Писараке аз модараш пурсид:
- Чаро гиря мекунӣ?
Модар писарашро ба оғӯш гирифту гуфт:
- Намедонам, ҷонакам, намедонам!
Писарак назди падараш рафту пурсид:
- Чаро модарам ҳамеша гиря мекунад?
Падараш посух дод:
- Ҳамаи занҳо гиря мекунанд бе ҳеҷ далел!
Писарак ҳамон шаб Худоро дар хоб дид ва ба Ӯ савол дод:
- Чаро занҳо гиря мекунанд?
Худо ҷавоб дод:
- Ман занро ба шакли хосе офаридаам. Ба шонаҳои ӯ қудрате додам, то битавонад сангинии заминро таҳаммул кунад. Ба баданаш қудрате додам, то битавонад дарди зоданро бардорад ва ба дастонаш қудрате додам, ки касе мисли ӯ кор карда наметавонад. Ба ӯ эҳсосе додам, ки бо тамоми вуҷуд фарзандашро дӯст дорад, ҳатто агар ӯро ҳазорон бор азоб ҳам диҳад. Ба ӯ диле додаам, то шавҳарашро дӯст бидорад ва ҳамеша дар канори ӯ бошад. Ба ӯ ашке додаам, ки ҳар вақте хост, бирезад. Ин ашкро фақат барои ӯ офаридаам, то ҳар гоҳ ниёз дошт, аз он истифода барад.