Аз рӯзгори одамони наҷиб

Ҷавонмарде аз табори қаҳрамонон

№70 (4653) 26.05.2023

Чурабой Рахмонов ЧурасаркорҶӯрабой Раҳмонов соли 1927 дар Совети қиш­лоқи ба номи Кирови собиқ райони Регар (ҳоло шаҳри Турсунзода) ба дунё омадааст. Солҳои 1940 — 1949 механизатор, 1949 — 1973 сардори бригадаи пахтакорӣ ва аз соли 1974 ба ҳайси мудири участкаи колхози ба номи Владимир Илич Ленини райони Регар фаъолият намуд. Барои ба даст овардани ҳосили баланди пахта дар солҳои 1965 — 1966 бо ду Ордени Ленин, орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва дигар медалҳо қадр шудааст.

Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1966), Устоди пахтаи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (1956) буд.

Замони бачагӣ филми «Ҷӯра — саркор»-ро тамошо карда фикр намекардам, ки оянда ҳамкорию дӯстӣ бо писари қаҳрамони филм насибам мегардад.

Солҳои 2013 – 2016, замони сармуҳаррири моҳномаи «Ҳомии омӯзгор»-и Кумитаи иттифоқҳои касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буданам, чанд сол бо Бахтиёр Раҳмонов — писари Ҷӯрабой Раҳмонов ҳамкорӣ дош­тем. Бо вуҷуди муддати кӯтоҳ фаъолият доштан дар соҳаи мазкур ману Бахтиёр унс гирифтем ва ин дӯстӣ то имрӯз побарҷост. Дар рӯзҳои шодию ғам ҳамшарикем.

Ҷӯра-саркор соли 1985 хеле барвақт, дар 58-солагӣ аз олам гузашт. Ноябри соли 2022 ҳамсараш, ки танҳо фарзандонро тарбия ва ба воя расонд, дар 93-солагӣ ин дунёро падруд гуфт. Бо ҳамкорони собиқ барои ҳамдардӣ ба кулбаи хоксорона, вале пурбаракаташон рафтем. Рӯи курсӣ, рӯ ба айвони хонаи пастаку назарногири Ҷӯра-саркори замоне маълуму машҳур нишаста, бо мисраи устод Рӯдакӣ «Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ…» ба дил аҳсан хондам.

Бахтиёр давомдиҳандаи кору рӯзгори ӯ, монандӣ дораду мондание аз қиблагоҳ не. Ҳалиму хоксор, меҳнатдӯсту инсондӯст, меҳмоннавоз ва ба нону намак. Фарқ ин, ки шуғли пешакардаи писар ангурпарварӣ, он соҳае, ки дар ин минтақа рушд кардааст, мебошад.

Ҷӯра-саркор Дар истеҳсолот ва дар муҳити хона интизоми меҳнатиро ҳатман нигоҳ медошт. Саркор пайвас­та таъкид мекард, ки бало болои сари одамӣ аз бекорист. Одами коҳилу меҳнатгурез ба бероҳагӣ меравад ва дарди сари наздикону ҷомеа мегардад. Меҳнат бошад, беҳтарин дӯсти инсон аст. Аз меҳнати ҳалол файзу баракат меафзояду ризқу рӯзӣ ба кас бештар насиб мегардад.

Аз суҳбат бо Бахтиёр маълум гардид, ки айёми бачагиаш дар хонадони онҳо бо ҳузури ходимони намоёни давлатию сиёсӣ нишастҳои пуршукӯҳ барпо мегардид. Қиблагоҳро шахсиятҳои маъруфе чун Ҷаб­бор Расулов, Турсун Ӯлҷабоев, Шароф Рашидов мешинохтанду эҳтиром доштанд. Саркор ҳам бо вуҷуди серкорӣ, кӯшиш ба харҷ медод, ки меҳмонон бо таассуроти ҷолиб аз хонаи ӯ баргарданд. Дарвоқеъ, ҳоло ҳам хонаю ҳавлӣ ҳамон гунае аст, ки солҳои 60-уми асри ХХ бунёд ёфта буд. Фақат намои берунаш рангубор ёфта, шафати дигари ҳавлӣ чанд ҳуҷраи нав бунёд гардидаасту халос. Навигарии дигари ҳавлӣ ин рӯи девори даромадгоҳи хона лавҳаяки мармарин бо акси Ҷӯра-саркор ва навиштаҷоти «Дар ин хона Ҷӯра Раҳмонов, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ зиндагонӣ кардааст», мебошад.

