Ваҳдати миллӣ ва амнияти миллӣ барои бақои ҳар миллат муҳим аст. Агар душмане хоҳад миллатеро хору забун созад, теша бар решаи ваҳдати он мезанад. Заиф гаштан ва ё аз байн рафтани ваҳдат боиси парокандагӣ, ихтилоф мегардад. Он гоҳ амнияти миллӣ низ аз байн меравад.
Вақте манфиатҳои миллӣ дар миён аст, бояд нагузорем, ки ихтилофи сиёсӣ, мазҳабӣ, гурӯҳӣ, қавмӣ сар занад ва таҳдид ба ваҳдату бақои миллат намояд. Ихтилоф, бадбинӣ, бадандешӣ боиси ақибафтодагӣ, парокандагӣ ва авҷ гирифтани ҷаҳолат мегардад. Рӯзгори ободу осоиштаро хароб месозад, меҳрро, муҳаббатро, эҳтиромро, саломро… аз байн мебарад.
Қавмро андешаҳо бояд яке,
Дар замираш муддао бояд яке.
Воқеан ҳам, Ватан, ваҳдат, амният ва миллат ҳамдигарро пурра месозанд, ба ҳамдигар тавон мебахшанд. Ба таъбири дигар, ин мафҳумҳо ба ҳам танида шудаанд ва ба дарахти тановари зиндагии мо мубаддал гаштаанд. Дар ҷавҳари ин вожаҳо оби ҳаёт вуҷуд дорад.
Ҳар гоҳе Ватан мегӯем, худро тавоно ҳис мекунем ва медонем, ки ин тавоноӣ дар ваҳдату амнияти миллии мо ифода меёбад. Шарафиддин Алӣ гуфтааст:
Гар Рустами гурд аз Ватан дур шавад,
Беқудрату нотавону ранҷур шавад.
Дар об паланг сайди моҳӣ гардад,
Дар хок наҳанг туъмаи мӯр шавад.
Шоирони муосири тоҷик низ ситоишгарони Ватан, тавсифгарони ваҳдат, тараннумгарони ягонагию ҳамдилӣ мебошанд. Дар ин ҷаҳони пур аз ихтилоф ба худшиносии миллӣ расидан, ҳар қадам санҷида мондан, ба арзишҳои моддию маънавии миллат арҷ гузоштан, ҳувияти худро набохтан, ба сӯи нобудӣ нарафтан аз ҳар кас шуҷоат, дониш, хирад ва матонат мехоҳад. Имрӯз шоирони мо бо дарки ҳамин нукта ва эҳсоси масъулият қаламфарсоӣ мекунанд.
Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким дар «Шеъри Ватан», ки ба ёди Мирзо Турсунзода навиштааст, таъкид мекунад:
Рӯзи ман сар мешавад ҳар рӯз бо шеъри Ватан,
Шод бодо рӯҳи ту, то нек бошад рӯзи ман.
Ифодаи «Шеъри Ватан» ба маънии ишқи Ватан аст, ки рӯзи шоир бо он оғоз мешавад. Дар мисраи дуюм шоир таъкид менамояд, ки шод нигоҳ доштани рӯҳи гузаштагон имрӯзи моро нек медорад. Яъне, шинохт ва пос доштани хотираи гузаштагон ба мо дарси хештаншиносӣ, худогоҳӣ медиҳад. Инсоне, ки ҷавҳари худро мешиносад, бо ишқи Ватан бол мекушояд, ҳатман ба муроди дили хеш мерасад. Бо ишқи Ватан зистан, хушбахтии худро дар Ватан дидан, амнияти Ватанро амнияти худ донистан, ҳувиятшинос будан маънии ҳифз кардани ҳастии худро дорад.
Аскар Ҳаким дар шеъри «Ту маро, эй дил…» гуфтааст:
Дар диёри кӯҳсори ман, ки аз рӯзи азал
Ҳар шабу рӯзи Худо се бор меларзад замин,
Хонаи он кас намеларзад, ки меларзад дилаш,
В-арна, ин ҷо хонае як дам намепояд яқин.
Оре, соҳибдил будан, ба огоҳӣ расидан одамиятро тақвият мебахшад. Хатари заминларзаи табиӣ баробари заминларзаи ҷаҳолату ғафлат нест. Ҷаҳолату ғафлат бунёди ваҳдатро меларзонад, аммо дилогоҳон ҳастанд, ки пеши харобии маънавиро мегиранд. Инсони ҳушманд ҳамеша аз оқибати кори худ меандешад ва ҳамеша рӯ ба шукуфоию растагорӣ меорад.
