Наврӯз, ки таърихи беш аз 6000-сола дорад, бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ба ҳисоб меравад. Наврӯзи Аҷам қадимтарин ид дар ҷаҳон маҳсуб ёфта, ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадими ориёнажодон, аз ҷумла мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб бамаврид фармудааст:
Базми гул дар чамани Наврӯз аст,
Даври гул — гулфикани Наврӯз аст.
То ба гардун сухани Наврӯз аст,
Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.
Бо ибтикор ва саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз дар мамлакат марҳала ба марҳала шукӯҳи бештар касб карда, соли 2010 тибқи қатъномаи СММ ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд ва соли 2016 ба Феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид.
Сарвари давлат дар ин хусус 21-уми марти соли 2016 чунин таъкид намуданд: «Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошад, ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангию инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покию садоқат ва зебоию бедорӣ эътироф менамоянд».
Муҳим он аст, ки ҷашни ниёкони моро дар дигар кишварҳо низ бо номи аслиаш — Наврӯз ид мекунанд, ки боиси ифтихор аст. Дар зер таври мухтасар шеваи таҷлили ин ҷашнро дар баъзе мамолик бозгӯӣ менамоем.
ЭРОН
Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзҳои охири фасли зимистон омодагӣ ба Наврӯз оғоз мешавад. Аз даҳаи якуми Исфандмоҳ (феврал) занони эронӣ гандум, наск ё дигар донагиро месабзонанд. Дар суфраи идона моҳии қирмиз (сурх) ҷойгоҳи хос дорад. Иддае ақида доранд, ки ҳангоми ивазшавии сол (20-21 март) ин навъи моҳӣ лаҳзае аз ҳаракат бозмемонад. Гузоштани оина дар хони наврӯзӣ низ роиҷ буда, рамзу ҳикмат дорад. Ғайр аз ин, бо мақсади баракат ҷустан болои суфра гузоштани Қуръон низ маъмул мебошад.
Суфраи ҳафтсин аз саману (суманак), санҷид, себ, сирко, сикка (танга), сипанд ва сир (сирпиёз) иборат аст.
Яке аз оинҳои наврӯзӣ пок сохтани манзилу муҳити зист аст. Тибқи ривоят Наврӯз рӯзи некуист барои ҳама корҳо, хариду фурӯш, дарахтшинонӣ, зироаткорӣ ва ғайра.
Рӯзи Наврӯз аҳли хонавода бо сарварии падару модар, падарбузургу модарбузург гирди дастурхони идона ҷамъ меоянд. Ҳамасола чанд рӯз пештар тавассути радиою телевизион ва рӯзномаҳо соату дақиқа ва ҳатто сонияи аниқи ивазшавии сол эълон мешавад. Ҳангоми ивазшавии сол бузургони хонавода дуои навшавии солро мехонанд: «Худоё, ҳоли моро тамоми сол неку бигардон!».
АФҒОНИСТОН
Дар ин кишвар Наврӯзро қариб 40 рӯз ҷашн гирифта, дар минтақаҳои гуногун ҳар хел ном мебурданд. Маъруфтарини онҳо «Ҷашни гули сурх» (вилояти Балх), «Ҷашни Молон», «Ҷашни Имоми Шашнур», «Ҷашни Хиёбон», (вилояти Ҳирот), «Ҷашни Хоҷа Сафо», «Ҷашни Арғувон» ва «Ҷашни Корез Мир» (шаҳри Кобул) мебошанд.
Наврӯз, алалхусус, дар маркази вилояти Балх шаҳри Мазори Шариф бошукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин ҷо аз тамоми вилоятҳои Афғонистон меҳмонон меоянд.
Рӯзи Наврӯз дар Мазори Шариф бо дуои пирони равшанзамир маросими «Ҷанда боло» баргузор мешавад. Парчами бузурге, ки онро «Парчам (ҷанда)-и ҳазрати Алӣ» меноманд, бардошта мешавад. Кишоварзон бо умеди ҳосили фаровон ба кишти зироат шурӯъ мекунанд, боғдорон ниҳол мешинонанд.
