Ҷашни Наврӯз, ки имрӯзҳо ба хонадони ҳар як сокини кишвар бо қадамҳои сабзу баҳорона ба меҳмонӣ омадааст, дар миёни дигар ойину маросимҳо аз ҷумлаи куҳантарин ва азизтарин суннатҳои миллӣ мебошад. Ин ҷашни муборак, ки аз ҷониби аҷдоди некному хирадмандамон асос гузошта шудааст, ба бисёр халқҳои олам низ пайки шодиву сурур, бахту саодат, шукуфоиву зебоӣ, оғози киштукор ва зиндашавии табиатро мерасонад. Боиси ифтихор аст, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҷаҳонӣ гардида, ҳоло онро мардуми бисёр кишварҳои сайёра ҳамчун рамзи бедории табиат, нишонаи ваҳдати инсон ва кайҳон, инчунин пайки таҳаммулгароиву дӯстӣ ва равобити неки байни халқу миллатҳои гуногун таҷлил менамоянд.
Бо муҳимияту махсусият Наврӯз бо обу хок ва марзу буми аҷдодӣ, бо рӯҳи зиндагисоз, фаъолияти созанда ва эҳсоси ватандориву хештаншиносии мардум пайванди ногусастанӣ дорад. Ин аст, ки онро аҷдоди шарафмандамон тӯли беш аз шаш ҳазор сол фаромӯш накарданд ва онро ҳифз карда, ҳамчун суннати муқаддаси аҷдодӣ ба ёдгор гузоштанд. Хусусияти дигари ойини Наврӯз боз дар он ифода меёбад, ки решаҳои маънавии он аз сарчашмаҳои инсондӯстиву зиндагипарварӣ ва созандагиву ободкорӣ ғизо мегиранд. Ба маънии дигар, фалсафаи Наврӯз мардуми оламро ба некиву накукорӣ, хайру саховат, заҳмати созанда ва таҳаммулгароиву ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамояд.
Ҳарчанд ин ҷашни бостонӣ хусусиятҳои деринаро бо рӯҳияи замони муосир созгор намуда, дар хизмати инсони созандаи асру замони нав қарор гирифтааст, вале накукорӣ ҳамоно меҳвари он аст. Хоса дар арафаи Наврӯз мардум аз рӯйи анъана ва суннатҳои қадима беш аз ҳар вақти дигар даст ба корҳои хайр мезананд. Зеро фарҳанги Наврӯзи оламафрӯз хислату ҷавҳари инсонсоз дорад. Дар ин айём рӯи саҳфа овардани чанд сатр аз ибтикори нафарони саховатпеша мувофиқи матлаб буда, роҳнамоест барои дигарон дар ҷодаи накукорӣ.
Шоҳид ҳастем, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафи нафарони хайрхоҳу саховатпеша дар ҷумҳурӣ тамоюли афзоишро касб намуда, дар ҳар гӯшаву канори кишвар шахсони алоҳида дар доираи имконият ободкорӣ ва ятимону бепарасторонро кумак менамоянд. Яке роҳеро обод менамояду дигаре дар кашидани хати оби нӯшокӣ саҳм мегузорад, бунгоҳи тиббӣ месозад ва ё корхонаеро фаъол мегардонад. Яке аз чунин нафарон сокини ноҳияи Айнӣ Ҳоҷӣ Азим Шораҷабов мебошад. Ӯро хурду бузург чун нафари хайрхоҳ, соҳиби дили бузургу дасти кушод мешиносанд, зеро дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки кишвар давраи вазнинро пушти сар мекард, ҳамеша кумакрасони ҳамдиёрон буд. Аълочии маорифи Тоҷикистон Ҳоҷӣ Неъмат Мирзоев хислатҳои накуи ӯро зикр карда, аз ҷумла гуфт, ки аз соли 1993 то соли 1995 хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 7 ва омӯзгорони онро, ки дар маҷмӯъ 169 нафарро ташкил медоданд, бо хӯроки гарм таъмин намуд.
- Аз он солҳо 25 сол сипарӣ шуд, аммо мардуми деҳа ин амали Ҳоҷӣ Азимро бо некӣ ёдовар мешаванд, — афзуд номбурда.
Собиқадори меҳнат Даврон Раҳмонов иброз дошт, ки соли 1995 дар доираи таҷдиди хоҷагиҳои калон ба хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ дар заминаи колхози ба номи Энгелс хоҷагии деҳқонии «Азим» ташкил шуд, ки роҳбариашро шахси кордону корозмуда Ҳоҷӣ Азим Шораҷабов ба уҳда гирифт. Бино ба гуфти ӯ, солҳои 1995-1996 ин шахс як гурӯҳ ҷавонони бекори деҳаро дар атрофи худ ҷамъ карда, барои обод намудани иншооти ҷамъиятӣ иқдом намуд. Аз ҷумла, каналеро, ки солҳои зиёд таъмир надида буд, дар масофаи 8,5 километр пурра таъмир карда, дар обёрии заминҳои кишоварзӣ саҳм гузошт. Ҳоҷӣ Азим дар баробари дастрас намудани 70 тонна семент ва дигар масолеҳи сохтмонӣ, инчунин коргаронро бо маош ва хӯроки гарм таъмин намуд. Қобили зикр аст, ки канали мазкур солҳои 1970-1973 сохта шуда, 300 гектар замини деҳаҳои Фатмовут, Шаватки Боло, Шаватки Поён ва Похутро бо об таъмин менамояд.
Ҳоҷӣ Азим солҳои зиёд ба мактаби деҳа кумак намудааст, ки инро роҳбарони ин муассисаи таълимӣ бо арзи сипос зикр намуданд. Мавсуф нисбат ба ҳеҷ ҳодисае бетараф набуда, пайваста мавқеи иҷтимоиашро нишон медиҳад. Ӯ, инчунин, соли 2010 барои сохтмони хонаи оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи деҳаҳои Путхин ва Зосун дар деҳоти ба номи Ҷомии ноҳияи Зафаробод ёрии молиявӣ расонид. Аз ин ҷост, ки ӯро хурду бузург чун нафари сахиву дасткушод мешиносанду ҳурмат мекунанд. Худи Ҳоҷӣ Азим анҷом додани чунин корҳоро вазифаи инсонӣ ва рисолати виҷдонӣ медонад. Ӯ мегӯяд, ки ҳар нафар бояд дар доираи имконият барои ободиву осудагии кишвар саҳм гузорад.
Шариф Атобуллоев,
«Садои мардум»
Аълочии матбуоти Тоҷикистон