Ҷашни офариниши Оламу Одам

№29 (3175) 21.03.2014

навруз1

Ҷашни хуҷастапай ва оламафрӯзи Наврӯз барои мардумони ориёинажод ва махсусан барои тоҷикон, рамзи эҳёи дунёи хуфта ва бедории табиат мебошад. Ин ҷашн барои мардумони мо пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, хубӣ бар бадӣ, ҷавонӣ бар пирӣ ва накуӣ бар зиштӣ аст. Наврӯз ҷашни омад — омади баҳор, такопӯи ҳаёт,  рӯиши дубораи табиат ва ҷашни офариниши Оламу Одам аст. Ҷашни фархундаи Наврӯз бо тамоми анъана ва суннатҳои гузаштаи мардумиаш барои тоҷикон, азизу мукаррамтарин ва беназиртарин русуми миллӣ маҳсуб мешавад. Саволе пеш меояд, ки чаро мо ин ҷашнро аз дигар суннатҳо боло мегузорем, ба он бештар эътиқод дорем?

Бояд посух дод, ки таҷлили ин ҷашн дар айёми эҳёи ҷаҳони ҳастӣ ва пирӯзии қувваҳои аҳуромаздоӣ бар аҳриманӣ, хубӣ бар бадӣ дар нахустрӯзи Фарвардинмоҳ сурат мегирад. Тибқи гуфтаи аллома Абурайҳони Берунӣ, Наврӯз зодаи сарзамини мардумони ориёинажод буда, дар пешонаи сол таҷлилаш созмон меёбад. Ин ҷашн дар масири таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи мардуми тоҷик дар ҳаёти маънавию маърифатии мардумони эронитабор нақши бузург бозидааст ва барои худшиносиву худогоҳӣ ва зебоипарастии ин миллати куҳанбунёд файзу баракати ҷавонӣ ато намудааст.

Роҷеъ ба кайфияти ҷашнгузории Наврӯз дар аҳди бостон, хосатан дар даврони шоҳони Ҳахоманишӣ ва Сосонӣ, маълумоти зиёде мавҷуд аст. Дар сангнавиштаҳои Тахти Ҷамшед дар Персополис мо тасвирҳоеро мебинем, ки ақвоми гуногун ба сӯйи шоҳ Доруюши Кабир равонаанд. Ё худ дар сангнавораи дигаре тасвиреро мушоҳида менамоем, ки дар он намояндагони ақвоме тасвир ёфтаанд, ки ба даст ҳайвон ва хӯроквориву чизҳои дигар доранд ва барои табрик дар остонаи оғози Наврӯз бо худ бардошта, назди шоҳ равонаанд.

Ҷашни Наврӯз дар хонадони Сосониён ҳам дар дарбор ва ҳам чун ҳозира дар байни табақаи гуногуни мардум бо як силсила маросимҳои аҷибу дилангез ҷашн гирифта мешуд. Шоҳ либосҳои идонаро дар бомдоди Наврӯз ба бар мекард, ки онро аз матои «бурди яманӣ ва вашӣ — бирешимӣ» таҳия менамуданд. Сипас, ба танҳоӣ ба қабулгоҳаш ҳозир мешуд. Ва шахсе, ки қадами нахустро ба назди ӯ мегузошт ва ба хизмати шоҳ мерасид, Мубади Мубадон буд. Мубади Мубадон ё худ сармубад бо ҷоми заррини пурмай ва ангуштариву дирамеву динори (сиккаҳои тиллоӣ) хисравонӣ, дастаи сабза, шамшер, тиру камон, давоту қалам, асп, боз ва бо кӯдаки некрӯй пеши шоҳ меомад ва ӯро бо суханони зайл табрик мегуфт:

