«Арӯси тоҷикӣ» қимати баланд дорад

№153 (3138) 05.12.2013

«Арӯси тоҷикӣ» қимати баланд дорадИмрӯзҳо дар тамоми расонаҳои хабарии ҷаҳон ва шабакаи Интернет расми арӯси зебое ҷой дода шудааст, ки дар музояда бо нархи гарон – 14 миллион доллари амрикоӣ ба фурӯш рафтааст. Ба чеҳра ва пероҳани арӯсии ин духтари зебои тоҷик нигоҳ кунед, мардуми Вахони ноҳияи Ишкошими Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба хотир меорад. Боиси ифтихор аст, ки тоҷикони муқими Ҷумҳурии Халқии Хитой, бахусус мардуми Вахон, агарчӣ солиёни зиёд аз Ватан дур бошанд ҳам, ҳисси миллӣ ва ватандӯстии хешро то имрӯз нигоҳ медоранд ва боифтихор худро тоҷик мегӯянд.

16 ноябри соли 2013 дар музоядаи Ширкати савдои «Тсзядэ» воқеаи фараҳбахш рӯй дод. Дар таърихи 20-солаи музоядаи нигораҳо ва пайкарҳои хитойии Ширкати савдои «Тсзядэ» бори нахуст ба чунин комёбии рекордӣ ноил шуданд. Нархи аввалаи ин асар 9 миллион юан  буд. Дар рафти музояда нархи «Арӯси тоҷикӣ»-и рассоми хитойӣ Тсзин Шани то 85,1 миллион юан (13,9 млн.доллари амрикоӣ) боло хеста, ба савдо рафт. Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки асари рассом Тсзин Шани дар таърихи музоядаи соли 2013 аз ҳама қимматтарин ба ҳисоб меравад.

Рассом Тсзин Шани яке аз рассомҳои шинохтаи Ҷумҳурии Халқии Хитой ба ҳисоб меравад, ки дар жанри чеҳранигорӣ (портрет) маҳорати басо калон дорад. Ӯ дастпарвари Омӯзишгоҳи давлатии рассомии шаҳри Пэйпин мебошад. Соли 1950 дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Академияи марказии рассомӣ таъсис ёфт ва Тсзин Шани маҳораташро дар ин ҷо такмил дод. Ба ӯ муяссар гардид, ки дар синфи рассоми машҳури советӣ Рассоми халқии РСФСР, ду карат Лауреати мукофоти Сталинӣ К.М.Максимов (соли 1955) таҳсил карда, маҳораташро  такмил диҳад. Шогирдони рассоми рус К.М.Максимов беҳтарин рассомони ояндаи Ҷумҳурии Халқии Хитой буданд ва имрӯзҳо бо усули «СУ» дар Хитой машҳуранд. Тсзин Шани дар байнашон аз ҳама ҷавонтар буда, бо истеъдоди баландаш фарқ мекард.

Рассоми шинохта зиёда аз 50 соли умрашро ба санъати тасвирӣ бахшида, аз ин миқдор 14 сол вазифаи ректори Академияи марказии рассомии Ҷумҳури Халқии Хитойро бар ӯҳда дошт. Фаъолияти рассомии Тсзин Шани соли 1957 оғоз ёфтааст. Асарҳои нахустинаш – «Видоъ», «Дӯстони мо дар тамоми ҷаҳон», «Юриши бузург» ва дигарҳо дар мавзӯъҳои таърихӣ ва револютсионӣ эҷод шудаанд. Ин асарҳо истеъдоди рассомро ба мухлисонаш боз намуд ва барояш имконият фароҳам омад, ки дар радифи рассомони насли якуми Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷой гирад.

zt0613-hj2Шоҳасари рассом «Арӯси тоҷикӣ» соли 1983, се даҳсола пеш эҷод шудааст, вале шуҳрат танҳо баъди 30 сол ба соҳибаш расид. Рассом минбаъд низ чеҳраҳои шинохта ва таърихиро бо мӯқалам кашида буд, аммо комёбиро танҳо «Арӯси тоҷикӣ» ба муаллиф овард.

Кас ба «Арӯси тоҷикӣ» назар андозад, гӯё як духтари ҷавони муқаррарӣ, вале дар ин асари  рассом як ҷаҳон маънӣ ҷой гирифтааст. Интихоб ва ҷобаҷогузории рангҳо, ниҳоят ракурси арӯс хеле содда, вале диққатҷалбкунанда омадааст. Як бонуи зебо, вале хоксори кӯҳистонӣ, ки мо зебоияшро он қадар ҳис накардем, аз нигоҳи рассоми хитойӣ хеле назаррабо омадааст.

Аҷибаш ин, ки рассомони мо низ чеҳраҳои зани тоҷикро дар ҳар шакл кашидаанд, аммо аз чӣ бошад, ки монанди «Арӯси тоҷикӣ» ин қадар комёб нашудаанд.

Пас, сирри комёбии асари рассоми хитойӣ Тсзин Шани дар  чӣ бошад?

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»

Дар суратҳо: «Арӯси тоҷикӣ» ва муаллифи ин шоҳасар рассоми хитойӣ Тсзин Шани.