Азизонам, ба ҳам оед барои иззати қонун,
Бувад афзал зи ҳар як сарвати мо давлати қонун.
Тамоми равнақи аҳли башар гирад аз он маншаъ,
Бубинед, то чӣ ҳад бошад тавону қудрати қонун.
Ба назм оварда он роҳу тариқи зиндагониро,
Кунем таъзим ба азму шаъну шони савлати қонун.
Агар қонун набошад, вожгун гардад самову арш,
Баҳори зиндагонӣ сабз шуд дар ҳикмати қонун.
Масири одаму олам набошад бе сару бе по,
Биёед, арҷ бигзорем ба ҳар як қисмати қонун.
Набошад тарс бар дилҳо, бигардад ҳаллу мушкилҳо,
Бувад яксон ба ҳар инсон нигоҳу хислати қонун.
Намонад ҳеҷ кас навмед зи ҳаллу фасли аъмолаш,
Биёбад роҳи ҳалли мушкилаш аз нусрати қонун.
Ало, эй худпарастону ҷафокорони беимон,
Битарсед аз низому аз калому ҳайбати қонун.
Агар озод ҷустан бошадо мақсуди умри мо,
Пазиред тору пуду муҳтавову фитрати қонун.
Набошад ҳар қадар берун зи дастуру қавонине,
Ҳамоно шарт бошад доимо дар тоати қонун.
Ба паймони ҳақиқат саҷда орем бо дили иқрор,
Бувад боло зи ҳар аҳде мароми байъати қонун.
Мақоми дунявӣ дорад низоми давлати маҳбуб,
Ҳуқуқбунёд варо хонем барои мидҳати қонун.
Дилу ҷон пок созед бо камоли маърифат доим,
Наҷӯед айбу нуқсу иштибоҳ дар соҳати қонун.
Ба чашми дил назар кардан, азизон, ҳикмате дорад,
Биёбад роҳи ҳақ дар зиндагӣ аз ибрати қонун.
Иҷобат бошадо фарзу итоат бошадо қарзе,
Ба ҳар ҳолу ба ҳар ҷое пазиред даъвати қонун.
Агар дар файсали мушкил ба дастуре кунӣ иснод,
Шавад ҳосил муроди кас зи файзу неъмати қонун.
Надорам заррае шак дар калому ҳарфу мазмунаш,
Кунам имзо зи ҷону дил ба ҳар як сархати қонун.
Набояд мунҳариф шуд аз раҳи адлу адолат ҳеҷ,
Сари солим ҳамеша бошадо дар хизмати қонун.
Сано хонам ба афроде, ки дорад сад ҳунар бо худ,
Вале авло бувад дар зиндагонӣ санъати қонун.
Барои иддае авфу гузашту имтиёзе ҳаст,
Сабақ бояд гирифт аз раҳмату аз шафқати қонун.
Замони якдилию якмаромӣ неъмати воло,
Биёрад халқро бо ҳам мароми ваҳдати қонун.
Тамоми кӯшишу ҷаҳду талошу саъйи пайваста
Нагирад равнақу авҷу барор бе ширкати қонун.
Муназзаҳ бошадо ҳарфу ҳиҷову сатру маънояш,
Бияфзояд мақому рутбаву ҳам қимати қонун.
Дареғо, дар канору гӯшаи дунё бувад халқе,
Ки бо дарду алам сӯзад басе дар ҳасрати қонун.
Раҳо созад зи буҳтону разолат бегуноҳонро,
Ҳазорон шукр бояд гуфт зи лутфу миннати қонун.
Бувад ҳомии Сарқонуни давлат Пешвои мо,
Мураттаб кардааст назму низому ҳолати қонун.
Басар шуд худсарию бенизомиҳо, аё Давлат,
Сари таъзим фуруд орем ба назди ҳиммати қонун.
Пайшанбе Давлат,
ноҳияи Рӯшон