- Шоҳо, ба ҷашни Фарвардин, ба моҳи Фарвардин озодӣ гузин, бар доду дини Каён (шоҳони Каёнӣ дар назар аст — Р. А.)  суруш оварад, туро доноиву биноӣ бар кордонӣ! Ва дер зӣ бо хӯи  жабр ва шод бош бар тахти заррин! Ва анӯша (шароб) хӯр ба Ҷоми Ҷамшед. Ва расми ниёкон дар ҳиммати баланд ва накукорӣ ва варзиши дод ва ростӣ нигаҳ дор! Сарат сабз бодо ва ҷавонӣ чун хавид ( сабзаи ҷав). Асбат комгору пирӯз! Ва теғат равшану корӣ бар душман! Ва бозат гиро ва хуҷаста ба шикор! Ва корат рост чун тир! Ва ҳам кишвар бигир нав! Бар тахт бо дираму динор! Пешат ҳунареву доно гиромӣ ва дирам хор! Ва сароят ободу зиндагонӣ бисёр!

Мубади Мубадон сипас ҷоми шаробро ба шоҳ медод ва дастаи хавидро дар дасти дигари ӯ мегузошт ва динору дирам дар пеши тахти ӯ мениҳод. Мақсади эшон аз овардани ин чизҳо он буд, ки шоҳ ва аҳли дарборро дида ба онҳо биафтад, ки дар тамоми сол ҳамасон шоду масрур бошанд ва Соли нав барояшон муборак ва хуҷаста гардад. Ва раиятро гиромӣ доранд, додраси мардум бошанд. Сипас, бузургони давлат ба табрики шоҳ меомаданд ва ҳадяҳои аз вилоёту кишварҳои дигаромадаро шоҳ мепазируфт ва онҳоро қисман ба хазина ворид месохт ва бахшеро барои меҳмонҳои олиқадри хориҷӣ тавзеҳ менамуд.

Одати дигари айёми наврӯзии Сосониён боз аз он иборат буд, ки ҳар сол дар Наврӯз шоҳон бози сафедро ба ҳаво раҳо намуда, парвоз медоданд. Ва хӯрокҳое, ки дар Соли нав ғизои маросимӣ буд, хӯрданро низ аз онҳо оғоз мекарданд. Таомҳои наврӯзӣ, асосан, аз маводи сафед – хӯрокҳои аз ширу биринҷ таҳияшуда, гӯшти паранда ва моҳӣ иборат буданд. Ҳатман дар суфраи «ҳафтшин», ки дар дубайтии зайл ифода ёфтааст, иборат буданд аз:

Ҷашни Наврӯз аз замони  Каён,

Мениҳоданд мардуми  Эрон.

Шаҳду ширу шаробу шаккари ноб,

Шамъу шамшоду шоя андар  хон.

Ин чизҳо – шаҳд (асал), шир, шароб, шакар, шамъ, шохчаи шамшод, шоя (ҳафтмева) ҳар яке рамзеро ифода менамуданд. Масалан, шаҳд – ширинии зиндагӣ, шир – покиву назофат, шароб – кайфияти латифу рӯҳияи хуб, шакари ноб, ки аз найшакар гирифта мешуд, сарбаландӣ, шамъ – гармии рӯзгор, шамшод абадияту бақои зиндагӣ ва сабзу хуррамии Оламу Одам ва шоя – ҳафтмева – фаровонии рӯзиро ифода менамуд.

Ниёкони мо бо омода намудани «ҳафтшин», ки баъди дини Исломро пазируфтан он бо тақозои сиёсат ба «ҳафтсин» табдил ёфтааст, дар Соли нав барои аҳли байташон фаровонӣ, баракат, рӯзгори осуда, сиҳатмандӣ ва барои кишвар сулҳу амонӣ таманно доштаанд.

Наврӯз дар андешаи поки мардуми тоҷик аз аҳди бостон то кунун ҷашни пирӯзии шоҳи асотирӣ — Ҷамшед бар девону дадон (ваҳшиёну дарандагон) ва пирӯзии нур бар торикӣ ва хубӣ бар бадӣ ҳисоб меёбад. Тибқи асотири бостонӣ, Аҳриман ва Анграману нияти харобсозии ин сарзаминро доштаанд, вале Аҳурамаздо ва Испандмину бо муттаҳидии ҳамаи фариштаҳову эзидону равонҳои пок ва кулли хирадҳои ҳушёр нагузоштаанд, ки сиёҳӣ бар бому дари мардуми кишвари ориёӣ соя афканад. Онҳо хостаанд, ки сапедиву равшанӣ дар симои Наврӯз дар нахустрӯзи фасли баҳор меҳмони арҷманди мардуми ориёӣ бошанд.