Дар арафаи Наврӯз мусобиқаҳои гӯштигирӣ ва бузкашӣ баргузор мегарданд. Дашту даман дар айёми Наврӯз қабои сабзу сурх ба бар мекунад. Лола ончунон зиёд мерӯяд, ки қолини сурхро ба ёд меорад. Шояд аз ҳамин сабаб Наврӯзро дар Балх «Ҷашни гули сурх» меноманд.
Дар арафаи ид домодҳо ба манзили падарарӯси худ идонаву ҳадяҳо мебаранд. Ғайр аз либоси идона домод ба арӯси худ моҳии тоза, меваю кабудӣ низ мефиристад. Дар ҳар хона суманак мепазанд. Суруди суманакпазии тоҷикони Афғонистону Тоҷикистон аз ҳам фарқ надоранд.
Баъд аз 40 рӯзи ҷашнгирии Наврӯз дар шаҳри Мазори Шариф маросими «Ҷанда поён» доир гардида, парчамро поён мефуроранду аз Худованд файзу баракату саломатӣ мехоҳанд.
ПОКИСТОН
Баъд аз он ки Маҳмуди Ғазнавӣ як қисми нимҷазираи Ҳинд (ҳудуди имрӯзаи Ҳиндустону Покистон)-ро фатҳ намуд, аз ҳамон давра баъзе расму оини мардуми форсинажод, аз ҷумла Наврӯз низ, дар нимҷазираи Ҳинд паҳн гардид.
Баъди нимҷазираи Ҳиндро забт кардани англисҳо ҷашни Наврӯз дар ин сарзамини паҳновар аҳамияти худро аз даст дод. Танҳо баъзе мусулмонон ё афроди эрониасл, балуҷҳову ҳазораҳо Наврӯзро дар доираи маҳдуд ҷашн мегирифтанд. Баъдан онро ба номи тоҷикии «Ҷашни баҳорон» таҷлил мекарданд.
Ҳоло «Ҷашни баҳорон» ба Иди миллии Покистон (23-юми март) рост меояд. Дар ин давра донишгоҳу мактабҳо то 15 рӯз таътил мекунанд. Мусобиқаҳои варзишӣ ва бодбаракбозӣ баргузор гашта, фурӯши маҳсулоти идона доир мегардад.
ОЗАРБОЙҶОН
Дар Озарбойҷон Наврӯз чун Эрон ҷашн гирифта мешавад.
Рӯзи якуми Наврӯз дар Озарбойҷон мардум субҳи барвақт дар рӯду чашма ё ҷӯй, дасту рӯй мешӯянд, ба ҳамдигар об мепошанд, зеро об рамзи покиву тароват аст. Субҳи ид истеъмоли ширинӣ (асал, қандчой, кулчаи қандин, мураббо) фоли нек аст. Барои сокинон дуд кардани хушбӯӣ (сипанд, уд) рамзи эмин будан аз қувваҳои нопок маҳсуб мешавад. Вобаста ба ин ҷашни бостонӣ парад, консерт, намоишномаҳои театрикунонидашуда баргузор мегардад. Яке аз чорабиниҳои ҷолиб ҳаракати корвони шутурҳо ва фойтунҳои ҳомили Деде Горгуд (Бобои Деҳқон), Баҳор қизи (Маликаи Наврӯз), Кечала ва Кёси мебошад, ки мардумро бо фарорасии Наврӯз табрик мекунанд.
Дар суфраи идона озариҳо илова ба ҳафтсин оина, шамъ ва тухми рангкарда мегузоранд.
ТУРКИЯ
Дар Туркия Наврӯзро, асосан курдҳо, озариҳо, туркманҳо ва туркҳои масҳатӣ таҷлил мекунанд. Эътиқоде вуҷуд дорад, ки ҳар чизи дар рӯзи Наврӯз ба назаррасида тамоми сол ҳамсафари кас мешавад. Аз ин рӯ, пеш аз фарорасии Наврӯз сабзаи гандум ё ҷав ва пулро, ки рамзи фаровониянд, наздики худ мегузоранд, то чашмашон аввал ба онҳо афтад.