Дар яке аз ташрифҳо ба ин манзили хоксорона меҳмони олимартабае эрод гирифт, ки наход ки дар Тоҷикистон  Қаҳрамон ҳамин қадар қадр дошта бошад, ки барои ӯ хонаи барҳавои замонавӣ сохта натавонанд. Ба ин кор дар ҷумҳурӣ камар бастанӣ шуданд, ки Ҷӯра — саркор садди роҳ гардид. Гуфт, ки дар ин сурат, ман аз тирезаи хонаи баландошёна, ба чашми ҳамсояҳоям, ки дар хонаҳои одӣ зиндагӣ мекунанд, чӣ гуна менигарам? Магар намегӯянд, ки Ҷӯра ҳам аз худ рафт? Ин марди шариф, ки дар чунин муҳит, миёни одамони одию меҳнатӣ ба камол расида буд, то охирин нафас чунин монд. Он замон мардум ба ҳамдигар эҳтиром мегузош­танд. Ҳеҷ кас бетараф набуд. Эҳтиёт мекарданд, ки ангуштнамои касе набошанду ҳайфи ту нашунаванд. Хурдтарин амали нохуб мавриди сарзанишу муҳокима қарор мегирифт. Аз нигоҳу ғазабу нафрати мардум истиҳола мекарданд. Ҳама чун узви як оила дар ғаму шодӣ бо ҳам буданд ва аз муваффақияти якдигар шод мешуданд.

Саҳрои кор ба хонаи асосии мардум табдил ёфта буд. Ҳама садоқатмандона меҳнат мекарданд. Ба хонаҳояшон бевақт фақат барои анҷом додани корҳои хона, дидори аҳли байт ва истироҳат меомаданду халос. Ба Ҷӯра — саркор бошад, бештар гарон афтода буд, зеро ӯ бори масъулият мекашид. Баъзан ҳафтаҳо, аз сабаби субҳи солеҳон ба кор рафтану бевақт ба хона баргаштан, фарзандон падарро дида наметавонистанд. Баъд аз анҷоми кор, то дер дар маркази ноҳия банди маҷлис, ҳисоботдиҳию нақшакашӣ мешуд. Бо вуҷуди маълумоти олӣ надоштан, Ҷӯра — саркору Миралӣ Маҳмадалиев барин қаҳрамонони меҳнат бо истеъдоду дониши худододӣ ҷамоати бузурги меҳнатиро сарвар ва хоҷагиро рушд бахшида буданд. Хурду калон бе дуою маслиҳати ин пирони кор амалеро ба худ раво намедонистанд. Мавриди Ҷӯра — саркор мегуфтанд, ки аз сари замин истода гуфта метавонад, ки куҷои пахтазор, чӣ навъ об хӯрдааст.

Боре Бахтиёр қисса кард, ки ҳарчанд аз телефони хонагӣ бо телефони утоқи кории Котиби генералии КМ КПСС Л. И. Брежнев пайваст шудан имконпазир буд, боре ҳам аз ин имтиёз истифода набурд.

Бахтиёр дар шаҳри  Москва таҳсилро оғоз ва онро дар шаҳри Тошканд идома дода, дар шаҳри Душанбе маълумоти касбӣ гирифта, ҳоло ҳамчун сармуҳосиби Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Турсунзода фаъолият дорад. Бо вуҷуди он ки маъюб аст, кори худро бекаму кост пеш мебарад. Суиистифода аз мавқеи қиблагоҳро қабул надошту гирди номи падар гаштанро ба худ раво надид.

«Ба ман вазифаю дороии зиёд лозим нест. Касбамро дӯст медорам. Бо обилаи кафи даст нони даҳони худро меёбам. ­Шукр, ки манфиатам ба ҷамъият, ба давлат мерасад», — мегӯяд ӯ.

Ваъдаву имтиёзе, ки дар Туркманистон бар ивази  истифода аз таҷрибаи бой барои бунёди ангурзорҳо ба ӯ намуданд, рад карда гуфт, ки аз Тоҷикистони азизаш ҳеҷ куҷо рафтанӣ нест. Чун падар барои ободиву зебоии Ватан донишу таҷриба ва қувваашро дареғ намедорад. Бахтиёр Раҳмонов бо маънои том вориси барҳақи падар ва идомабахши кори ӯ  мебошад.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»