Асосгузори насри фантастикаи тоҷик 90 — сола шуд

№27 - 28 (3664 - 3665) 11.03.2017

Абдумалик БаНасри тахайюлӣ ё фантастика дар адабиёти муосири тоҷик чӣ ҷойгоҳе дорад? Кадом нависандаи тоҷик бори аввал ба эҷоди қиссаву ҳикояҳои фантастикӣ даст задааст? Намояндагони насри тахайюлии адабиёти мо киҳо ҳастанд? Ин жанри адабӣ то чӣ андоза ҳаводору хонанда дорад?

Вақте дар посухи ин суолҳо меандешем, пеши назар симои Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдумалик Баҳорӣ падид меояд. Маҳз ин адиби зиндаёд буд, ки бори аввал ба насри фантастика рӯй овард ва қиссаву ҳикояҳои хонданиеро, аз қабили «Ҷасорати доктор Мансур», «Занбӯри айнакдор», «Аҷоиботи Нодар», «Бозгашт», «Сунбула», «Бачаҳои чобуксавор» ва «Шоҳидони шаҳид»-ро манзури хонанда гардонид. Орзуи адиб ин буд, ки нависандагони дигар низ ба насри тахайюлӣ рӯй оранд ва ба ин жанри адабӣ равнақ бахшанд, вале ба ҷуз Адаш Истад касе ҷуръат ба ин кор накард.

Чанде пеш дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдбуд бахшида ба 90-солагии Абдумалик Баҳорӣ бо иштироки адибон ва дӯстдорони каломи бадеъ баргузор гашт, ки аз мақому манзалати ин адиби пуркор гувоҳӣ медод.

Раиси ИНТ, шоири маҳбуб Низом Қосим зикр кард, ки адибон тақдири гуногун доранд. Агар нафаре бо навиштани як асар машҳур гардад, дигаре бо пайвас­та заҳмат кашидану асар офаридан соҳибном мешавад. Абдумалик Баҳорӣ нависандае буд, ки қадам ба қадам пеш мерафт ва асарҳои хубу ҷолиб иншо мекард. Вай бо гуфтани шеър ба дунёи адабиёт ворид гашт ва сипас ба наср рӯ оварду қариб дар ҳама жанри адабӣ асар эҷод намуда, миёни хонандагон шуҳратёр шуд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад ёдрас шуд, ки Абдумалик Баҳорӣ дар қатори Муҳиддин Фарҳат, Пӯлод Толис, Аминҷон Шукӯҳӣ ба насли сеюми адабиёти муосири тоҷик дохил мешавад.

- Муаллим адиби пурмаҳсул буданд, — илова кард А. Самад, — он кас аз адабиёти русу Ғарб таъсир гирифтанашонро таъкид мекарданд. Ин нуктаро ҳам гуфтан зарур аст, ки Баҳорӣ асосгузори насри фантастикаи тоҷик мебошад. Дар драмманависӣ низ корҳои назаррасеро анҷом доданд.

Инсони зарофатгӯ, ҳамнишини хуб ва бомаърифат буданд. Вақте қиссаеро нақл мекарданд шунавандаро мафтун месохт.

Воқеан ҳам, саҳми Абдумалик Баҳорӣ дар соҳаи драматургия низ қобили таваҷҷуҳ мебошад. Намоишномаҳои «Роҳи сафед», «Ишқи мансабдор», «Фармони кадушоҳ», «Корвон равон аст», «Хандаҳои ашколуд» ва монанди инҳо ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

Миёни мардум мақоли «ба як ҷавонмард чил ҳунар кам аст» машҳур мебошад. Абдумалик Баҳорӣ низ баробари офаридани асарҳо ба шоҳмотбозӣ шавқи беандоза дошт. Ба ҷуз ин, азбаски фориғтаҳсили мактаби мусиқӣ буд, ғижжак, дутор ва дигар созҳои миллиро менавохт. Ҳамин ҳунари навозандагии адиб ба равону хушоҳанг баромадани шеъру сурудҳояш таъсир гузоштааст.

Қиссаву ҳикояҳои нависанда низ аз ҷониби адабиётшиносон баҳои баланд гирифтаанд. Адиб дар ин асарҳо масъалаҳои муҳими зиндагии ҳамзамонони мо — ахлоқи ҳамида, одамият, иҷрои қарзи фарзандӣ дар назди халқу Ватан, садоқат ба ғояҳои баланди инсонӣ, ҳисси миллӣ ва ғайраҳоро ба риштаи тасвир кашидааст.

Хидматҳои Абдумалик Баҳорӣ дар рушди адабиёт ва фарҳанги тоҷик бо унвони Нависандаи халқии Тоҷикис­тон, Ходими шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ, ордену медал ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудаанд.

 ВОРИС,

«Садои мардум»