Ободии меҳанро имрӯз ҳамебояд

Ҳар субҳу шом сӯйи ватан саҷда мекунам

№24 (3504) 23.02.2016

Вожаи «Ватан» барои инсон ҳамрадифи вожаи «Модар» азизу муқаддас бояд бошад. Ватан низ модар аст, ки баъди ба дунё омадани тифл ӯро ба оғӯш мегирад ва агар модар чанд сол ба инсон шир диҳад, Ватан то охири умр ӯро мехӯронаду мепӯшонад. Шоири маъруф Рустами Ваҳҳоб дар як шеъраш мегӯяд:

На сар гуфтам, на по гуфтам, на ҷон гуфтам, на тан гуфтам,

Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.

Ҳазорон бор «мо» гуфтам, касе ҳамдил нашуд аммо

Ҷаҳоне зидди ман шӯрид, агар як бор «ман» гуфтам.

Агар ба маънии ин байтҳо сарсарӣ назар афканем, гумон мекунем, ки нафаре аз рӯзгори хеш қисса мекунад, вале чун ба пуштманзари он нигарем, мебинем, ки дар байти дувум сухан аз забони мамлакати ҷавону соҳибистиқлоли мо меравад. Маҳз Тоҷикистони азиз ҳамеша «мо» буд ва акнун, ки аз номи мардуми кишвар «ман» мегӯяд, душманони миллати мо ба ғазаб омаданд. Онҳо хоҳиш надоранд, ки Тоҷикистон як давлати озод ва мустақил бошад. Ҳамин аст, ки аз «ман»-и он ҳарос доранд ва талош мекунанд, ки озодии онро маҳв кунанд.

Он ҷавононе, ки ба доми фиреб меафтанд, на танҳо ба ҷони ҷавони худ ҷабр мекунанд, балки барои хешу ақрабо бадбахтию бадномӣ меоранд.

Ин ҷо суоле пайдо мешавад, ки «хоин кист?». Бисёриҳо гумон мекунанд, ки хоин танҳо ҳамон кас аст, ки қатори бегонагон ба муқобили миллат ва давлат силоҳ ба даст гирад. Ин дуруст аст, аммо боз рафторҳои дигаре низ ҳастанд, ки шахсро дар қатори хиёнаткорони ватан ҷой медиҳанд. Агар мо дӯст ё ҳамнишине дошта бошем, ки дар муқобили давлат ва миллати мо бадгӯйӣ кунад ва мо дар ҳузури ӯ сукут ихтиёр варзем, ӯро аз роҳаш барнагардонем, ин маънои ҳамақида будани моро дорад. Бетарафӣ нисбат ба тақдири миллат ва ватан низ аз ҷумлаи хиёнатҳост. Хиёнати бузургу нобахшиданӣ!

Агар ба таърих назар афканем, мебинем, ки мардуми ватандӯст ҳар куҷо буданд, танҳо бо ёди ватан буданд. Шунидам, ки ҳангоми ҷонсупорӣ шоҳидон охирин ҳарфҳое, ки аз забони шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ шунидаанд, чунин будааст: «Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб». Ҳол он ки шаҳри Табрез ватани дувуми шоир буду фарзандон, шогирдон ва дӯстонаш дар он шаҳр иқомат мекарданд.

Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик вақти ҳиҷрат аз Ватан як каф хок бардошт ва номае навишт, ки онро айнан пешкаш менамоем:

«Эй он ки мурдаи ман ба дастат меафтад, агар некхоҳи одамон ва ватандӯст бошӣ, маро бо ин як каф хок гӯрон, ки ин ёдгории Ватани азизи ман аст!».

Дар адабиёти даҳонакии халқ низ мавзӯи ватандӯстӣ яке аз мавзӯъҳои асосӣ ба шумор меравад. «Хоки Ватан аз тахти Сулаймон беҳтар» аз ҳамин сарчашма мебошад.

