«Ҷавонони…» ҳамешаҷавон

№113-114 (4219-4220) 17.09.2020

KALLAJ11 сентябри соли равон дар толори калони КВД КТН «Шарқи озод» бахшида ба 90-солагии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» таҳти унвони «Гуфтугӯи ду насл» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он собиқадорони матбуот, устодони факултетҳои журналистика ва донишҷӯён ширкат намуданд.

Дер боз шоҳиди чунин чорабинии муҳташам нагардида будем. Ба ибораи дигар, баргузории онро эҳёи анъанаҳои нек ҳам номидан мумкин аст, зеро паҳлуҳои зиёди мусбатро таҷассум намуд. Дарвоқеъ, арҷгузорӣ ба суханвар, ба заҳмати матбуотчиён, тарбия ва роҳнамоии насли ҷавон дар рӯҳияи созандагиву ифтихор аз Ватан вазифаи асосии ҷомеа мебошад.

Рӯзнома аввалин маротиба бо номи «Комсомоли Тоҷикистон» 5 апрели соли 1930 бо теъдоди 500 нусха ба нашр расидааст. Нахуст сардабирии онро Ғуломризо Ализода (солҳои 1930-1932) ба уҳда дошт. Дар соли аввали нашр рӯзнома 57 шумора чоп шуд ва 8 ходими эҷодӣ дошт ва тӯли фаъолият се маротиба тағйири ном  намуда, аз соли 1998 бо номи «Ҷавонони Тоҷикистон» дастраси  хонандагон мегардад.

«Ҷавонони Тоҷикистон» минбарест, ки бештари эҷодкорон ва қаламкашон дар он қадамҳои нахус­тинро гузошта, минбаъд дар дигар соҳа ва нашрияҳои ҷумҳурӣ сарбаландона кору эҷод кардаанду мекунанд. Хушбахтона, дар ин даргоҳи муборак солҳои 2008-2016 фаъолият намудан ба ман ҳам насиб гардидааст.

Он рӯз ҳайати эҷодии «Ҷавонони Тоҷикистон» заҳмати зиёд кашида, ба ҷашн омодагии ҷиддӣ дида, рамзан  шумораи иборат  аз 90 саҳифа  ва китоби «Пири дилҷавон»-ро таҳияю чоп ва муаррифӣ карданд. Даромадгоҳи КВД КТН «Шарқи озод» фазои идона ба бар ­дошт. Ҳамоиш дарвоқеъ намояндагони ду наслро ба ҳам  овард.

Ҷамъомадро 33-юмин сармуҳаррири ҳафтанома Шодихони Назар оғоз бахшид. Баъдан, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ба ифтихори 90 — солагии таъсисёбии «Ҷавонони Тоҷикистон» бо сухани табрикӣ ҳозиринро гарму ҷӯшон истиқбол намуд.

DSC_8319Нависанда ва драматурги шинохта Ато Ҳамдам, ки солҳои 1977 — 1988 сармуҳарририи рӯзномаро ба уҳда дошт ва собиқ корманди рӯзнома Шамсиддин Насриддинов хотираҳои ҷолибро бо муҳаббату ифтихори беандоза ба ҳозирин қисса карда, даъват намуданд, ки ҷавонон бояд бо тамоми ҳастӣ дар хизмати миллату Ватан бошанд.

Сипас, аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати мамлакат ба кормандони кунунӣ ва собиқадорони рӯзнома сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Дар хотима, иштирокчиён бо ҳамовозӣ аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон тарафдориашонро аз номзади арзанда ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд.

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»