Атрборон

№36-37 (4298-4299) 20.03.2021

Наврӯз ба атри сабзи борон омад,

Бо накҳати мушки навбаҳорон омад.

Меҳмони азизи Тоҷикистони азиз,

Дар чеҳраи нав ба Тоҷикистон омад.

 

Эй тиру камон баъди борони баҳор,

Дар ҷомаи шоҳонаи пурнақшу нигор.

Бар анҷумани шодии наврӯзии мо,

Шоҳона қадам бимону Наврӯз биёр.

 

Наврӯз, маро ба соли дигар бирасон,

Дар боғи дилам ниҳоли дигар бирасон.

Аз васли гули рӯи ту хуррам гаштем,

Моро ба гули висоли дигар бирасон.

 

Себарга ба рӯи об мерафт аҷаб,

Бо замзамаю шитоб мерафт аҷаб.

Бар маҳфили гулҳои чаман лолаи тар,

Ҳамчун қадаҳи шароб мерафт аҷаб.

 

Мо банди дарози турнаҳоро дидем,

Мурғони хушилҳони ҳаворо дидем.

Аз омадани баҳору Наврӯзи Ватан,

Дар рӯи ҳама сулҳу сафоро дидем.

 

Наврӯз зи гулшани баҳорон омад,

Бо шилшилаи шаддаи борон омад.

Эй оламиён, ҳадяи Наврӯз диҳед,

Аз сайри ҷаҳон ба Тоҷикистон омад.

 

Дар маҳфили лолаҳо қадаҳ гардон аст,

Ҳарфу сухану ҷоми фараҳ гардон аст.

Аз гармии тӯю тараби наврӯзӣ,

Дар ҳар қадаҳе тоби нигаҳ гардон аст.

 

Наврӯзи Аҷам аз тарафи бод омад,

Чун дилбари хушрӯи паризод омад.

Бар гулшану пайки тозаи наврӯзӣ,

Бо зулфи дарозу қадди шамшод омад.

 

Наврӯзи Аҷам зи кӯҳсорон омад,

Бо мушку насими баъди борон омад.

Дар пираҳани сабзи арӯсии базеб,

Бо мӯи кушодаи гулафшон омад.

 

Аз чеҳраи шамс бас шарар мерезад,

Аз хирмани абрҳо гуҳар мерезад.

Дар соати офтобии рӯзи баҳор,

Аз шабнами Наврӯз шакар мерезад.

 

Наврӯз чу офтоб сархуш омад,

Бо тантанаю табл дар оғӯш омад.

Пеши қадамаш рақскунон, ҷилвакунон,

Баҳмангулу савсану сияҳгӯш омад.

 

Дар пушта баҳори гулбасар омадааст,

Дар кишта баҳори сабзу тар омадааст.

Як соли дароз сайри олам карда,

Наврӯз ба кулвори сафар омадааст.

 

Наврӯз, расиданат муборак бошад,

Фирӯз расиданат муборак бошад.

То омадани фасли баҳорони дигар,

Имрӯз расиданат муборак бошад.

Ҷӯрабек МУЪМИН

 

Наврӯз ба атри сабзи борон омад,

Бо накҳати мушки навбаҳорон омад.

Меҳмони азизи Тоҷикистони азиз,

Дар чеҳраи нав ба Тоҷикистон омад.

 

Эй тиру камон баъди борони баҳор,

Дар ҷомаи шоҳонаи пурнақшу нигор.

Бар анҷумани шодии наврӯзии мо,

Шоҳона қадам бимону Наврӯз биёр.

 

Наврӯз, маро ба соли дигар бирасон,

Дар боғи дилам ниҳоли дигар бирасон.

Аз васли гули рӯи ту хуррам гаштем,

Моро ба гули висоли дигар бирасон.

 

Себарга ба рӯи об мерафт аҷаб,

Бо замзамаю шитоб мерафт аҷаб.

Бар маҳфили гулҳои чаман лолаи тар,

Ҳамчун қадаҳи шароб мерафт аҷаб.

 

Мо банди дарози турнаҳоро дидем,

Мурғони хушилҳони ҳаворо дидем.

Аз омадани баҳору Наврӯзи Ватан,

Дар рӯи ҳама сулҳу сафоро дидем.

 

Наврӯз зи гулшани баҳорон омад,

Бо шилшилаи шаддаи борон омад.

Эй оламиён, ҳадяи Наврӯз диҳед,

Аз сайри ҷаҳон ба Тоҷикистон омад.

 

Дар маҳфили лолаҳо қадаҳ гардон аст,

Ҳарфу сухану ҷоми фараҳ гардон аст.

Аз гармии тӯю тараби наврӯзӣ,

Дар ҳар қадаҳе тоби нигаҳ гардон аст.

 

Наврӯзи Аҷам аз тарафи бод омад,

Чун дилбари хушрӯи паризод омад.

Бар гулшану пайки тозаи наврӯзӣ,

Бо зулфи дарозу қадди шамшод омад.

 

Наврӯзи Аҷам зи кӯҳсорон омад,

Бо мушку насими баъди борон омад.

Дар пираҳани сабзи арӯсии базеб,

Бо мӯи кушодаи гулафшон омад.

 

Аз чеҳраи шамс бас шарар мерезад,

Аз хирмани абрҳо гуҳар мерезад.

Дар соати офтобии рӯзи баҳор,

Аз шабнами Наврӯз шакар мерезад.

 

Наврӯз чу офтоб сархуш омад,

Бо тантанаю табл дар оғӯш омад.

Пеши қадамаш рақскунон, ҷилвакунон,

Баҳмангулу савсану сияҳгӯш омад.

 

Дар пушта баҳори гулбасар омадааст,

Дар кишта баҳори сабзу тар омадааст.

Як соли дароз сайри олам карда,

Наврӯз ба кулвори сафар омадааст.

 

Наврӯз, расиданат муборак бошад,

Фирӯз расиданат муборак бошад.

То омадани фасли баҳорони дигар,

Имрӯз расиданат муборак бошад.

Ҷӯрабек МУЪМИН