Ҷашни офариниш

№38 (4934) 20.03.2025

4Ҷашни Наврӯз иди анъанавӣ ва таърихии халқи тоҷик аст. Бо вуҷуди дар тӯли таърих иваз шудани давлатдорӣ ва сиёсат ин ид аз миён нарафт. Бахусус, дар даврони соҳибистиқлолӣ Наврӯз шукӯҳу шаҳомати тоза касб кард. Дар ин бобат махсусан хизматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург ва қобили эҳтирому арҷгузорист. Бо ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ ба Наврӯз мавқеи иди миллӣ дода шуд ва дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сабт гардид.

Бо саъю талоши Сарвари давлат шукӯҳи ин ҷашни ниёгон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар саросари ҷаҳон ҷойгоҳи вижа касб кард. Бо эҳтиром ва ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои Пешвои миллати мо ва дар ҳамбастагӣ бо сарони дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин иди фархундапай аз сӯи Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд.

Мувофиқи баъзе маълумот айни ҳол дар ҷаҳон беш аз 400 миллион нафар Наврӯзро ба ҳайси ҷашни миллии худ мешиносанду хуҷаста медонанд. Аммо нуктаи ҷолиб он аст, ки номи он дар ҳама ҷо тоҷикист, яъне онро ягон миллат ба забони худ тарҷума накардааст.

Аз таърихи Наврӯз

Оид ба пайдоиши Наврӯз дар осори бузургони илму маърифати тоҷик маълумоти фаровон мавҷуданд. Абӯрайҳони Берунӣ дар «Осор-ул-бақия» овардааст: «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст». Ҳамчунин, ин олими бузург дар асари дигари хеш «Ат-тафҳим» Наврӯзро чунин тавсиф кардааст: «Аз русуми порсиён Наврӯз нахустин рӯз аст аз Фарвардин ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном кардаанд, зеро ки соли нав аст».

 Муҳаққиқону бостоншиносони тоҷик зуҳури Наврӯзро беш аз шаш ҳазор сол пеш арзёбӣ мекунанд. Дар ин замина, бисёре аз донишмандон оғози Наврӯзро ба Ҷамшеди Таҳмурас — подшоҳи хирадпешаи пешдодӣ нисбат додаанд. Дар китоби таҳиянамудаи донишманди эронӣ Муртазо Ҳунарӣ «Оинҳои наврӯзӣ» аз ҷумла омадааст: «Дар давраи исломӣ Наврӯзро ба Сулаймон пайғамбар нисбат додаанд ва гуфтаанд, ки чун ангуштарини вай рабуда шуд, подшоҳӣ аз дасташ берун рафт. Пас аз чиҳил рӯз онро бозёфт. Ва фараҳи пешин ба ӯ бозгашт ва подшоҳон назди ӯ рафтанд ва мурғон ба ӯ бозгаштанд ва эрониён гуфтанд: «Наврӯз омад!». Дар ин хусус дар «Осор-ул-бақия»-и Абурайҳони Берунӣ низ ривояте нақл мешавад.

Ислом ва Наврӯз

Ҷашни фархундаи Наврӯз ба дини мубини ислом ва муқаррароти динҳои дигар ихтилоф надорад, ки ин омили умри дарози таърихӣ доштани он аст. Ислом аз анъанаҳои наврӯзӣ, аз қабили тозагиву озодагӣ, аёдати ниёзмандон, бурдани дасти навозиш ба сари ятимон, шод гардонидани дили ношоде, ҳамеша истиқбол намудааст. Мо шоҳиди як навъ омезиши зебои ваҳдатгарое миёни суннатҳои наврӯзӣ ва муқаррароти динӣ ҳастем. Масалан, аз қадимулайём хонатаконӣ, поку озода гардонидани муҳити атроф ва саховату ҷавонмардӣ аз анъанаҳои хоси наврӯзӣ будааст, ки шариати исломӣ ҳам ба чунин суннату анъанаҳо арҷ мегузорад. Тавре аз мазмуни ҳадиси саҳеҳи Расули акрам (с) бармеояд: «Худованди таъоло пок аст, покиро дӯст медорад, сахӣ аст ва саховатро дӯст медорад…».

Ҷашни Наврӯзро дар баъзе аз минтақаҳои кишвари мо «Ҷашни деҳқон» ҳам ном мебаранд, ки бесабаб нест. Дар айёми баҳор, ки вақти киштукор аст, бояд ҳар лаҳзаро ғанимат дониста, софдилона меҳнат кунем. Дар хотир дорем, ки деҳқонон заҳмат мекашанд, то шароити зиндагии мардум беҳтар гардад ва маҳз тавассути арақи ҷабини деҳқон одамон ризқурӯзии худро пайдо намуда, аз анвои маҳсулот баҳраманд мешаванд.