Мувофиқи ривояте, ки Берунӣ овардааст ва ин иттилоъ дар сарчашмаҳои дигар низ чун «Форснома»-и Ибнул Балхӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Таърихи Табарӣ», матнҳои паҳлавӣ низ такрор ёфтаанд, Наврӯзро ба фаъолияти шоҳии Ҷамшед нисбат медиҳанд. Гӯё Ҷамшед сайри ҷаҳон мекардааст. Чун ба Озарбойҷон ворид мешавад (ин кишвар тобеи Эронзамин буд), фармон медиҳад, ки тахте ороста, дар баландтарин мавзеъ баробари нури Хуршед гузоранд. Шоҳ бо тоҷи пур аз ҷавоҳирот бар он тахт менишинад. Тобиши Офтоб бар ҷавоҳироти шоҳ равшании Хуршедро дучандон мекунад. Мардумон шод мешаванд ва он рӯзро Рӯзи нав мехонанд ва ба номи шоҳ, ки «Ҷам» номида мешуд, вожаи «Шед» — ро, ки ба  тоҷикӣ маънои фурӯзону тобонро медиҳад, афзудаанд ва баъд онро Ҷамшед номидаанд ва ҷашни бошукӯҳу бузург созмон додаанд.

Хайём дар «Наврӯзнома» ба ин ақида аст, ки сабаби ном ниҳодани Наврӯз он будааст, ки Офтобро ду давр аст ва яке он, ки сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд,  лек дар соли бад бад–ин дақиқа наёяд ва чун Ҷамшед он рӯзро дарк кард ва ба эҳтисоб овард, Наврӯз ном ниҳоданд ва ҷашн гирифтанд.

Ва ҳамин тавр, ҷашни Наврӯз дар байни халқҳои тоҷику форс ба расмият даромад. Ва онро аз ҳамон айёми бостон то ба имрӯз тоҷикони Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Истаравшан, Панҷакенту Шаҳрисабз, Насафу Тирмиз, Ҳисору Хатлон, Бадахшону Дарвоз, Эрону Афғонистон ва кишварҳои дигари форсизабон бо чандин маросиму одобу одатҳо ҳар сол таҷлил менамоянд.

Пеш аз фарорасии Наврӯз ҳафтаи охирини соли сипаришаванда дар бисёр ҷойҳои Осиёи Марказӣ, ки тоҷикон сукунат доранд, маросиме баргузор мегардид, ки онро дар кӯҳистони тоҷикнишин «Чаҳоршанбеи охирон» мегуфтанд. Пеш аз ғуруби Офтоб дар чорраҳае оташ афрӯхта, хурду бузург аз болои он се борӣ парида: «Оташ, оташ, зардиву ранҷурии маро гиру сурхиву хуррамии худро ба ман деҳ» мегуфтанд ва дар охир кӯзаи сафолинро ба оташ партофта, ба ақиби худ нигоҳ накарда, ба хонаҳои худ мерафтанд. Бо иҷрои ин маросим мардум мехостанд, ки Соли нав – Наврӯзро сиҳату саломат истиқбол намоянд. Тибқи боварҳои мардум оташ кулли балоҳоро сӯзонда, нобуд мекардааст.

Мардум аз давраи бостон то рӯзгори мо дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Кӯлоб, Ҳисор, деҳоти Бадахшон, водиҳои Рашту Дарвоз ва ҷойҳои дигар дар арафаи Наврӯз ба ҳам гул тақдим мекарданд, гулоб мепошиданд ва шарбату ширинӣ мечашониданд. Вақти вуруд ва таҳвили солро ҳайатдонҳо муайян менамуданд. Дар хонаводаи осудаҳолу доро дар суфраи «ҳафтсин» дар моҳидонҳо моҳӣ мегузоштанд ва дар болои оина тухми пухтаи мурғ мегузоштанд. Ҳангоми таҳвили сол моҳиҳо ба такопӯ даромада, ҳаракатҳои ғайриодӣ нишон медиҳанд ва тухм дар болои оина ба чархидан медаромад. Мардум ҳангоми ҳаракати моҳиҳо ва чархидани тухм итминон пайдо мекарданд, ки сол нав шудааст ва Наврӯз пои муборакашро гузоштааст.

