Зиндагӣ фосила байни оғозу анҷом аст ва дар ин фурсат ҳар касе баҳри коре офарида мешавад, то нақши мунире аз хеш ба ёдгор гузорад. Ба гуфти шоир:
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.
Дарки маънии зиндагӣ ва ҳақиқати ҳастӣ ба нафароне даст медиҳад, ки дар тинати хеш ҷавҳари пок дошта бошанд, то бо дарку ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бори имрӯзу фардоро ба дӯши хеш бигиранд. Хушбахтона, чунин нафарони покҷавҳару нексиришт тавассути амалҳои некашон дар қалбҳо ҷовидона маскан мегиранд.
Сарфи назар аз пастию баландиҳои рӯзгор шахсиятҳои хирадманду соҳибмаърифат дар ҷомеа ҳамеша соҳибэҳтироманд, зеро онҳо хушбахтии хешро дар саодати халқу миллат ва кишвар дониста, манфиати ҷомеаро аз нафъи худ боло меҳисобанд. Ба қавли Носири Хусрав марди соҳибхираду инсони донишманд мисли офтоб аст, ки баробари тулӯаш олами тираро фурӯзон месозад:
Шамс чун пайдо шавад, офоқ аз ӯ равшан шавад,
Мард чун доно шавад, дил дар бараш дарё шавад.
Яке аз шахсиятҳои дорои чунин хислатҳои наҷиб, устоди некуноми зиндаёд, риёзидони тавоно, доктори илмҳои физикаю математика, собиқ мудири кафедраи «Алгебра ва геометрия»-и Донишкадаи омӯзгории шаҳри Воронежи Федератсияи Россия, профессор Темур Собиров буд, ки бо хислату фазилатҳои инсониаш дар дилу дидаи мардум ҷой гирифта, хотироти некаш миёни дӯстону ҳамкасбон доимо вирди забонҳост. Бо вуҷуди он ки ин марди шариф байни мо нест, аммо ёди нек ва хизматҳои шоиставу арзандааш номашро ҷовидона доштаанд.
Устод Темур Собиров зодаву парвардаи деҳаи Сӯфиёни шаҳри Ваҳдат буда, олами тифлӣ ва дунёи бачагиаш дар ин диёри хушбоду пурфайз сипарӣ гардидааст. Бачагии ӯ ба даврони хеле сангини таърихи собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ, ба солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост омадааст. Баъди аз падар барвақт ятим мондан ӯро модари мушфиқ ва меҳрубонаш – момаи Азизмоҳ бо заҳмати гарон калон мекунад.
Мавриди зикр аст, ки ин модари мушфиқу меҳрубон сари танҳо тавонист ду нобиға — Темур Собиров ва устод Бозор Собирро ба камол расонад.
Пас аз хатми донишгоҳ ман тариқи роҳхат ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба кор фиристонида шудам. Дар кафедраи «Математикаи олӣ ва ҳисоббарорӣ» ба ҳайси ассистент фаъолият мекардам. Донишгоҳ дар ин давра ба устодони соҳибунвон ниёз дошту раёсати он ҳам ба ин масъала аҳамияти зиёд медод. Дар ҳамон солҳо қисме аз устодони донишгоҳ ба шаҳрҳои Москва, Киев, Новосибирск, Минск, Ленинград ва шаҳрҳои дигари Россия ба бозомӯзӣ ва аспирантура фиристода шуданд. Ман мехостам таҳти роҳбарии устод Темур Собиров ба тадқиқи кори илмӣ машғул шавам, бо ӯ робитаи наздики хонаводагӣ доштем.
Лаҳзаи хотирмони бо устод Темур Собиров маро шинос кардани дӯсти шодравонам Иброҳим Собиров (собиқ дотсенти кафедраи «Математикаи олӣ»-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ), ки бародари хурдии устод Темур Собиров буд, то ҳанӯз дар хотирам нақш бастааст.
Моҳи июли соли 1973 устод Темур Собиров ба зодгоҳаш — деҳаи Сӯфиён барои дидорбинии модару бародарон ва хешу таборҳояш омада буд. Рӯзи дигар ман ба назди устод омадам. Акаи Иброҳим маро бо устод шинос кард. Ҷозибаи хоси суҳбати устод аз аввалин ҳарфу ҳиҷо ҳамсуҳбаташро ба сӯи худ мекашид. Он рӯз аз файзи суҳбати устод баҳраи зиёде бардоштам.