Имсол ҷашни Наврӯзи фархундапай ба моҳи мубораки Рамазон рост омад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон таъкид карданд: «Моҳи шарифи Рамазон имсол ба оғози фасли баҳор ва мавсими киштукор рост меояд. Баҳор фасли зиндашавии табиат ва оғози заҳмати созанда мебошад. Дини мубини ислом инсонҳоро ҳамеша ба заҳматкашӣ, касбу кор ва саъю талош барои ризқу рӯзӣ даъват мекунад. Ҳар кас дар моҳи мубораки Рамазон бо нияти пок заҳмат мекашад ва киштукор мекунад, на танҳо ризқи худ ва аҳли оилаашро таъмин месозад, балки ба ҷомеа низ манфиати зиёде мерасонад».

Табобати наврӯзӣ

Бо фаро расидани баҳор табиат эҳё мешавад. Аз ҷумла, гулу гиёҳи зиёде аз замин сар мекашанд, ки дар баробари зебо будан, ҳамчунин, давобахш ҳастанд. Наврӯз ва умуман, фасли баҳор мавсими табобат аст. Дар ин мавзуъ бо адиб, табиби мардумӣ ва гиёҳшинос Муҳаммадрасул Иброҳимзода ҳамсуҳбат шудем.

- Дар фасли баҳор талаботи одамон ба алафу гиёҳҳо ва ғизоҳои аз онҳо омодашуда зиёд мешавад, чунки дар зимистон зери таъсири хунукӣ ва истеъмоли ғизоҳои ғайритабиӣ, серравған ва дигар омилҳо дар бадани инсон норасоиҳо ҳис мешавад. Дар натиҷа, одам худро хастаю бемадор ҳис карда, аввали баҳор бисёр касалиҳо хурӯҷ мекунанд. Бинобар ин, талабот ба гулу гиёҳ ва алафҳои баҳорӣ, ки шифобахшу нерудиҳандаанд, зиёд мешавад. Махсусан, дар оғози баҳор ва айёми Наврӯз истеъмоли пудина, сиёҳалаф, модел, торон, рошак ва хӯрокҳои аз онҳо тайёрмешуда зиёд мешавад. Воқеан, табиати диёри мо манбаи давоҳои зиёди табиист, ки дар мавриди дуруст истифода бурдани онҳо мо метавонем саломатии ­худро беҳтар намоем, — гуфт Муҳаммадрасул Иброҳимзода. — Масалан, яке аз гиёҳҳои серистеъмол пудина аст, ки дар ҳама ҷо аввали баҳор мерӯяд. Пудина хунро соф намуда, асабро ором месозад, сангҳои гурдаро мерезонад. Гиёҳи дигар чукрӣ мебошад, ки барои бемориҳои қанд, фишорбаландӣ, хуни ғафсшуда манфиатбахш буда, ҷигар ва сипурзро низ пок мекунад. Торон низ чунин хусусият дорад. Сиёҳалаф барои бемориҳои ҷоғар, қанд, фишорбаландӣ давои хуб аст.

Тавсифи табобат бо гулу гиёҳҳои баҳорӣ дар асарҳои мутафаккирони бузургамон фаровон аст. Чунончӣ, ба қавли Абуалӣ ибни Сино агар рӯзе аз 150 то 200 миллилитр шарбати баргу пояи зуфро бо як қошуқча асал ним соат пеш аз хӯрок истифода баред, аз саратони меъдаю рӯда эмин мемонед. Ҳакими бузургамон кокутӣ ва тахачро «тарёки кабир», яъне позаҳри бузург ном кардааст. Ва ё, ба гуфтаи Абумансури Муваффақ ва Абуалӣ ибни Сино, касе аз моҳи Ҳамал (айёми Нав­рӯз) то Саратон ҳар рӯз як мисқол (4,5 грамм) барг ва ё ғурраи арпабодиёнро истеъмол кунад, ҳамон сол аз бемориҳои меъда, рӯда, гурда, ҷигар ва зардпарвин эмин мемонад.

Дар баҳор гули наргис мерӯяд, ки зебою ҳам давобахш аст. Абуалӣ ибни Сино мегӯяд, ки гули наргис барои рафъи кирми меъдаю рӯда, узвҳои мардона ва ғайраҳо манфиатовар аст. Бӯй кардани гули наргис гиреҳи майнаи сарро мекушояд, асабро ором мегардонад, вақтро хуш мекунад. Сино тавсия медиҳад, ки агар тавонед, ҳар рӯз як-ду маротиба гули наргис бӯй кашед, агар имкон набошад, ҳафтае як маротиба, агар натавонистед, моҳе як маротиба бӯй кашед ва ин кор ҳам ба шумо даст надод, соле як маротиба ин гулро бӯй кашед, асабатон ором мешавад.

Воқеан, Худованд ба мо — тоҷикистониён табиати бою биҳиштосо ато кардааст. Бояд аз ин шукргузорӣ кунему неъматҳои фаровонро оқилона ва сарфакорона истифода барем.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»