ҶАВОНОН АЗ ТАВАҶҶУҲУ ҒАМХОРИҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ СИПОСГУЗОРАНД

№ 24.05.2016

Роҳбарияти Тоҷикистон ба ҷавонон чун неруи созанда ва ояндаи давлату миллат ҳанӯз аз давраи аввали соҳибистиқлолӣ эътимод намуда, то имрӯз дар ин мавқеъ устуворанд. Аз ин ҷост, ки сол то сол ҷалби ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарикунанда вусъат ёфта истодааст. Тағиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда низ пурра ба манфиати ҷавонон аст, зеро дар он синну соли шахсони ба мансабҳои олии давлатӣ  интихоб ва таиншаванда то ба 30 поён оварда шуд.

Силсилачорабиниҳое, ки бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» баргузор шуд, бозгӯйи  зери таваҷҷуҳи махсус қарор доштани ин қишри ҷомеа буд. Чунин чорабинӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил шуда, 23 май дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе тантанаи асосӣ баргузор гардид. Ҷашнвора аз роҳпаймоии осоишта таҳти шиори «Ҷавонон-пайрави Пешвои миллат» оғоз ёфта, намоиши дастовардҳои ҷавонон тӯли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ ва мусаввирони ҷавон зери унвони «Тоҷикистон-кишвари ман!» ба маърази тамошо гузошта шуд.

Сипас, дар «Амфитеатр»-и Боғи Ирам намоиши театрикунонидашудаи шоми ҷавонӣ таҳти унвони  «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат ва муҳофизи дастовардҳои 25- соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» доир шуд. Дар чорабинӣ муовини сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Адҳам Маъмурзода ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам баромад намуда, зикр карданд, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлолӣ насли хушбахт мебошанд, зеро дар фазои орому осудаи кишвар зиндагӣ доранд. Онҳо ҳамчунин аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ёдовар шуда, зикр карданд, ки ҳар яки моро зарур аст, то барои рушду шукуфоии кишвари азизамон ҷаҳду талош намоем.

Баъдан, санъаткорони шинохта Нигина Амонқулова, Ҷаъфари Ҷалол, Шуҳрат Сайнаков, Ҷамшед Низомов, Шаҳроми Абубакр ва дигарон бо сурудҳо табъи ҳозиринро болида гардониданд.

 

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»