Бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик, аз ҷумла Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон, дубора эҳё ва ҳамчун идҳои миллӣ ба расмият шинохта шуданд.
22 декабри соли 2017 дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд, ки «Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада, дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё шуда, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари безаволашон «Тоҷикон дар оинаи таърих» навиштаанд: «Афроде, ки аз сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин, марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи аҷдодӣ, расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш огоҳӣ надоранд, ҳеҷ гоҳ инсони комил ва фарзандони барӯманди замони худ шуда наметавонанд».
Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик буда, бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буд. Танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав эҳё гардида, мақоми ҷашни расмиро соҳиб гардид.
Ин ҷашн ҳар сол баъд аз як моҳу 2 рӯзи Чиллаи калон рост меояд, ки марҳилаи сардиҳои шадиди зимистон мебошад. Шояд дар баробари дигар хусусият аҳамияти калон пайдо кардани оташ ва арҷ гузоштан ба он маҳз ҳамин сардиҳои шадид бошад, ки оташ афрӯхтану ҷашн гирифтани он ҳамчун рамзи ғалабаи гармӣ бар сардӣ, нур бар зулмот, субҳ бар шом, инчунин, гармии хонадон ва рӯсурхии мардум шуморида мешавад.
Ҷашни Сада маҳбубияти хоса дошта, дар тӯли асрҳо аз тарафи аҷдодони мо ид карда мешуд ва хушбахтона, солҳои охир ин анъана эҳё гардиду идома дорад.
Донишмандони муосири тоҷик Садаро ба рақами сад марбут медонанд. Агар аз рӯи ин фарзия аз рӯзи саршавии Сада то Наврӯз ҳисоб кунем, ин рақам ба 50 мерасад. Лекин дар ҳолати 50 шабро бо 50 рӯз алоҳида ҳисоб намуда онро ҷамъ созем, рақами 100 ҳосил мешавад, ки фарзияи мазкурро тақвият медиҳад.
Ривоят аст, ки пешиниёни мо чилрӯзагии хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман чун Сада ҷашн мегирифтанд ва ин ном ба шумори 100 бад-он хотир пайваста аст, ки то фарорасии Наврӯз 50 шабу 50 рӯз мебояд посдорӣ кард ва пас аз 50 рӯз, яъне замони ба балоғат расиданаш хуршедро рӯзи фархундаи фарвардин ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст.
Тибқи тақвими бостонӣ (меҳрпарастӣ) сол аз 150 рӯзи зимистон ва 210 рӯзи тобистон иборат будааст. Яъне аз оғози зимистон то даҳуми баҳман 100 рӯз ва аз Сада то Наврӯз 50 рӯзи дигар ҳисоб мекардаанд.
Ҳамин тариқ, ба иттилои бостоншиносон Сада яке аз се ҷашнҳои куҳантарин ва бузургтарини бостонии мардуми ориёитабор, аз ҷумла тоҷикон буда, зиндаву поянда нигоҳ доштани ин ҷашнҳо, ки барои худогоҳии миллӣ аҳамияти махсус доранд, фарзонагону донишмандони ҳар давру замони мо заҳмат кашида, гоҳе ҷон ба гарав гузоштаанд. Бояд гуфт, ки ҷашни Сада ба ҳеҷ дину мазҳабе пайвандӣ надошта, як ҷашни миллист. Дар матнҳои паҳлавӣ ва оини зардуштӣ аз ҷашни Сада ёдоварӣ нашудааст. Бинобар ин, яқин аст, ки он пайвастагие ба боварҳои зардуштӣ надорад.
Дар замони бостон шоми ҷашни Сада болои теппаву кӯҳҳо ва ё бомҳо баромада, бо ҳезуми хушк оташ меафрӯхтанд ва дар атрофи он тарона хонда, рафтани сармо ва расидани гарморо орзу мекарданд. Ҷашни Сада мисли дигар ҷашнҳои мардуми ориёитабор, бештар ба шароити иқлимӣ, рӯйдодҳои кайҳонӣ ва омодагии кишоварзӣ вобастагӣ дорад.
Дарвоқеъ, Сада ҷашни фархунда буда, мардум бо таҷлили он барои киштукори баҳорӣ омодагӣ мегиранд, дарахт мешинонанд, замин шудгор мекунанд, ба қавсоб ва чиллаоб мондани ниҳолҳо машғул мешаванд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»