5 октябри соли 2018 дар робита ба таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҷеъ ба муаррифии китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — «Забони миллат-ҳастии миллат» (Душанбе, «Эр-граф», 2018) дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз баргузор гардид.
Тавре мудири шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Камол Абдураҳимов зикр кард, «Забони миллат — ҳастии миллат», ки доир ба таърихи забони тоҷикӣ, зуҳуру густариш ва зарфиятҳои фарохи он маълумот медиҳад, барои миллат ва форсизабонони ҷаҳон дастоварди бузурги илмию фарҳангӣ аст.
Ӯ афзуд, ки алҳол аҳли башар бо беш аз шаш ҳазор забон муошират мекунад, вале сад забон мақоми давлатиро соҳиб мебошад. Хушбахтона, забони тоҷикӣ, аз ҷумлаи онҳост. Мо муҳаббату эҳтироми хешро ба забони тоҷикӣ дар Конститутсияи кишвар ба таври равшан нишон додаем. Барои мо забони давлатӣ дар баробари Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзӣ давлатӣ маҳсуб мешавад. Ба ин хотир рушди он аз авлавиятҳои сиёсати фарҳангӣ ва маърифатии давлат эътироф шудааст.
Дар асар решаҳои ориёии забони тоҷикӣ бо далелҳои қавии илмӣ ва таърихӣ исбот шудаанд. Ҳамчунин, даврабандии таърихии забони тоҷикӣ дар асоси маълумоти нави илмӣ матраҳ гардидааст.
Он чиз қобили таваҷҷуҳ аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихи пайдоиши забони тоҷикиро дар фасли алоҳидаи китоб таҳти унвони «Забони миллат — ҳастии миллат» гирд овардаанд. Қайд гардид, ки зодгоҳи асосии забони тоҷикӣ Хуросону Мовароуннаҳр, соҳили чапу рости рӯди Ому, хусусан, қаламрави ҳозираи Тоҷикистон, аст. Ҳамчунин, дар асар доир ба сарнавишти забони тоҷикӣ замони истилои араб дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти илмӣ оварда шудааст, ки барои пажӯҳишгарон дастури муфиди илмӣ маҳсуб мешавад.
Таъкид шуд, ки бобҳои алоҳидаи китоб дар заминаи осор ва матнҳои илмӣ, таърихӣ ва адабӣ, ки дар аҳди Тоҳириёну Саффориён ва махсусан, дар замони шукуфоии Давлати Сомониён, ба авҷи олӣ расида буд, навишта шудаанд.
Дар охир Камол Абдураҳимов ба саволҳои иштирокчиён посух гуфт.
Т. Фаррухпай, «Садои мардум».
Суратгир Н. Алиев