Баъзе солҳо Наврӯз рӯзона дохил шавад ҳам, ҳатман шамъҳоро фурӯзон мекарданд. Ҳангоми таҳвили сол, тибқи боварҳои ниёкон ва анъана, аҳли хонавода ба сари дастурхони наврӯзӣ бояд сарҷамъ бошанд.

Ақидае буд, ки касе аз аҳли хонавода ҳозир набошад, дар давоми сол мусофиру овора хоҳад шуд, ранҷу кулфат хоҳад дид. Вобаста ба рӯзи нахусти Соли нав мардуми эронитабор фол мегирифтанд, ҳар гуна суннатҳоро ба ҷо меоварданд. Дар ин рӯз набояд касе либоси сиёҳ бипӯшад. Ашёи сиёҳ рамзи неруҳои бадӣ — аҳриманӣ ҳисоб меёфт ва ашёи сафед нишон ва рамзи хубиву хушнудӣ — Эзиди пок Ҳурмузд ё худ Аҳуромаздо маънидод мешуд. Мардум дар Соли нав дегҳоро то гӯшааш пур карда, бо масолеҳи сафед таом мепухтанд. Ҳангоми омадани меҳмони аввалини  Соли нав соҳиби хона ба китфи рости ӯ сафедӣ мепошид. Меҳмони наврӯзӣ ҳангоми ба ҳавлӣ ё манзил ворид шудан ба кадбону муроҷиат намуда, мегуфт:

- Сад сол ба Соли нав бирасед, Наврӯзатон муборак!  Мизбонҳо низ меҳмонҳоро бо суханони анъанавӣ табрику муборакбод мегуфтанд.

Дар байни мардум доир ба Соли нав – Наврӯз суруду таронаҳои фаровон эҷод шудааст. Дар чунин асарҳо тоҷикон Наврӯзро васф намудаанд ва омадани Соли навро бо дилу ҷон орзу намудаанд.

 Рӯзи Наврӯз аст, булбул  дар чаман,

Аз фироқи барги гул гӯяд  сухан.

Ҳар саҳар мо ёди ёрон  мекунем,

Синаро сад чок созем дар  Ватан.

 Акнун суол пеш меояд, ки дар замони мо Наврӯзро чӣ тавр бояд таҷлил намоем? Ба андешаи мо анъанаҳои бостониро идома бахшида, корҳои зайлро анҷом додан айни мақсад мебуд:

1.Тартиб додани хони наврӯзӣ бо «ҳафтсин» ё «ҳафтшин». Хони наврӯзӣ бояд дар ҷойи беҳтарини манзил ва ё ҳуҷраи хубтарини ҳавлӣ тартиб дода шавад. Аввал, дар болои дастурхон нонҳои махсуси наврӯзӣ- гирдача, ширмол, чаппотӣ, кулчаҳои равғанин ва ё нони қатмолро бояд гузошт. Сипас, «ҳафтсин»-и маъмулӣ: сипанд, сабзаи суманак (дар патнус ва ё табақи махсус), санҷид, себ, сирко, сир ва сумоқ (сумоқро дар баъзе маҳалҳо қот, зелол ва ё зиранҷ низ мегӯянд). Дар баъзе оилаҳои дораму бобизоат дар гулдонҳо гул, дар моҳидон моҳӣ, мост, дар косаи чинӣ шир, оби тоза, ду-се навъи самбӯса: алафин, гӯштин, нахӯдин низ мегузоранд. Чун дар қадим дар Наврӯз молкушӣ ва баровардани хуни зиёд муравваҷ  набуд, анъанаро риоя намуда, аз моҳӣ ва гӯшти паранда истифода намудан беҳтар аст. Ва хеле хуб мебошад, ки ба масолеҳи сафед ғизои солинавӣ таҳия гардад, хосияти хуб дорад. Мизи наврӯзӣ бояд рӯйи дастархони сафед бо суфраи «ҳафтсин» ва болои он гузоштани оина, шамъҳои ранга, «Қуръон» — и маҷид омода гардад, тибқи суннатҳои ниёкон мебуд.