Шоири маъруф Давлати Раҳмониён нангу номус, ваҳдат, амният, зиндагиро дар ишқи Ватан хулоса мекунад. Шоир ба хотири Ватан меҳре, ки ба бегона бастааст, мебурад, аҳди бо ғайр бастаашро мешиканад, ҷаҳде, ки ба Ватан рабт намегирад, намекунад ва ҳарфе, ки ба Меҳан дахл надорад, намегӯяд. Бе ишқи Ватан ҷони шоир аз тан ҷудост, ҳамин ишқ аст, ки ҷонро бо тан кафшер мекунад. Сухани Ватан аз ҷони шоир мехезад ва ҳамин ҷон шеъри шоирро зиндагӣ мебахшад. Давлати Раҳмониён дар ниҳоят таъкид мекунад:
То дар тани ман асар бувад аз рамақе,
Ҷуз дар раҳи миллату Ватан ҷон наканам.
Чун саҷдагаҳи ҳазор пуштам Ватан аст,
Н-афтад зи даҳан ҳадиси ҳуббулватанам.
Дар раҳи миллату Ватан ҷон кандан маънии ихтилофро аз байн бурдан, ваҳдатро пойдор намудан, амниятро барқарор сохтан аст. Ваҳдату амният боис мегардад, ки миллат ба шукуфоӣ бирасад. Шоир огоҳона таъкид мекунад, ки саҷдагоҳи ҳазор пуштам Ватан аст, яъне обою аҷдоди ман ба хотири ин сарзамин мубориза бурдаанд, ҷоннисориҳо кардаанд, шарафу номуси худро ҳифз намудаанд. Ман низ ҳадиси ҳуббулватанро раҳо намесозам, чаро ки ҳастии ману вуҷуди Ватан якест.
Бе ишқ Ватан Ватан набошад,
Гар ҳаст, барои ман набошад…
Гӯянд: муродифи Ватан чист?
Ишқ аст, дигар сухан набошад!
Ҳамин тавр, Ватан хонаи мост: хонаи ишқ, хонаи дил, хонаи ваҳдат, хонаи амн, хонаи саодат, хонаи камолу ҷамол. Кӣ метавонад чунин хонаро раҳо кунад, бад гӯяд, дар он зиндагӣ кардан нахоҳад, ба он душманӣ варзад, вайрониашро хоҳад? Ҳатто оне, ки девона аст, ақле дар сар надорад, ба ин кор қодир нест.
Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб дар шеъри «Сояи нур» ба мо меомӯзад, ки Ватан қаламрави муҳаббат асту сарҳади вафо, агарчӣ дар як гӯшаи олам ҷойгир аст, вале барои ман тамоми олам аст. Сарзамини ман нишони гузаштагон ва амонати онҳост. Ин амонатро мо бе ваҳдати миллӣ нигоҳ дошта наметавонем. Бояд як мушт бошем, қуввати мо дар ягонагии мост.
Шоир дар шеъри «Накҳати Ватан» бо муҳаббату ихлос менависад:
Дар ҳама кунҷи ҷаҳон бӯи Ватан бар мо расад,
Дар замину осмон бӯи Ватан бар мо расад.
Сер аз бӯяш намегардад димоғе умрбод,
Ҳамчу бӯи гарми нон бӯи Ватан бар мо расад.
Мо имрӯз мушоҳида мекунем, давлатҳое вуҷуд доранд, ки сокинонаш аз зодбуми худ фирор мекунанд, дар ҷустуҷӯи макони амн ҳастанд. Онҳо наметавонанд дар ватани худ осуда хобанд, нафас кашанд, кор кунанд, ханданд, рақсанд. Дар он кишварҳо одамон бо ҳам ихтилоф доранд, душманӣ меварзанд, ваҳдате вуҷуд надорад, ҷангу бадбахтӣ ҳукмрон аст. Ин ҳақиқатҳо ба мо талқин месозад, ки ба қадри ваҳдату ягонагӣ бирасем.
Шоир Рудобаи Мукаррам дар шеъри «Қалам ва сулҳ», ки ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ навиштааст, таъкид мекунад:
Болотарини авҷи таманнои мост сулҳ,
Сарномаи дуову тасаллои мост сулҳ.
Мисли зулоли равшании чашми ахтарон
Нури умеду бахти муҷаллои мост сулҳ.
Ин авҷи таманною тасалло, равшании чашму бахти муҷалло бе ваҳдати миллӣ ба даст намеояд. Аз ин ҷост, ки шоирони мо бо камоли масъулият ваҳдат, ҳамдилӣ ва ишқро ситоиш мекунанд, ки ин се вожаи пурарзиш дар гулбоғи Ватан сабзу муаттар мегарданд. Аз ин лиҳоз Муҳаммад Ғоиб гуфта:
Дарозии забони ман, баландии садои ман.
Мадору муттакои ман, давоми бобақои ман.
Ватан, Ватан, Ватан, Ватан.
ВОРИС,
«Садои мардум»