«Армуғон» — и ватаниро дастгирӣ мебояд

№23 (4443) 19.02.2022

DSC01990Таваҷҷуҳ ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ сол то сол меафзояд. Ҷаноби Олӣ солҳои 2019 — 2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки самараи нек ба бор овард.

ҶДММ «Армуғон» миёнаҳои қарни гузашта ҳамчун иттиҳодияи истеҳсолии ҳунарҳои мардумӣ ташкил шуда, ба яке аз корхонаҳои пуриқтидори шаҳри Душанбе табдил ёфт. Дар он беш аз 500 ҳунарманд фаъолият доштанд ва аз гил, гаҷ, санг, фулузоти гуногун, пашму устухон ва шохи ҳайвонот, шиша, чӯб ва ғайра армуғонҳои зебое меофариданд, ки ифодагари таъриху тамаддуни миллатанд.

Бо пошхӯрии Давлати Шӯравӣ, ҳунармандони иттиҳодия низ пароканда шуданд. Нафарони зиёд борҳо кӯшиши эҳёи корхонаро кардаанд, вале дар сатҳи хубу сифати баланд он соли 2012, пас аз сарвариашро ба уҳда гирифтани ҷавонмарди ҷӯяндаву эҷодкор Далер Ятимов фаъолияташро роҳандозӣ кард. Чанд сол қабл имкон даст дод меҳмони корхона гардида, бо вазъи кор ва навовариҳо ошноӣ пайдо намоем. Камбудиҳо кам набуданд, вале оғози кор, ҷидду ҷаҳд ва нақшаҳои роҳбари нав умед мебахшид, ки рӯзе коргоҳ ҳатман нуфузи қаблиашро соҳиб хоҳад шуд.

Бори дигар, ки меҳмони ин даргоҳ гардидем, моро муовини сарвари коргоҳ Барзу Ятимов истиқбол гирифт. Ӯ бо таърихи корхона ифтихор дорад.

- Дар даврони шӯравӣ маҳсулоти коргоҳ ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Эстония ва Латвияю Литва низ содирот мешуд.

Боздиди мо аз устохонаи кулолгарӣ оғоз ёфт. Дар он ҷо чанд бону ва усто Муқим Содиқов машғули кор буданд. Аз суҳбат бо Муқим Содиқов, ки худро шогирди усто Бобосаиди кулол аз Қаратоғ медонад, маълум гардид, ки аз 14 — солагӣ шуғл меварзад. Ду сол мешавад, ки дар «Армуғон» кор мекунад ва аз кори худ розист. Мегӯяд, ки дар пойтахт ва Ҳисору Қаратоғ беш аз 30 шогирд дорад. Хурмачаву гулдон, кӯзаҳои гуногун ва муҷассама месозад.

Тамошои кундалҳои эҷодкори навомӯз Раъно Сафарова ҳам моро ба ҳайрат гузошт. Ду моҳ қабл ба кор омада, аз устодаш, рассом ва ҳайкалтарош Рустам Сафаров — дастпарвари Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳунар ёд гирифтааст.

DSC02000Ошёнаи дуюми бинои ҶДММ «Армуғон» ба намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шабоҳат дорад. Дар он ҷо намунаи қариб ҳамаи ҳунари халқиро дар шакли армуғон пайдо кардан мумкин аст. Муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ, ҳайкалчаҳо бо либос ва нақшу нигори миллӣ, ҳайвоноту паранда, лаъличаҳо, зарф­ҳо, туҳфаву армуғонҳо аз газвор ва пашм як қисми маҳсулоти корхонаанд.

Замоне дар корхона устоҳои созтарош низ фаъолият доштанду доираву думбра, ғижаку чангу рубоб месохтанд. Гарчанде онҳо бо сарварии устои машҳур Дона Зиёев корхонаи алоҳидаро бо номи «Созтарош» таъсис дода бошанд ҳам, ҳамкориро бо «Армуғон» қатъ накардаанд.

- Бо корхонаи «Рухом» низ ҳамкорӣ дорем, — мегӯяд Барзу. — Ба мо сангҳои гуногун медиҳанду мо ба онҳо маҳсулоти кулолгарӣ. Бисёр маҳсулоти мо маҳсули ҳамкориҳост. Аз ҳунару имкониятҳои ҳамдигар истифода мебарем, ки тақозои касбу кор ва замон аст.

Сарвари корхона Далер Ятимов бо ифтихор мегӯяд, ки панҷ сол аст бо Созмони байналмилалии ЮНИСЕФ ҳамкорӣ дошта, фармоишоти онҳоро ҷавобгӯи талаботи даврони муосир иҷро менамоянд. Бо баъзе федератсияҳои варзишӣ, мисли ушу ва футбол ҳамкорӣ дошта, ҷиҳати баргузории мусобиқаҳои варзишӣ нишону медал месозанд. Бо Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия ва қисмҳои низомӣ низ ҳамкории доимӣ доранд.

- Имконияти роҳандозии ҳамкорӣ бо вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми ҷумҳурӣ низ вуҷуд дошт, вале дастгирӣ накарданд, — бо таассуф изҳор менамояд Д. Ятимов. — Масалан, барои ҳар як хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нишони сарисинагӣ лозим буд. Мо аз уҳдааш мебароем ва сифати корамон ҳам ҷавобгӯи талабот аст. Вале бо чӣ сабабе ин фармоиш ба мо нарасид…

Масъулони бархе аз корхонаву муассисаҳои кишвар ва ҳатто вазорату кумитаҳои давлатӣ нисбат ба корхонаҳои маҳаллӣ беэътиноӣ зоҳир намуда, маҳсулоти барояшон заруриро, ки дар дохили кишвар истеҳсол кардан мумкин аст, ба корхонаҳои хориҷӣ фармоиш медиҳанд. Борҳо дар суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, ки истеҳсолкунандагони ватаниро дастгирӣ кардан зарур аст. Агар муассисаҳои кишвар моро дастгирӣ намуда, маҳсулоти заруриашонро ба ҶДММ «Армуғон» фармоиш диҳанд, маблағи зиёд ба хориҷа намеравад. Ҳол он ки нархи маҳсулоти мо арзонтар аст. Ният дорем, ки маоши коргарон ва шумораи онҳо бештар гардад. Маъюбонро, ки замоне теъдодашон зиёд буду дар давраи мушкилиҳо пароканда шуданд, ба корхона баргардониданием. Истеҳсоли маҳсулотро зиёд карда, ба буҷети давлат бештар андоз супоридан низ аз аҳдофи мост, — гуфт Далер Ятимов.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»