Мақсад аз мисолҳои оварда он аст, ки бояд дар дили ҳар як нафари соҳибнанг ишқи Ватан — Модар ҷой дошта бошад ва бикӯшад, ки дар роҳи ҳимояи Ватан як лаҳза ҳам дар ғафлат намонад. Ватанро дӯст дораду барои шукуфоии он талош намояд. Чун Тоҷикистони азиз имрӯз рӯ ба рушду нумӯст, вазифаи ҷавонон аст, ки пайи ободӣ ва ҳифзи марзу буми он саъй кунанд. Ояндаи ин кишвар ба онҳо мансуб аст.

Рустами Ваҳҳоб дар ин маврид ба пиру ҷавон рӯ оварда мегӯяд:

Кист ғамхори Ватан — гар на ту бошию на ман?

Чашми бедори Ватан — гар на ту бошию на ман?

Кист то бигзарад аз пайкари худ,  то бидамад

Ҷон ба пайкори Ватан — гар на ту бошию на ман?

Кист, то санг агар нест, сари худ биниҳад

Пойи девори Ватан — гар на ту бошию на ман?

Тан ба хорӣ кӣ диҳад, то наканад дасти адӯ

Гул зи гулзори Ватан — гар на ту бошию на ман?

Мо бояд аз Ватан даъвое надошта бошем. Ҳамин кофист, ки ин Ватани бузург вуҷуд дораду мо соҳибони он ҳастем. Яъне, соҳибватан ҳастем. Дар ин маврид Рустами Ваҳҳоб хеле бамаврид гуфтааст:

Ба ҷуз меҳрат таманное надорам, Тоҷикистонам,

Умедам, орзуям, ифтихорам, Тоҷикистонам.

Агар дил як нафас бе ёди фардои ту мемонад,

Варо аз синаи худ мебарорам,  Тоҷикистонам.

Агар хокам, агар афлок, як гарди  ту мебошам,

Чӣ миннат, гар ба поят саҷда орам, Тоҷикистонам?

Ҷавонони мо бояд хуб дарк кунанд, ки ин зиндагии пур аз саодат ва ин кишвари орому осуда барои мо осон муяссар нашудааст. Заҳмату ҷонфидоиҳои мардест, ки ба хотири Ватан ва миллат на шаб хуфтаасту на рӯз ором гирифтааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавонист чунин шароити хубро фароҳам биёрад. Сулҳу оромиро дар мамлакат пойдор гардонида, дӯстию бародариро байни сокинони мамлакат мустаҳкам намояд. Ба қадри заҳматҳои ӯ расидан вазифаи тамоми мардуми Тоҷикистон аст.

Ҷавонони азиз, мову шумо бояд ҳар субҳ чун сар аз хоб бардоштем, даст ба гиребон барему шукрона кунем. Шукронаи ободию озодӣ, хушбахтию ваҳдати миллати бузурги худро. Шукрона кунем, ки Худованд моро Пешвое фиристодааст, ки тамоми умр барои бахту саодати халқ чораву тадбир меандешад. Бамаврид аст, ки боз аз Рустами Ваҳҳоб пораи шеъреро иқтибос биёрам:

Ҳар субҳу шом сӯйи Ватан саҷда мекунам,

Дар дил ҳазор захми куҳан саҷда мекунам.

Тасбеҳи ашк бар сари ангушти мижагон,

Ҷон бар лабу ба рӯи кафан саҷда мекунам.

Ҳар шом то ба субҳ чу як шамъи поксӯз,

Танҳо на як ҷабин, ҳама тан саҷда мекунам.

Бӯйи Ватан агар бирасад аз сухан маро,

Мисли қалам ба пои сухан саҷда мекунам.

Албатта, дар як мақола наметавон тамоми андешаҳоро барои ҷавонони саодатманди диёр баён кард, аммо умед аст, ки онҳо агар дар сина меҳри Ватан дошта бошанд, ҳақиқати ҳолро пай мебаранду неру, донишу ақлашонро танҳо барои ободию сарсабзии Тоҷикистони азиз сарф менамоянд.

 Диловари МИРЗО, «Садои мардум»