Сада, ки бо номҳои ҷашни оташ, ҷашни зимистон ва садасӯзӣ низ ёд мешавад, ҳазорон сол пеш пайдо шуда, аз куҳантарин идҳои ориётаборон аст. Дар манобеи илмӣ ва шарҳҳои омиёна садаро садумин рӯзи зимистон гуфтаанд: аз ибтидои зимистон — 1-уми обон (23-юми октябр) то 10-уми баҳман (30-юми январ) ва аз 10-уми баҳман (30-юми январ) то Наврӯз (21-уми март) 50 шабонарӯз аст, ки бо шумори шабу рӯз 100 рӯзро ташкил медиҳад.
Дар мавриди решашинохтӣ ва шарҳи вожаи сада фикрҳои мухталиф ҷой доранд. Аз ҷумла, Абурайҳони Берунӣ мегӯяд: «Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгори Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишуморанд, миёни он ва охири сол сад ба даст меояд» («Осор-ул-боқия»). Гардезӣ низ ба ҳамин бовар аст: «Миёни ин рӯз ва миёни Наврӯз сад шабонарӯз бувад, яъне панҷоҳ рӯз ва панҷоҳ шаб, бад-ин сабаб Сада ном кардандаш» («Зайн-ул-ахбор»). Номи ин ҷашнро ба Каюмарс низ пайванд медиҳанд: «Чун дар ин рӯз адади фарзандони Одам, ки Каюмарс иборат аз он аст, ба адади сад расида, лиҳозо рӯзи ҷашн муқаррар шуда…» («Ғиёс-ул-луғот»,417).
Сад вожаи тоҷикӣ буда, реша дар забонҳои эронии бостон дорад: дар форсии миёна sat, эронии бостон sata, санскрит ṡatά, авестоӣ sata, форсии бостон θata, суғдӣ st «Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ». Дар «Ғиёс-ул-луғот» омадааст: «ва лафзи сад (صد) дар асл ба сини муҳмала (سد) аст, ки ҳоло ба сод машҳур шуда» ва صد муарраби «سد» нест, балки таҳти таъсири хати арабӣ бо «ص» китобат шудааст.
Бархе аз донишмандон, аз ҷумла Меҳрдоди Баҳор ва Раҳом Аша, бар ин андешаанд, ки вожаи сада ба адади сад пайванд надорад ва онро тафсири омиёна хондаанд. Сада дар забони авестоӣ saδa аз решаи sand – «баромадани офтоб, тулӯъ», дар форсии миёна sad – «баромадан», суғдӣ sat «баромадан» ва xvēr satē – «баромадани хуршед» аст, зеро дар ин рӯз чиллаи калон ба поён расида, чиллаи хурдак мерасад ва ҳаво рӯ ба гарм шудан меорад.
Эроншинос Раҳом Аша дар мавриди вожаи сада чунин андеша дорад: «Пешиниён дар ҷашни Сада ду вожа — сада (шумори сад) ва сада (баромада, бархоста)-ро бо ҳам омехтанд. Аз поёни меҳрмоҳ то даҳуми баҳман сад рӯз аст, пас меҳр меравад то сад рӯз, ки барояд. Ҷашни Сада бозомадани меҳр – хуршед, офтоб аст, барои ҳамин оташ меафрӯзанд. Пас, сухани Берунӣ нодуруст нест, танҳо порае аз номи Садаро гӯяд. Гузориши ӯ аз 50 шабонарӯз то Наврӯз нодуруст аст». Андешаи Раҳом Аша аз поёни меҳрмоҳ (22-юми октябр), ки меҳр (хуршед) меравад, то 10-уми баҳман (30-юми январ) тақрибан 100 рӯз фосила аст ва чиллаи бузург ба поён мерасад ва хуршед мебарояд ва табиат майл ба гармӣ мекунад ва ба ин далел мардум фаро расидани Садаро ҷашн мегиранд.
Рози ҷашни Садаро мебояд дар ривояту афсонаҳо ҷӯё шуд, зеро ин ҷашн аз воқеият дур шуда, сурати устураӣ гирифтааст.
Бархе иддао доранд, ки аз шаби ялдо (21-уми декабр) то 10-уми баҳман чил рӯз сипарӣ мешавад ва онро чилрӯзагии офтоб ва поёни чиллаи калон меҳисобанд.
Абулқосим Фирдавсӣ бар ин андеша аст, ки ҷашни Сада аз замони Ҳушанг — замони падид омадани оташ маншаъ гирифтааст:
Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу ҳанг,
Гирифташ яке сангу шуд пешчанг.
Баромад ба санг гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз,
Аз ин табъи санг оташ омад фароз.
Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.
Яке ҷашн кард он шабу бода хвард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд з-ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Дар тӯли таърих пас аз густариши ислом ва ҳамлаи муғул шеваи баргузории ин ҷашн тағйир ёфт, аммо эҳтиром ба табиат ва ҳифозати он ва барафрӯхтани оташ, ситоиши некӣ ва ғалабаи нур бар зулмот ҳамоно боқӣ монд. Баргузории ҷашни Сада гувоҳи ҳамбастагии инсони ориёӣ бо табиат буда, мисли ҷашнҳои чаҳоргонаи бостонию мардумии миллати мо — Наврӯзу Меҳргону Тиргон бар пояи дигаргуншавии фаслҳои чаҳоргонаи табиат асос ёфта, вобастагии бисёр аз ҳаёти онҳо дорад.
Сада реша дар қаъри таърих дорад ва аз ҷашнҳои миллии мост. Пос доштани расму оини гузаштагон, ки нишоне аз ҳувияту фарҳанги миллист, арҷ гузоштан ва дар мақоми шоиста нигоҳ доштану таҷлили он вазифаи ҳар фарди солимфикри ҷомеа аст.
Фарангис ШАРИФЗОДА,
директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