Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки «…миллати тоҷик соҳиби оину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимӣ буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату оинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада, дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гарданд ва нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».
Инак, ҷашни фархундаи Сада таҷлил мешавад, ҷашне, ки миёни гузаштагони дури мо баёнгари ҷовидонагии хуршед ва муқаддас шуморидани оташ маҳсуб меёфт. Ҷашне, ки аз оинҳои таърихии ниёконамон аст. Ҷашни беназире, ки огаҳӣ аз сипарӣ шудани фасли сармо ва мужда аз фаро расидани баҳору Наврӯзро ба мардум мерасонад…
Ҷашни Сада мувофиқи ривояту устураҳо дар даврони шоҳони асотирии Пешдодиён, ки ҳазорон сол пеш зистаанд, доир мегаштааст ва ҳақиқати онро Сарвари давлат барвақт дарк карда гуфта буданд: « … барои халқи тоҷик ҷашни Сада мисли ҷашни Меҳргон таърихи қадима дорад ва бояд он аз нав комилан эҳё гардад».
Маҳз дар заминаи ҳамин ҳидояту таъкидҳои миллатдӯстонаю меҳанпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳқиқу омӯзиш, ковишу ҷустуҷӯҳои мардумшиносӣ дар кишварамон сурати тоза касб карда, самараю натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овард. Акнун мутахассисону коршиносон барои рушду таҳаввул ва тавсеаи тафаккури навини аҳли ҷомеа ва таҳқиқи мероси пурғановати гузаштагонамон саъю талоши зиёд ба харҷ дода, ба омӯзиши таърих ва фарҳанги пешини халқамон ба таври ҷиддитар машғул гаштанд. Вале боз ҳам баисрор таъкид менамоем, ки маҳз таълифу эҷоди асарҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва навиштаҳои дигари аҳамияти таърихию халқдӯстона доштаашон комилан собит сохтанд, ки миллати тамаддунофари тоҷик таъриху фарҳанги, воқеан, пурғановату қадима дорад.
Ба андешаи таърихшиносон пайдоиши ҷашни Сада, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он — оташ мебошад, хеле қадимӣ буда, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам дуртар мерасад. Доир ба арзи ҳастӣ намудани он аввалин ахбор дар фарҳанги гуфторӣ (шифоҳӣ), устураҳои мансух ишора рафта ва тавассути ин ду сарчашма ба осори хаттӣ роҳ ёфтааст. Хеле муҳим аст, ки боварҳо ва нишонаҳои эътиқод ба хуршеду оташ, ки сабабгори аслии ба вуҷуд омадани ҷашни Сада мебошанд, то имрӯз дар байни мардумони гуногуни олам ба назар мерасанд.
Агар Наврӯз дорои мафҳумҳои сулҳ, дӯстӣ, ҳамдилӣ ва ҳамбастагиро талқин намояд ва рафоқату иттиҳодро миёни қавму миллатҳои мухталиф авлотар ҳисобад, Сада барои эҳтиром гузоштан ба хуршед ва оташу рӯшноӣ заминаи воқеӣ гузошт ва сабаби он гашт, ки дар қадим инсонҳо ба ин унсурҳо эътимоду эътиқод пайдо кунанд, онҳоро мадҳу ситоиш намоянд. Чунки агар оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани ниҳоди онҳо, ҳаёти воқеиашон замина гузорад, хуршед бошад, бо шуоҳои сӯзону тафсонаш ба зиндагии инсонҳо нуру саодату гармӣ ворид мекард.
Ниёкони гузаштаи мо мудом рӯйи худро ба сӯи оташ, дастони худро ба сӯи хуршед бурда, аз ин ду унсур барои саҳлу осон гаштани мушкилоти рӯзгори хеш ёрию мадад металабиданд. Ҳамин эътиқоду боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз мелод қавмҳои гуногуни дунё барои рӯзгори худ устураҳо меофариданд ва кушоиши кор, баракати рӯзгор, саодати зиндагӣ, ҳаёти ширину гуворои баъдиашонро бо ин ҷашну маросимҳо сахт тавъам медонистанд. Баъди адои бомуваффақияти ин боварҳо худро хушҳолу қавируҳ эҳсос карда, сипас, ҷиҳати сомон бахшидани корҳои муҳимашон мепардохтанд.
Ба ҳар сурат, пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои бо он нисбатдошта ба моҳияти рӯшноӣ ва оташ марбут аст ва аз рушду ташаккули қавмҳои ориёӣ мужда мерасонад.
Дар ин бобат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари беназирашон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» нигоштаанд: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст».
Бо ҳидоят ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Сада дар Тоҷикистон умри дубора ёфт. Акнун Сада дар тамоми ноҳияҳо ва шаҳрҳои кишварамон ба таври густурда ҷашн гирифта мешавад. Дарвоқеъ, фарзандони бонангу номус ва фарзонаи миллат бояд омӯзиш, ташвиқу тарғиби осори мондагори ниёконамонро қарзи виҷдонию имонии худ бидонанду ба он ҷовидона арҷгузорӣ намоянд.
Имрӯз мо аз он меболему ифтихор дорем, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонист ҷашнҳои муқаддаси миллӣ — Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Садаро ҳазорон сол нигоҳ дошта, онҳоро ҷаҳонӣ гардонид.
Месазад, ки мо ҳам ба истиқболи ҷашни Сада мисли ниёконамон қиём намоему ниёиш кунем: «Сада, омад — омадатро бесаброна интизорем. Биё, ки аз омаданат дар чашмонамон нур, дар қалбҳоямон оташу гармӣ ва дар ниҳодамон меҳру эътиқоду навозиш ғулғулаю шукӯҳи тоза меафканад. Биё, ҷашни аҷдодони хирадманду маърифатдӯст ва заковатманди мо — Сада!».
Шарифҷон Ҳусейнзода,
«Садои мардум»