Тақвим

Ҷашнҳои баҳорӣ

№36 -37 (4142 - 4143) 21.03.2020

Баҳор фасли зебоӣ ва ҷашнҳои пуршуқӯҳест, ки зиндагиро рангинтар менамояд. Бахусус, дар айёми баробаршавии шабу рӯз — Наврӯзи фархундапай теъдоди  онҳо афзуда, ҳар яке махсусият доранд. Яке аз онҳо Рӯзи байналмилалии бахт ё хушбахтист, ки соли 2013 ба ҷашнҳои баҳорӣ илова гардида, айни ҳол дар аксар кишварҳои олам таҷлил мешавад.

Рӯзи байналмилалии бахт ё хушбахтӣ чӣ гуна ҷашн аст ва чӣ тавр ба тақвими ҷашн­ҳои ҷаҳонӣ шомил гардид?

Дар байни кӯҳҳои осмонбӯси Ҳимолой кишвари Бутан ҷойгир аст, ки то охири асри ХХ пои бегона ба он нарасида буд. Онро «кишвари аждаҳои раъд», «боғи нилуфарии худоён» ва «муқаддасоти пинҳонкардашуда» меноманд. Мамлакат бо қасрҳои баланди сангини дар дили кӯҳҳо бунёдёфта, ки дар як вақт ба ҳайси истеҳкоми ҷангӣ, ибодатгоҳ ва донишгоҳҳо хизмат мекунанд, деворбандӣ гардидааст.

Дини расмии Бутан буддоист ва кишвар зиёратгоҳи рӯҳониёни буддоӣ аст.

Ҷиҳати дигари фарқкунанда он аст, ки дар мамлакат арзишҳои маънавию равонӣ аз арзишҳои моддӣ боло гузошта мешаванд ва ҳадафи бузургтарин  консепсияи «Бахти тамоми миллат» аст. Дар мамлакат ибодатгоҳҳо ҳифз мешаванд, гулпарвариву тоза нигоҳ доштани кӯчаҳо, ғамхорӣ дар ҳаққи кӯҳансолон ва ғайра ба ҳукми қонун даромадааст. Дар ибтидои асри нав сарони Бутан хостаанд мардуми кишварҳои дигарро низ мисли мамлакати худ хушбахт бинанд. Биноан, барои таҷлили Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ ба СММ муроҷиат намуданду соли 2013 Маҷмаи умумии СММ дар ин бора қатънома қабул кард.

Наврӯзи хуҷастапайро бидуни суруду мусиқӣ ва шеър тасаввур кардан имконнопазир аст. Басо рамзист, ки аз соли 1999 маҳз дар рӯзи таҷлили Наврӯз-21 март дар дунё Рӯзи умумиҷаҳонии назм ё шеър низ таҷлил мегардад.  Пайванди миллати куҳанбунёди тоҷик бо шеър нисбат ба ҳама миллатҳои дигар қавитар асту моро бо назми оламгирамон мешиносанд.

Ҷашни дигари ба таҷлили Наврӯз иттифоқафтода Рӯзи байналмилалии ҷангалзорҳост. Ҷангалзорҳо яке аз сабабҳои ҳастии сайёра маҳсуб шуда, онҳоро «шуш»-и сайёра мегӯянд.

Ин ҷашн расман соли 2012 пайдо шуд, вале аз соли 1971 ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҷангалзорҳо таҷлил мегардид, ки ташаббускори он Конфедератсияи аврупоии кишоварзӣ буда, аз ҷониби Созмони ҷаҳонии хӯрокворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) дастгирӣ ёфтааст. Хурсандиовар он аст, ки чанд сол аст ҷиҳати барқарор намудани ҷангалзор тадбирҳои судманд роҳандозӣ мешаванд.

 

Н. НИЗОМӢ, «Садои мардум»