Дар арафаи 70-умин солгарди Рӯзи Ғалаба бар фашизми Германия оид ба қаҳрамониву диловарии бемисли собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ китоби нав бо номи «Аскарони Ғалаба» ба нашр расид. Китоби мазкур бо пешгуфтори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфта, аз ҷумла омадааст, ки «дар ин ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар сарбозону афсарон аз кишварҳои мухталиф сафарбар шуда, беш аз 50 миллион нафар қурбон гардидааст».
Дар китоб хотироти зиёда аз 90 ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки феълан дар шаҳри Душанбе истиқомат доранд, ҷамъ оварда шудааст. Таҳиягарони ин китоб генерал-майор Абдулло Ҳабибов ва рӯзноманигор Раҷаби Мирзо мебошанд. Китоб бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети журналистикаи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ва Дафтари «Россотрудничество» дар нашриёти «Адиб» чоп шудааст.
Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»
Чанде пеш дар нашриёти «Истеъдод» бахшида ба 70- умин солгарди Рӯзи Ғалаба китобе ба нашр расид, ки оид ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маълумот медиҳад. Китоб «Фидоиёни Ватан» ном дошта аз чор қисм иборат аст. Қисми аввали китоб «Онҳо барои Ватан ҷон нисор карданд» ном дошта, оид ба нафароне маълумот медиҳад, ки дар майдони ҷанг ҳалок ва ё беному нишон гардидаанд. Қисми дувум, «Ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» унвон дорад ва оид ба ҷанговароне маълумот медиҳад, ки аз ҷанг баргашта, дар ободонии Ватан саҳм гузоштаанд. Дар қисми сеюм, ки «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад» ном гирифтааст, доир ба кулли иштирокчиёни ҷанг аз ВМКБ маълумот дода шудааст. Қисми чоруми китоб бошад, арзишмандтар буда, оид ба ҷанговароне маълумот медиҳад, ки тақдирашон номаълум буд ва тавассути ҳуҷҷатҳои комиссариати ҳарбӣ ва шахсони алоҳида ба ҷанг даъват шуданашон тасдиқ гардидааст. Муҳаррири китоб узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, корманди рӯзномаи «Садои мардум» Шоҳтолиб Шоҳқосимов мебошад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»