Ҳаштуми март дар сарчашмаҳо

№30-31 (4292-4293) 06.03.2021

Ё Рӯзи байналмилалии занон чӣ гуна Рӯзи Модар шуд?

8-март2Пайдошавии аксар ҷашн­ҳои марбут ба бонувон, аз ҷумла, Рӯзи байналмилалии занон — 8 март, ба ҳаракату ҷунбишҳои занони коргар барои кӯтоҳ кардани вақти корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат ва ба даст овардани ҳуқуқҳои дигари гражданӣ, ба монанди ҳуқуқи интихоботии баробар бо мардон (охири асри ХIХ ва ибтидои асри ХХ)  робитаи бевосита доранд.

Нахустин ҳамоиши сиёсии занон соли 1857 аз ҷониби коргарзанони саноати нассоҷии Ню-Йорк доир гардида буд. 28 феврали соли 1908 бошад, созмони занонаи сотсиал-демократии Ню-Йорк ҳамоиш доир кард, ки дар он 15 ҳазор зан иштирок намуд. Соли 1909 Ҳизби сотсиалистии ИМА он рӯзро Иди миллии бонувон эълон намуд, ки то соли 1913 ҷашн гирифта шуд. Соли 1910 дар Конференсияи дуюми занонаи байналмилалии сотсиалистӣ ба хотираи иштирокчиёни ҳамоиши соли 1857 пешниҳод гардид, ки Иди байналмилалии бонувон таъсис дода шавад. Соли 1911 ин ид дар Германия, Австрия, Дания ва Швейтсария дар рӯзи инқилоби мартии соли 1848 дар Пруссия — 19 март таҷлил гардид. Соли 1912 ҷашн ба 12 март гузаронида шуд. 12 марти соли 1913 бошад, дар Франсия ва Россия занон ба намоишҳои эътирозӣ баромаданд. 23 феврали соли 1917 инқилоби февралии Россия оғоз гардида, императори кишвар оид ба  додани ҳуқуқи интихоботӣ ба занҳо фармон содир кард. Тибқи он, минбаъд ҳар сол 8 март дар Россия ҳамчун Рӯзи байналмилалии занон таҷлил мешуд. Дертар дар ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ низ ин кор анъана гардид. Дар кишвари мо  ба таҷлили ин ҷашн таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 дар ҷумҳурӣ Рӯзи байналмилалии занон ба Рӯзи Модар иваз гардид.

Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии бонувонро танҳо соли 1975 эътироф ва расмӣ намуд. Ҳоло ин ҷашн ҳамчун иди зебоӣ, баҳор ва таваҷҷуҳ ба бонувон таҷлил мегардад.

Ҷашнҳои марбут ба модарон бо Рӯзи байналмилалии бонувон қариб баробар пайдо шудаанд. Танҳо дар Британия он қадимтар буда, дар асри ХVI пайдо шудааст ва хусусияти динӣ дошт. Дар Испания ҷашни модарон дар Рӯзи Марями муқаддас — 8 декабр ҷашн гирифта мешавад, ки он хусусияти динӣ дорад. Дар Сербия Рӯзи Модар ду рӯз пеш аз мавлуди Исо (а) таҷлил мегардад.

Соли 1872 нависандаи амрикоӣ Ҷулия Уорд пешниҳод намуд, ки ҷашни Ваҳдати модарон дар мубориза барои сулҳ таъсис дода шавад. Вале пешниҳод пазируфта нашуд. Соли 1907 фаъолзани амрикоӣ Анна Ҷервас ба хотираи модараш даъват намуд, ки дар ИМА Рӯзи модарон қайд карда шавад. Соли 1910 дар иёлати Вирҷиния он пешниҳод пазируфта шуд ва соли 1912 Ассотсиатсияи байналмилалии модар таъсис ёфта, соли 1914 Президенти  ИМА Вудро Вилсон якшанбеи дуюми моҳи майро Иди миллии модарон эълон намуд. Алҳол дар Австралия, Белгия, Дания, Италия, Туркия, Юнон, Финландия, Мексика, Ҳиндустон, Покистон, Сингапур, Германия ва Ҷопон Рӯзи Модар дар ҳамин рӯз таҷлил мегардад. Дар Беларус ва Федератсияи Россия Рӯзи Модар баъд аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутаносибан солҳои 1996 ва 1998  пайдо гардид.

Таҳияи Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»