Артиши миллӣ — мактаби бузурги тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ

№29 (4612) 24.02.2023

Аз таъсиси Артиши миллиамон 30 сол сипарӣ гардид. Ба шарофати баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талошҳои Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон 18-уми декаб­ри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расид ва ҳамин тавр ба таъсиси ин ниҳоди пурқудрат замина гузошта шуд.

Дар робита ба ҷойгоҳ ва рисолати Қувваҳои Мусаллаҳ, таърихи таъсису ташаккул, марҳилаҳои тайнамудаи он бо собиқадорон, роҳбарони зинаҳои гуногуни Вазорати мудофиа ва соҳаҳои дигар, олимону ҷомеашиносон ва омӯзгорон ҳамсуҳбат шудем.

Абдусаттор Шоҳиён, генерал — майор, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ:

1- Дар ин рӯзҳои ҷашнӣ, ки кишварамон фазои идона дорад, аввалан ба низомиёну тамоми сокинони шарафмандамон 30-солагии таъсиси Артиши миллиро муборакбод мегӯям.

Артиши миллӣ зода ва ҳамқадами Истиқлолияти давлатӣ буда, дар ин муддат ба ниҳоди пурқудрату боэътимод табдил ёфт. Давраҳои сипаринамудаи ин сохтори муҳими давлатдориро метавон пурарзиш маънидод кард, зеро дар бун­ёди ҷомеаи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми низомиёнамон назаррас аст. Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба хизмати содиқонаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ робитаи ногусастанӣ доранд. Саҳифаҳои пасисарнамудаи Артиши миллиамон шуҷоат, қаҳрамонӣ, садоқату ҷонфидоиҳои зиёди хизматчиёни ҳарбиро бозгӯ менамоянд. Ин нукта дар Паёму суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ёдоварӣ мешавад: «Қувваҳои Мусаллаҳ кафили амнияту якпорчагии давлати соҳиб­истиқлоли Тоҷикистон буда, хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлат ва зиндагии осудаи сокинони кишвар саҳми бузург доранд…».

Таъсису бунёди Артиши миллӣ бо рӯйдоди тақдирсоз — Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ робитаи зич дорад. Он шабу рӯз, новобаста ба вазъи мураккаби сиёсӣ ва душвориҳои иқтисодӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди Артиши миллӣ асос гузоштанд.

Имрӯз Артиши миллии мо дар радифи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои пешрафта нуфузу эътибори хос пайдо кардааст. Ҳоло зиёда аз 80 фоизи афсароне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, хатм­кардагони донишкадаҳо ва академияҳои ҳарбии кишварҳои хориҷӣ мебошанд. Ҳар сол афсарон ва курсантҳои тоҷик ба давлатҳои дигар баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун кафили амнияту истиқлолияти мамлакат ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ бо такя ба меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои марбута муҳофизати Ватан ва дифоъ аз манфиатҳои мамлакатро вазифаи асосии давлат ва кори тамоми халқ муайян намуда, масъа­лаҳои вобаста ба таҳкиму такмили Артиши миллӣ, фаъолияти он, омодагии доимии ҷангии қӯшунҳо ва ҳаёти ҳарбиро дар маркази диққат қарор додаанд. Ҳамин аст, ки Артиши миллӣ алҳол ба такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат табдил ёфтааст.

Раҳмонқул ШАРИФЗОДА, профессори соҳаи ҳуқуқ, мушовири адлияи дараҷаи як, собиқадори мақомоти адлия:

4- - Тарбияи ҳарбию ватандӯс­тии ҷавонон яке аз навъҳои муҳими тарбия буда, ҳамаи дигар шаклҳои тарбия маҳз аз он сарчашма мегиранд. Ватандӯстӣ муҳимтарин фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷамъият, ғояи асосии ҳар як давлат, бахусус давлати соҳиб­истиқлол ба ҳисоб меравад. Ба ибораи дигар, пояндагӣ ва рушди ҳар як давлат аз садоқату эътимод, ватандӯстию сарсупурдагии шаҳрвандонаш вобастагии зиёд дорад. Ба таъкиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояаш омода будан, ба қадри осудагиву ваҳдат ва истиқлолият расидан аз ҷумлаи арзишҳоеанд, ки туфайли тарбияи аҳолӣ дар

заминаи онҳо давлати муқтадиру тавоно бунёд мегардад…».

Системаи тарбияи ватандӯстӣ ҳамчун инс­титути пурарзиши давлативу ҷамъиятӣ яке аз асоситарин самтҳои сиёсати давлат маҳсуб меёбад. Дар ин замина дар тарбияи ҳарбию ватандӯстии насли ҷавони мамлакат Артиши миллӣ саҳми калон дорад ва тӯли 30 сол ин вазифаро ба таври шоиста иҷро карда истодааст. Яъне, Артиши миллӣ ба як ниҳоди тарбияву бакамолрасонии насли ҷавон мубаддал гаштааст.

Қобили зикр аст, ки тарбияи насли ватандӯст вазифаи муҳими пада­ру модарон, мактабҳои таҳсилоти умумиву олӣ ва тамоми ҷомеа ба шумор меравад. Дар баробари ин, шароити имрӯза тақозо менамояд, ки ҳамкориҳои суд­манд дар тарбияи насли солим, ҷисман обутобёфтаву соҳибхирад, соҳибмаърифат ва худшиносу худогоҳ боз ҳам густариш дода шаванд. Тарбияи насли ватандӯст вазифаи муҳими пада­ру модарон, мактабҳои таҳсилоти умумиву олӣ ва тамоми ҷомеа ба шумор меравад.