Устод барои ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Воронеж ба бозомӯзӣ рафтанам розигӣ доданд. Раёсати Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб маро аз моҳи январи соли 1974 ба муддати як сол барои бозомӯзӣ ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Воронеж фиристонид. Дар давраи бозомӯзӣ бо Темур Собиров аз наздик шинос шудам ва дарк намудам, ки устод аз дарёи пуртуғёни илму маърифат моҳии тиллоии фаросату бедорӣ, худогоҳию хештаншиносӣ, гавҳари фазлу дониш ва рисолати инсониро ба шаст андохтааст.
Устод дар баробари сахтгиру серталабӣ дорои маърифати баланд буд. Ҳамеша таъкид мекард, ки вақтро дуруст сарфа намуда, дар ҳалли масъалаҳомустақил будан зарур аст. Аз устод шунида будам, ки мегуфт ду чиз пир намешавад, яке ишқ ва дигаре илм.
Зери сарварии устод Темур Собиров дар кафедраи «Алгебра ва геометрия»-и Донишкадаи омӯзгории шаҳри Воронеж профессорон К. А. Радосский, Т. И. Митягина, В. И. Бахтин ва дигарон кору фаъолият мекарданд. Устод байни омӯзгорону донишҷӯёни донишкада эҳтироми хоса дошт.
Бояд зикр кард, ки устод Темур Собиров аз тарафи олимони шаҳрҳои Москва, Киев, Минск, Воронеж, Санкт-Петербург (собиқ Ленинград) ҳамчун риёзидони тавоно эътироф гардидааст.
Пас аз ба итмом расонидани бозомӯзӣ бо тавсияи устод ҳуҷҷатҳоямро ба аспирантура супорида, аспиранти кафедраи «Таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ» — и Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) шудам. Сарварии кафедраро доктори илмҳои физикаю математика, шодравон профессор Стетсенко Владислав Яковлевич ба зимма доштанд. Бо супориши он кас барои аниқ намудани мавзӯи кори илмӣ ва мураттаб сохтани нақшаи кории инфиродӣ ба шаҳри Воронеж рафтам. Дар Воронеж фаҳмидам, ки устод дар Институти гастроэнтерологияи шаҳри Москва бистарист. Рӯзи дигар ба аёдаташон рафтам. Устод маро бо чеҳраи кушода самимона қабул намуд. Нахуст аз саломатии модараш ва баъд аз ҳоли бародарону дӯстонаш пурсон шуд. Ҳамзамон аз саломатии падарам Юнус Юсупов пурсон шуду бо шӯхиҳои ба худ хос дар борааш гап зад. Кӯшиш менамуд, ки бемор будани худро вонамуд накунад. Аммо намоён буд, ки нисбат ба пештара хеле лоғар гашта, рангу рӯяш хокистарӣ,чашмонаш бошанд, зард шудаанд. Аз ҳамшираи тиббӣ фаҳмидам, ки устод ба бемории ҷигар гирифтор шудааст.
Устод маро то баромадгоҳи дари бемористон гуселонид ва гуфт:
- То боздид дар Душанбе !
Ин охирин дидорбинии ман бо устод буд.
Номбурда дар айёми ҷавонӣ ва авҷи фаъолияти эҷодӣ дар синни 37- солагӣ аз дунё гузашт.
Профессор Темур Собиров дар камолоти олимони ҷумҳурӣ, ба монанди Э. Муҳаммадиев, М. Илолов, Р. Мустафоқулов, И. Раупов, О. Хосабеков, И. Собиров, Ю. Муродов, Қ. Куртаков, Ф. Назаров, С. Юсупов ва дигарон саҳмгузор мебошад.
Агар умр бевафоӣ намекард, устод имрӯзҳо ба синни мубораки 75 мерасид. Моро ин лаҳзаҳо хумори устод мегирад, вале ба ин гуфтаҳои шоир худро таскин медиҳем:
Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст,
Ном чу ҷовид гашт, мурданаш осон куҷост?!
Сулаймон ЮСУПОВ, дотсенти кафедраи «Математикаи олӣ ва фанҳои табиатшиносӣ» — и Донишкадаи давлатии тиҷорати Тоҷикистон