Ҷашни ҳунарпешаи озода

№57 (4477) 12.05.2022

WhatsApp Image 2022-05-12 at 08.52.09«Беҳтарин хислати инсон озодист ва устод Ҳошим Гадо ҳунарпешаест озоду вораста. Ӯ марди озод аз ташвиши рӯзгор ва пайваста дар банди кори ҳунарӣ ва навиштани китобҳост. Наб­зи ҳаётро дар даст дорад ва чунон ки мехоҳад, зиндагӣ мекунад». Ин андешаҳо дар маҳфиле, ки 10 майи соли равон ба муносибати 85 — солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи «Аноҳито», Мукофоти давлатии ИҶШС, доктори фахрии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, профессор Ҳошим Гадо дар кинотеатри «Зебуннисо» баргузор гардид, баён шуданд.

Дар он намояндагони ҳунару адаб, дӯстону ҳамкорон, шогирдон ва алоқамандони театру кино иштирок карданд. Маҳфилро раиси Иттифоқи киносозони Тоҷикистон Сафар Ҳақдод ифтитоҳ бахшид. Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар, муовини директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Толиб Ғайбуллозода, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Наргис Шарифзода, ҳунармандони Театри академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ Ортиқи Қодир, Саодат Азизова ва дигарон соҳибҷашнро муборакбод намуда, туҳфаҳои хотиравӣ супурданд.

Зикр гардид, ки нақшҳои офаридаи Ҳошим Гадо ҳам дар саҳнаи театр ва ҳам дар кино нотакрор буда, муаррификунандаи ҳунар ва санъати халқи тоҷик дар арсаи ҷаҳон мебошанд. Ӯ бо офаридани нақшҳои Суҳроб, Дон Жуан, Эдип, Темури Ланг ва ғайра дили ҳазорон тамошобинро тасхир кардааст ва бузургтарин ҳунарпешаву коргардонҳои ҷаҳон ба ҳунар ва истеъдодаш баҳои баланд додаанд.

«Бузургдошти Ҳошим Гадо арҷгузорӣ ба ҳунар, театр ва киност, зеро ӯ дар осмони ҳунар ҳамчун офтоби дурахшон аст. Номи ин шахсияти барҷастаи фарҳанг дар таърихи театр ва кинои тоҷик хоҳад монд. Ба ҷуз ин, устод чандин ҷилд китоб навиштааст. Барои дарди ӯро дарк кардан ва бо дунёи андешаву афкори ӯ ошно шудан, хондани китобҳояш ҳатмист. Боиси хурсандӣ ва ифтихори мост, ки ҳамзамони Ҳошим Гадо ҳастем», — изҳор дошт зимни суханронӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафар.

Сипас, филми коргардон Ҳамро Розиқов бо номи «Ман» намоиш дода шуд, ки аз ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҳошим Гадо ҳикоят мекунад.

Р. УМАР,

«Садои мардум»