Дар доираи навсозии шаҳри Душанбе дар ҷои бинои собиқи телевизиони «Сафина» (собиқ бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон) маркази тиҷоратӣ бунёд меёбад. Тарҳи он замонавӣ ва зебо буда, ба шаҳр ҳусни нав зам хоҳад кард, аммо дар девори паҳлуи роҳи калони бино як асари нодири санъат мавҷуд аст, ки солҳои тӯлонӣ диққати ҳар роҳгузарро ба худ мекашад. Он наққошии ҷолиб рӯи санг тарроҳӣ шудаю муаллифаш рассоми зиндаёд Асрор Амирҷонов аст. Чанд сол пеш муаллифи ин сатрҳо дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Асрор Амирҷонов китобчаи алоҳида таҳти унвони «Асрори пурасрор» нашр карда буд.
Рӯзе марди куҳансоле ба суроғам омад ва худро Бурҳон Аминҷонов муаррифӣ кард. Баъд аз аҳволпурсӣ матлабашро баён намуд:
- Додари азиз, ман бародари рассоми машҳур Асрор Аминҷонов ҳастам. Ӯ дар айни камолоти умр аз дунё гузашт, вале аз худ нақши зиёде боқӣ гузошт. Маҳсули эҷоди Асрорро дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дидан мумкин аст. Синни ман ба ҷое расидааст, мехоҳам ҳаёти пурбаракату заҳматҳои мондагорашро рӯи коғаз биёрам, вале аз дасти ман ин кор намеояд. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба ман кумак намоед.
Самимият ва азми қавии ин марди куҳансолро дида пешниҳодашро рад карда натавонистам. Дар баробари ин, омӯзиши ҳаёту фаъолияти ин эҷодкори шинохта барои ман ҳам ҷолиб буд. Ҳамроҳи амаки Бурҳон бо шахсони наздике, ки ӯро мешинохтанд, ҳамсуҳбат шудем, бойгонии оилавиашонро варақ задем ва маълумот ҷамъ овардем.
Яке аз хизматҳои мондагори Асрор Аминҷонов дар ободии шаҳри Душанбе бунёди лавҳа (паннои) девори собиқ Филармонияи давлатии Тоҷикистон (телевизиони «Сафина») мебошад. Маҳз, ҳамин кори ӯ ва шогирдонаш шуҳрати эҷодкорро боз ҳам баланд ва маҳбубияташро афзун намуд. Ин асар «Навои Шашмақом» унвон дорад ва соли 1973 анҷом дода шуд. Девори бо санг гулкоришуда ва тасвирҳои ҷолиби он таваҷҷуҳи ҳар бинандаро ба худ мекашад. Дар бунёди он ба А. Аминҷонов шогирдон ва ҳамкоронаш Константин Феодориди, Рита Скреплёва, Юра Чередниченко ёрӣ расонданд.
Баъд аз анҷоми ин кор дар бораи Асрор Аминҷонов ва асари нотакрораш матолиби зиёде чоп карданд. Аз ҷумла, рӯзномаи бонуфузи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») мақолаи адиби шинохта Абдулҳамид Самадро бо номи «Достони сангҳо» ба табъ расонд. Нависанда дар мақолааш оид ба асари «Навои Шашмақом» ва дигар паҳлуҳои эҷодии рассом ҳикоя карда, аз ҷумла, қайд намудааст: «Асар лаҳзаи тарабу нишоти инсон, сеҳру қудрат, назокату нафосати санъати мусиқӣ ва ҳамбастии онро дар рӯзгори одамон возеҳу равшан таҷассум мекунад. Рассоми дақиқназару соҳибзавқ ба воситаи сангҳои рангоранг муҷассамаи ҷавонмардони санъатдӯстро, ки гӯё аз навои тарабангез рақс доранд, хеле ҳам нозуку табиӣ офарида тавонистааст. Хати сюжет, композитсия, фалсафаи асарро зебоии санъату инсон дар бар мегирад, ки муаллиф ин маънӣ ва нияти худро ба дӯстдорони санъати тасвирӣ бо забони сангҳо хеле одӣ, дилкашу ҷозиб нақл кардааст».
Номзади илми санъатшиносӣ Н. Белинская асари «Навои Шашмақом»-ро баландтарин комёбии Асрор Аминҷонов меҳисобад: «Кӯшишу заҳмат ва ҷустуҷӯҳои эҷодии рассомро дар мавзуи «Мусиқӣ ва рақс» таҳлилу мушоҳида карда, гуфтан мумкин, ки дар ин кор истеъдоди нотакрори худро нишон додааст. Барои анҷоми ин кор Асрор бисёр заҳмат кашид, лоиҳаашро баъд аз муҳокима дар Иттифоқи рассомон чанд маротиба такмил дод. Зимни мусоҳиба дар рӯзномаи «Халқ овози» хабарнигор Улмас Ҷамолов аз рассом мепурсад, ки: «…барои офаридани асари кошинкории бошукӯҳи Шумо чӣ қадар санг истифода шудааст?
- Танҳо аз сангҳо 76 тонна, — хандида гуфтааст рассом. Дар баъзе ҳолатҳо аз таркиби харсангҳо ҷудо намудан, кашонда оварда дар як ҷо ҷамъ кардани онҳо ҷӣ қадар заҳматро талаб мекунад?».
«Пештоқи бинои телевизиони «Сафина»-ро асари тасвирии устод А. Аминҷонов «Навои Шашмақом» оро медиҳад, ки аз мозаика — сангҳои рангаи табиӣ сохта шудааст ва устод нахустин ва охирин рассомест, ки дар ин самт кор мекард ва ин асар яке аз шоҳасарҳо ба шумор меравад», — навиштааст Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шарифов.
Вақте ин сатрҳоро менавиштам, хабар ёфтам, ки ширкати паймонкори иншооти маркази тиҷоратии нав ваъда додааст, ки мозаика (наққошӣ дар санг) ё худ асари таърихии «Навои Шашмақом»-ро тахриб накарда, онро дар ҷойи нав мегузорад. Масъули ширкати биносоз изҳор кардааст, ки бо супориши Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ он барои наслҳои оянда ҳифз мешавад. Эҳё ва нигоҳдории асари нодири рассом Асрор Аминҷонов нишони фарҳангпарварии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аст.
Бурҳониддин КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»