Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад…

№71 (4654) 29.05.2023

Чанде пеш  бо ибтикори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии Раёсати АМИТ конференсияи илмӣ- амалӣ дар мавзӯи «Шоҳнома ва замони мо» ва рӯнамоии китоби «Фирдавсӣ – шоири паёмрасон»-и Ҷамолиддин Саидзода баргузор гардид.

Чорабиниро президенти Академияи миллии илм­ҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ оғоз намуд. Сипас, дар мавзӯъҳои «Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» аз нигоҳи муҳаққиқони муосир», «Паёми Ватан дар шеър», «Паёми Ҳаким Фирдавсӣ ва ҳувияти миллӣ», «Дар ҳошияи китоби «Фирдавсӣ-шоири паёмрасон»,  «Ҳувияти миллӣ ва симои занон дар «Шоҳнома», «Нақди «Фирдавсӣ – шоири паёмрасон», «Шоҳнома» абзори зеҳниятсозӣ» ва  «Низоми арзишӣ дар «Шоҳнома»  академики АМИТ Кароматулло Олимов, доктори илми филология, профессор, сарходими илмии Инс­титути забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Аскар Ҳаким, доктори илми филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдулҳай Маҳмад­аминов, коршинос Умед Назаров, номзади илми филология, ходими пешбари илмии Маркази мероси хаттии АМИТ Мавҷуда Хуҷова, доктори илми таърих, профессор, мудири шуъбаи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ  ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Аскаралӣ Раҷабов  ва ходими пешбари илмии АМИТ Назрӣ Асадзода маърӯза намуданд.

Пас аз анҷоми маърӯзаҳо,  олимон Ҳафиз Раҳмон, Комил Бекзода ва дигарон оид ба моҳияти таърихии «Шоҳнома» саҳми боризи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва ҳифзи мероси ниёкон, фалсафаи ҳаётбахши Фирдавсӣ, тақвияти ҳувияти миллӣ, таъмини сулҳу субот, амнияти иттилоотии кишвар  ва иқдомоти  муҳаққиқи сермаҳсул Ҷамолиддин Саидзода андешаҳояшонро гуфтанд.

Директори Маркази мероси хаттии АМИТ Раҳматкарим Давлатов оид ба моҳияти «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ дар марҳилаи афзоиши таҳдиду хатарҳои беруна, инъикоси ҷавонмардиву меҳанпарастӣ  назарашро баён карда, дар шароити буҳрони иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, вусъати хатарҳои террористиву экстремистӣ ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, омӯзиши арзишҳоро, ки ғурури миллиро тақвият мебахшанд,  саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Хулосаи иштирокчиёни чорабинӣ ин буд, ки ба хотири омӯзиши осори ҳаким Фирдавсӣ дар АМИТ Маркази  «Шоҳномашиносӣ» таъсис ёфта,  дар ҳама самтҳои илм мавзӯъҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ бар пояи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ пешниҳод гарданд.

Таъкид гардид, ки бознашри шоҳасари мазкур ва созмон додани барномаҳои таълимию тарбиявӣ дар радиову  телевизион барои огоҳии бештар ва омӯзиши «Шоҳнома» муҳим аст.

Далер АБДУЛЛО,

«Садои мардум»