Шамсиддин ЗИЁЕВ, полковник, сардори шуъбаи таълимоти ҳарбии РКТҲ Вазорати мудофиа:

2- Ҳанӯз аз рӯзҳои аввал ҳифзи мар­зу буми Тоҷикистони соҳиб­истиқлоламон вазифаи низомиён муқаррар гашт. Ҳарчанд таъсису бунёди Артиши миллӣ дар солҳои душвори мухолифатҳои дохилӣ ҷараён гирифта бошад ҳам, талошу тадбирҳои саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон доданд, то он дар муддати кӯтоҳ ташаккул ёбад.

Сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ аз таълиму тарбияи самарабахшу дурусти афсарону сарбозон, риояи талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ ва интизоми қатъӣ, мунтазам такмил додани донишҳои сиёсиву низомӣ бо дарназардошти воқеият ва талаботи рӯз, инчунин, ҳисси баланди ватандӯстиву садоқати хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии мустақим дорад. Бо ин мақсад, роҳбарият ва ниҳодҳои дахлдори Вазорати мудо­фиа пайваста барномаву нақшаҳоро таҳияву роҳандозӣ менамоянд. Ҳоло ҳама шар

оити зарурӣ бо мақсади амалисозии ҳадафҳои зикргардида дар ҷузъу томҳои вазорат мавҷуданд.

Дар маҷмӯъ, Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон ва ҳайати шахсии он аз иҷрои ҳама гуна вазифаҳои гузошташуда баромада метавонанд ва албатта, ин ҳама аз баракати фазои созандагиву ободонӣ, сиёсати дурандешонаи Роҳбари давлатамон аст.

Дилшод ҚУРБОНЗОДА, полковник, сардори кафедраи ҳарбии ДТҶТ ба номи С. Раҳимов:

3-- На танҳо сокинони бошарафи кишварамон, балки оламиён шоҳид гашта истодаанд, ки сиёсати ду­р­анде­шонаву созандаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон самараовар буда, тамоми соҳаҳо сол аз сол бомаром рушд меёбанд. Сокинони иззатманди кишвар дар фазои сулҳу салоҳ, созандагиву пешрафту дигаргуниҳо кору пайкор доранд. Барои низомиёни кишвар, аз ҷумла афсарон – омӯзгорони кафедраи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ғамхориҳои роҳбарияти олии кишвар ба соҳаи ҳарбӣ пайваста эҳсос мегардад.

 Имрӯз садҳо нафар ҷавонони лаёқатманд на танҳо дар мамлакат, балки дар муассисаҳои беҳтарини кишварҳои дуру наздик нозукиҳои касби ҳарбиро омӯхта, ба ҷузъу томҳои Артиши миллии кишвар ҷалб гашта истодаанд. Дар ин радиф сол то сол сафи афсарони касбӣ аз ҳисоби ҷавонон зиёд мегардад.

Дар баробари Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, факултети омодагии дифои ҳарбӣ ва тарбияи ҷисмонии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов низ зиёда аз 40 сол боз ҳамчун ягона факултет дар миқёси ҷумҳурӣ ва кафедраи ҳарбии донишкада рисолатро барои омода кардани афсарон, мутахассисон барои ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар мақомоти қудративу низомӣ, инчунин, барои тайёр кардани омӯзгорони риштаи ҳарбӣ ба таври шоиста иҷро карда истодааст.

Қаршибой ВОСИЕВ, устоди ДТҶТ ба номи С. Раҳимов:

 5-- Дар натиҷаи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии давлат ба сиёсати ҳарбӣ чун як самти муҳими давлатдорӣ, ҳоло Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон дар радифи кишварҳои пешрафта қарор дорад, он чун як ниҳоди муҳими давлат симои сиёсии кишварамонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда истодааст. Агар марҳилаҳои тайнамудаи ин ниҳоди муҳими давлатдориро баҳогузорӣ намоем, дар ин давра рисолату нақши арзишманди низомиён дар таъмину таҳкими даврони истиқлолияти мамлакат мушоҳида мегардад.

 Дар баробари ин, нақши Артиши миллӣ ҳамчун мактаби тарбияву камолоти насли ҷавон тайи 30 соли сипаригашта ба назар мерасад. Ҳамин аст, ки дар Паёму суханрониҳояшон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста бо қаноатмандӣ ёдовар мешаванд, ки: «Мо ба фарзандони ҷасуру далери халқамон – ҳомиёни Ватани маҳбубамон эътимоди комил дорем ва бо онҳо ифтихор мекунем…».

 Воқеан, ватанпарварӣ ва садоқат ба Ватан дар шароити имрӯза аҳамияти бештарро касб менамоянд. Бо дарки ин нукта, бо итминон метавон гуфт, ки ҷавонони мамлакат бо изҳори баланди ватандӯстӣ ҳамеша баҳри хизмати содиқонаву ҳимояи марзу буми кишвар дар сафҳои Артиши миллӣ рисолату қарзашонро иҷро менамоянд.

Фароҳамсоз

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»