фориғболии волидон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа алоқаманд бошад, аз ҷониби дигар, таъсири тарғиби доираҳое низ ҳис мешаванд, ки бо ҳар роҳ мехоҳанд иқтидори давлатҳои дигарро заиф кунанд, монеаи пешрафт гарданд. Ба гуфти коршиноси рус Александр Самсонов, «элита» — мафияи космополитикӣ, фаромиллӣ ва ҷаҳонӣ ногузирии фалокат ва зиёдшавии аҳолии сайёра ва бартарӣ пайдо намудани ҷомеаи истеъмолиро ҳис намуда, дар назди худ вазифаи ба таври оммавӣ несту нобуд кардани инсониятро гузоштааст».
Имрӯз инсоният ба мушкилоти зиёд, минҷумла бемориҳои марговаре амсоли СПИД рӯ ба рӯ шудааст, ки омили асосии пайдошавии он бадахлоқист. Шоҳиди ҳол ҳастем, ки барои мардуми баъзе кишварҳои «пешрафта» риояи меъёри ахлоқӣ дигар роиҷ нест ва шарму ҳаё барин мафҳумҳо вуҷуд надорад. Боиси нигаронӣ аст, ки дар баъзе давлатҳо оилаи анъанавиро никоҳҳои якҷинса танг кардаанд, муносибатҳои маҳрамона байни ҳамҷинсон ҳодисаи муқаррарӣ шудааст, ҳатто барои ин кор онҳоро ҳавасманд мекунанд». Чунин «навгониҳо» бояд моро ба андеша водор созад ва нагузорем, ки он дар ҷомеаи мо низ роиҷ шавад.
Табиист, ки вақте инсон бешарму ҳаё шуд, ба иҷрои ҳар амали ношоям қодир аст. Мушоҳида мекунем, ки баъзан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ занону мардони беҳаё ишқварзӣ менамоянд ва нисбат ба ин амали онҳо дигарон бепарвоанд. Бадахлоқию беҳаёгиро ҳангоми муошират, тарзи либоспӯшӣ, барномаҳои консертӣ ва ғайра мушоҳида мекунем. Дигар гуфтаҳои Рӯдакию Саъдӣ, Бедилу Ҳофиз, Мавлоно Балхию, Ҷомӣ ва садҳо дигар бузургон барои ин гунаҳо аҳамият надоранд ё аз осори онҳо умуман огоҳ нестанд? Вагарна медонистанд, ки:
«Ҳар вақте ва ҳар ҳоле ва ҳар мақомеро одобе аст. Пас, ҳар кӣ муҳофизати одоб кунад, ба мақоми мардон расад».
(Ҳусайн Воизи Кошифӣ)
Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»