2. Дар бисёр хонаводаҳо ба муносибати Наврӯз палави софӣ ва резапалав омода мекунанд. Дар мизи наврӯзӣ дар зарфҳои зебо сабзавоту тухмҳои ранга, гӯшти мурғ, моҳибирён ва нӯшокиҳои гуногун мегузоранд, ки бо имконияти моливу тавоноии ҳар як хонадон марбут мебошад. Дар баъзе мавзеъҳо аҳли деҳ, гузар ё маҳаллаҳо аз маблағи барои таҷлили Наврӯз ҷамънамудаашон гандум, нахӯд ё маводи дигар харида, ҳалиса мепазанд, ки ин таом ба далда ва кашки мардуми манотиқи кӯҳистон шабеҳ аст.

3. Аз  қадим дар шаҳрҳои марказӣ ва деҳкадаҳо идгоҳҳои махсус буданд, ки дар онҳо ҷашни Наврӯз таҷлил мешуд.

Дар варзишгоҳҳои марказии кишварамон бо шарофати иди Соли нав расми гузашт – парадро чунон созмон додан лозим аст, ки дар он намояндаи ҳар як ноҳияву вилоятҳо ҳунар ва маҳсулоти тавлидии худро намоиш бидиҳанд. Ҳатто боғдорон, полезкорон, чорводорон намунаи беҳтарини маҳсулоти худро ҳамроҳ гирифта гузаранд. Ҷавонони маҳалҳои гуногун бо сарулибоси маҳаллӣ  аз расми гузашт – парад гузаранд, шукӯҳ ва ҳашамати ҷашни Наврӯз дучанд афзун мегардад.

4. Чун 21 март — Рӯзи назм эълон шудааст, якҷоя таҷлил намудани иди Соли нав ва Рӯзи назм ба мақсад хеле мувофиқ аст. Шеъру мусиқӣ ва зебоӣ ҷузъи муҳими оини Наврӯз мебошад.

Дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва омӯзишгоҳҳову донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба шарафи иди Соли нав созмон додани озмунҳои гуногун, хонишҳои наврӯзиву мусобиқаҳои варзишӣ бояд ҳамаҷониба ба роҳ монда шавад. Масалан, озмунҳои Зебои сол, Китоби сол, Паҳлавони сол, Дастаи ҳунарии сол, Деҳқони сол, Мусиқии сол, Муаллими сол, Овозхони сол, Хунёгари сол, Филми сол, Муҳаққиқи сол, Журналисти сол ва ғайра.

5. Бояд таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки ҳангоми мусобиқаҳои варзишӣ ба шарафи Ҷашни фархундаи Наврӯз ҳамон намудҳои варзишӣ созмон дода шаванд, ки онҳо тибқи анъаноти миллӣ бошанд. Масалан, чавгонбозӣ, паҳлавонӣ — гӯштӣ, вазнбардорӣ, пойгаҳ, шиноварӣ, футбол, волейбол, расанкашӣ, ҷаҳидан, найзазанӣ, шамшербозӣ ва ғайра.

Баъзе намудҳои варзиш чун бузкашӣ, ки дар он ҳайвони зиндаро кушта, зери пойи аспон мепартофтанд ва онро бераҳмона таги по мекунанд, одати мардумони мутамаддини эронитабор нест. Ин намуди варзиш ва дилхушӣ аз мардумони кӯчманчӣ шояд ба халқи мо гузашта бошад. Тирандозӣ, камонварӣ барин намудҳои бостонии варзишро тақвият бахшидан ва хуб ба роҳ мондан амри хайру муфид хоҳад буд.

Рӯзии АҲМАД, Корманди шоистаи Тоҷикистон