Дар шаҳру деҳоте, ки Наврӯз таҷлил мешавад, мардум гулхан афрӯхта, маросими аловпаракро ба ҷо меоранд. Дар суфраи идона самбӯсаи алафӣ бо исфаноҳ (испалок), тухми бо пӯчоқи пиёз рангкарда, қанду ҳалво ва дигар шириниҳо мегузоранд.
ТОТОРИСТОН
Кӯдакони тотор дар айёми Наврӯз хона ба хона гашта, таронаҳои идона мехонанд ва соҳибхона ба онҳо туҳфа (тухми рангкарда, ширинӣ, биринҷ, нахӯд, арзан, гандум, ҷав) медиҳад. Ин маросимро «Наврӯз эйтеп йору» меноманд, ки ҳамон гулгардонии тоҷикон аст.
Тоторҳои Қрим шеъри идонае доранд, ки ду мисраи он тоҷикист:
Наврӯз муборак бод!
Шодӣ бод, шодӣ бод!
Шукур қилдим Худога,
Салавотималарга,
Муҳаммад Мустафога,
Наврӯз муборак бод!
Тоторҳо низ пеш аз Наврӯз сабзаи ҷави русӣ (бомус, овёс) ва кулча тайёр мекунанд. Дар рӯзи ҷашни Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ ва намоишҳои театрикунонидашуда баргузор мешавад. Зеботарин духтари маҳал — «Наврӯзбика» рамзи зимистони қаҳратун – «Қиш бой»-ро гусел мекунад, то ки мавсими гармо фаро расад.
ҚАФҚОЗ
Мардуми Балқар, Доғистон (лакҳо, лезгинҳо), Қарачай низ Наврӯзро аз қадим ҷашн мегиранд. Дар ҳар маҳал шаби 21 ба 22-юми март дар 7 майдон гулхан меафрӯзанд. Бисёриҳо бо нияти дур шудан аз чашми бад, рафъи бемориҳо ва дигар ноҷӯриҳо ҳафтборӣ аз болои оташ меҷаҳанд. Таоми наврӯзии мардуми Қафқоз мисли мастоба буда, аз дони ҷуворӣ, ҷав, лӯбиё, нахӯд ва картошкаю гӯшти қима пухта мешавад.
ТУРКМАНИСТОН
Дар арафаи Наврӯз шохчаҳои муғчадори зардолу, себ ва бедро дар кӯза ё зарфҳои обдор мегузоранд. Субҳи ид аҳли хонавода либоси нав ба бар карда, гирди дастурхон ҷамъ мешаванд. Ба муносибати Наврӯз фатир, кулча ва самбӯсаи алафӣ мепазанд. Дастурхони ҳафтсини туркманҳо мисли мардуми Эрон аст, вале ба ҷои сикка дар суфраи идонаи Туркманистон сиёҳдона мегузоранд.
Туркманҳо чунин ақида доранд, ки агар дар рӯзи Наврӯз ҳаво абрнок бошад, чунин ҳаво то моҳи июн боқӣ мемонад, агар рӯзи ид барф ё борон борад, соли фаровонҳосилӣ мешавад.
Наврӯз дар Ӯзбекистони ҳамсоя чун дар Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат мегузарад ва оинҳои наврӯзӣ аз ҳамдигар фарқ надоранд. Дар Қазоқистону Қирғизистон низ мисли мо дар арафаи Наврӯз суманак мепазанд ва онро «сималак» мегӯянд.
Ҷашни бостонии Наврӯз, инчунин, дар Чин (тоҷикон, уйғурҳо, қазоқҳо, қирғизҳо, дунганҳо), Ҳиндустон (порсҳо, исмоилиҳо, шиаҳои ҷаъфарӣ), Албания бо номи «Дита и Султан Наврӯзӣ» (Рӯзи Султон Наврӯз), Курдистони Ироқ ва Бошқирдистони Федератсияи Россия таҷлил мешавад.
Дар маҷмуъ, Наврӯз дар ҳар куҷое, ки таҷлил гардад, рисолати деринаи худ — сулҳ ва ҳамбастагиро тақвият бахшида, дӯстию бародариро миёни қавму миллатҳои гуногун меафзояд.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум»