Ё Наврӯз аз назари орифони фирқаҳои ирфонии кубравия, нақшбандия ва чиштия
Иди Наврӯз бо суннату анъана ва русуми инсондӯстонааш арзиши бузурги башарӣ касб кардааст. Аммо ҳар сари чанд вақт нафароне пайдо мешаванд, ки аз озодии баён суиистифода намуда, доир ба Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллӣ ҳарзагӯйӣ мекунанд. Оё Наврӯз бо дин дар ихтилоф аст? Орифони гузаштаи тоҷик доир ба ин ҷашн чӣ гуфтаанд? Ба ин ва дигар саволҳо мудири шуъбаи таърих ва назарияи санъати Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Аскаралӣ Раҷабов посух гуфт.
- Ба андешаи Шумо, барои рушди суннатҳои Наврӯз кадом корҳоро анҷом додан лозим аст?
- Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ва парлумони Аврупо Наврӯзро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфтанд. Ин барои мо ҳамчун меросбарони ин ҷашни бостонӣ бисёр арзиши бузург дорад. Дар ин замина, масъулияти фарҳангдорӣ бояд бештар шавад. Ҷомеаи Мовароуннаҳру Хуросону Эрон яке аз пойгоҳҳои муҳими ҳифз, густариш ва арҷ гузоштани Наврӯз ба ҳисоб мераванд. Аз ҷумла, тоҷикон, бояд ҳар чӣ бештар ба Наврӯз арҷ гузоранд. Арзишҳои бузурги зиндагисоз, ҷомеасоз ва табиатсози Наврӯзро бояд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар заминаи сарчашмаҳои хаттӣ дар муқоиса бо адабиёти мавҷуда муаррифӣ кунем. Албатта, доир ба Наврӯз асару мақолаҳои зиёд навишта шудааст, лекин асари ҷомеи то андозае муқаддимотӣ, ки дар он арзишҳои Наврӯз ба таври бояду шояд баррасӣ шуда бошад, ба миён наомада буд. Аз ин рӯ, баъди ҷаҳонӣ шудани Наврӯз дар Тоҷикистон аввалин ҳамоиши байналмилалӣ вобаста ба он баргузор шуд. Соли 2012 бо ибтикори Президенти кишвар ҷомеаи илмии Тоҷикистон аввалин ҳамоишро таҳти унвони «Наврӯз — падидаи фарҳангӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор намуд ва матолиби он на фақат манзури кишварҳои ҳавзаи Наврӯз гардид, инчунин ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод карда шуд.
Ҳамоиши дуюм соли 2014 дар Ашқобод баргузор шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он иштирок карданд. Албатта, чунин ибтикорот барои арзишҳои Наврӯзро боз ҳам ба ҷомеа муаррифӣ кардан бисёр муҳим аст. Муҳаққиқони тоҷик якчанд китоб навиштанд, лекин бояд ба заминаҳо такя карда, генезиси таърихиву илмии Наврӯзро муайян кунем. Зеро навиштаҳое, ки то ҳол ба миён омадаанд, махсусан то ибтидои қарни XX, ҳама ба забони тоҷикӣ-форсианд. Ҳатто гуфтан мумкин аст, ки аввалин асарҳои назариявӣ ва рисолаҳоро дар бораи Наврӯз донишмандони тоҷик навиштаанд. Аз ҷумла, яке аз онҳо орифи бузург Ҳаким Тирмизӣ мебошад, ки соли 2016 аз тариқи ЮНЕСКО 1250-солагиаш таҷлил шуд. Рисолаи Ҳаким Тирмизӣ соли 2016 ба хати кириллӣ гардонида шуд. Бисёр арзишҳо ва гуманизми Наврӯз, яъне инсондӯстӣ, баҳамойии табиату инсон аз ҳамон рисолаи Ҳаким Тирмизӣ сарчашма мегиранд.
- Раванди номақбуле, ки чанд соли охир дар арафаи ҷашнгирии Наврӯз зуҳур мекунад, назарҳои гуногун вобаста ба ҷашни аҷдодӣ аст. Гурӯҳе аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ арзишҳои Наврӯзро бо дин муқобил гузошта, ҷашн гирифтани онро ҷоиз намедонанд. Оё ин назарҳо ягон асос доранд? Оё Наврӯз бо дин мухолифат дорад?
- Дар адабиёти тоҷику форс наврӯзномаҳо, ҳатто достони зиёд аст. Масалан, достони «Гул ва Наврӯз». Ин ҷашни миллии тоҷикон, дар адабиёти классикӣ бисёр тавсиф шуда, ҷанбаъҳои гуногунаш инъикос ёфтааст. Аммо ҳоло гурӯҳи алоҳида, хоса ҷомеаи рӯҳонӣ, «ин ҷашн ба мо иртиботе надорад» гуфта, онро «ҷашни оташпарастон» маънидод мекунанд. Онҳо шояд намедонанд, ки Наврӯз муқаддас доштани се унсурро талқин мекунад: хок, об ва рӯшноӣ. Ҳамзистии инсон ва табиат яке аз ҷанбаъҳои муҳим аст. Ана ҳамин чизро олимон бояд равшан намоянд. Барои чӣ ҷомеаи Тоҷикистонро гурӯҳи хурди ифротӣ, ки аз сарчашмаҳои хаттӣ огоҳӣ надоранд ва бештар ба ҷанбаъҳои хурофотӣ назар мекунанд, тафриқа меандозанд? Мехоҳам дар иртибот назари се фирқаи ирфониро, ки дар таърихи фарҳанг ҷойгоҳи хос доранд, ёдрас кунам, ки орифони бузурги он доир ба Наврӯз чӣ андеша доранд. Яке аз шахсиятҳои бузург ва асосгузори фирқаи кубравия Наҷмиддини Кубро махсусан барои пок доштани арзишҳои Наврӯз таъкид кардааст. Наврӯз ва оини наврӯзӣ аз ҷониби орифони фирқаи кубравия бисёр арҷ гузошта мешавад. Яке аз шахсиятҳои бузурги он фирқа, ки дар олами ирфонӣ ҳам хеле эътибори шоиста дорад, Шарафиддин Ҳусайни Хоразмӣ мебошад, ки бо номи «Ҷодат-ул-ошиқин» асар дорад. Ҳарчанд он маҷмӯан ирфонӣ буда, доир ба арзишҳо, паҳлуҳои гуногуни тасаввуф, диди орифони кубравия, арзишҳои ирфонӣ баҳс мекунад, лекин доир ба Наврӯз низ нуктаҳои муҳим дорад. Дар он доир ба Наврӯз ва ду иди дигар, ки баъди он ҷашн гирифта мешавад — сайри Гули лола ва ҷашни Гули сурх, суханҳои ҷолиб гуфта шудааст. Хушбахтона, ин ду ид низ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ҷашн гирифта мешаванд. Дар он ҷо гуфта нашудааст, ки ин ҷашни ғайридинӣ аст. Бештар арҷ гузоштаанд. Ҳатто дар он, дар баробари ҳифзи табиат ва тоза нигоҳ доштани об, нуктае ҳаст, ки мегӯянд, мардуми кӯчӣ аз биёбон, аз дашти Қипчоқ омада, ба муҳит ва фазои табиати Мовароуннаҳру Хуросон зарари зиёд расониданд. Табиатро ифлос карданд. Ба фарҳанги зироаткорӣ зарар расонданд ва фазои ягонагии табиату иинсонро вайрон карданд. Бинед, орифон то чӣ андоза, Ватан, чойгоҳ, хоки заминашонро муқаддас медоштанд.
Фирқаи дигар нақшбандия аст. Яке аз шахсиятҳои барҷастаи он, ки дар асри XV ва ибтидои асри XVI зиндагӣ кардааст, Хоҷа Аҳмади Косонӣ мебошад. Дар асари намояндагони ин фирқа, дар баробари арзишҳои ирфонӣ, доир ба Наврӯз ва ҷашни Гули лола ва Гули сурх бисёр нукоти ҷолиб баён шудааст. Хоҷа Аҳмади Косонӣ бо номи «Гули Наврӯз» рисола дорад, ки мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст. Танҳо дар як навиштаи муҳаққиқи тоҷик Лутфулло Исмоилов баъзе аз нуктаҳо баён шудаанду халос. Аз ин рӯ, ҷомеаи Тоҷикистон намедонад. Ҳатто ҷомеаи, ба истилоҳ, рӯҳоният дар бораи ин шахсият кам иттилоъ дорад. Агар иттилоъ медоштанд, доир ба Наврӯз ин қадар фикрҳои зидду нақиз баён намекарданд. Марқади Хоҷа Аҳмади Косонӣ дар шаҳри Ҳисор мавҷуд буда, байни халқ бо номи Махдуми Аъзам машҳур аст. Бояд ҳоло ҷомеаи кишвар дар бораи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ бештар бо масъулият сухан гӯянд. Ҳар гапи ифротӣ ва кӯчабозориро манзури ҷомеа накунанд. Бояд гуфт, ки мавзӯи меҳварии рисолаи Косонӣ инсон, табиат ва Наврӯз аст. Дар бораи ҳифз кардани табиат, эҳтиром гузоштан ба муҳити атроф низ нуктаҳои ҷолиб гуфта шудааст. Дар асари пайрави дигари фирқаи нақшбандия Шарафиддини Хоразмӣ ҳам гуфта мешавад, ки дар айёми ҷашнгирии идҳои Наврӯз, Гули лола ва Гули сурх аёдат кардани шахсон, зиёрат кардани марқади онҳое, ки дар зиндагӣ ҷавон рафтанд, бисёр кори савоб аст. Дар ин рӯзҳо ҳатто дар марқади шахсиятҳо ва орифони бузург маҳфилҳо меоростанд. Аз ин рӯ, ҷомеаи Тоҷикистон ҳар чӣ бештар ба ин ҷашн назари тоза дошта, бояд ҳамчун меросбар масъулияти фарҳангдориро фаромӯш накунад. Вақте ки мегӯем, «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст», набояд фикрҳои зидду нақиз ва беасос дар бораи ин ҷашни аҷдодӣ баён кунем. Доир ба Наврӯз на фақат донишмандон, суханварон, балки орифони бузург низ ҳеҷ гоҳ сухани нораво нагуфтаанд.
Наврӯз ҷашни арабӣ ҳам нест. Ин ҷашни зироаткорӣ, фарҳанги баланди созандагии инсон ва табиат аст. Ҳатто ин чиз назди намояндагони дигар фирқаи ирфонӣ, яъне, чиштия ҳам, эътибори зиёд дорад. Аз ҷумла, намояндагони барҷастаи он Хоҷа Муиниддини Чиштӣ, Хоҷа Баҳоваддини Авлиё дар ягон ҷо доир ба Наврӯз сухани нораво нагуфтаанд. Чаро мо онҳоро ба назар намегирем?
- Чӣ бояд кард, то андешаҳои беасос ва зиддимиллӣ дар ҷомеа зуҳур накунанд?
- Боис ба таассуф аст, ки сарчашмаҳои хаттиро пурра наомӯхтем. Бояд ба пеши роҳи андешаҳои хурофотӣ, ғайритаърихиву ғайриилмӣ садд шавем. Бо суханони эҳсосӣ намешавад, дар асоси илм, дар асоси сарчашмаҳои хаттӣ сухан кардан лозим аст. Ҳаким Тирмизӣ аввалин муҳаддис ҳам ҳаст, ки ду асари бузург дорад: «Наводир-ул-усул» ва «Хатмулавлиё». Рӯҳоният бояд онҳоро хонанд. Бояд орифонро дурусттар омӯзем ва ба назарашон ошноии комил пайдо кунем.
Онҳо Наврӯзро ҳамчун ҷашни тавҳид, ягонагии инсон, табиат ва созандагӣ эътироф кардаанд.
Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»