Дар ноҳияҳои дурдасти кишвар хабари хушу нохуш байни мардум зуд паҳн мегардад ва одамон дар ҷамъомаду суҳбатҳо атрофи онҳо сухан мегӯянд. Агар хабари хуш бошад, мардум бо чеҳраи пур аз ифтихор ҳарф мезананд, аммо хабари нохушро бо овози паст ва димоғи сӯхта шарҳ медиҳанду ҳар замон оҳи сӯзон аз синаҳо берун мебароранд. Чанде қабл чанд тан аз рӯзноманигорон бо тақозои вазифа вориди шаҳраки Ваҳдат — маркази ноҳияи Лахш гардидем.
Ибтидо дар кӯчаҳои он сайр намуда, бо ёру ошноҳо вохӯрдем. Аз забони онҳо овозаи ҷавонмардии соҳибкор Орифҷон Ҷабборовро шунидем. Аксарият дар бораи ин ҷавонмарди ватандӯст сухан мегуфтанд. Қиссаи ҷолиби онҳоро шунида, ба хотири донистани ҳақиқат ба деҳаи Майдонтерак роҳ пеш гирифтем. Роҳбаландамон Шоҳимардон дар бораи ободкориҳое, ки солҳои охир дар ноҳия ба чашм мерасанд, ҳарф зад.
- Орифҷон Ҷабборов зодаи деҳаи Майдонтерак аст, — гуфт ӯ. — Ҳамин ҷо ба воя расида, мактаби миёнаро хатм кард ва баъд ба хотири идома додани таҳсил роҳи пойтахти мамлакатро пеш гирифт. Баъди хатми мактаби олӣ дар шаҳри Душанбе сукунат ихтиёр намуд. Ҳоло он ҷо кору фаъолият мекунад. Аввали баҳор ба аёдати падару модар омад ва чанд рӯз дар деҳа меҳмон шуд. Бо омӯзгорон вохӯрд, дар бораи таъмири биноҳои таълимӣ маслиҳат кард.
Вақте ки мо вориди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50 гардидем, волидайн ба тоза кардани саҳни ҳавлии он машғул буданд.
Дар назди дарвозаи таълимгоҳ моро муовини директори мактаб оид ба корҳои тарбиявӣ Қудратулло Файёзов пешвоз гирифт. Ӯ мақсади ташрифи моро фаҳмид ва баъди салому алайк лаб ба тавсифи Орифҷон кушод.
- Орифҷон дастпарвари мактаби мост. Бо ӯ мо — омӯзгорон фахр мекунем. Вай ба шаҳри Душанбе рафта бошад ҳам, алоқаашро аз сокинони деҳа намеканад. Ҳар даъфа занг мезанад ва аз аҳволи мардум мепурсад. Ба деҳа биёяд, ҳатман барои дидорбинӣ бо муаллимон ба мактаб медарояд, — гуфт Қудратулло.
Бо Қудратулло биноҳои таълимии муассисаро тамошо кардаму солҳои пешро ба ёд овардам. Он солҳо Майдонтерак яке аз калонтарин деҳаҳои ноҳияи Лахш ба шумор мерафт. Замони барқарории ҳукумати шӯравӣ мактаби мазкур беш аз 500 нафар хонанда дошт. Ҳамчун хабарнигори рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») чанд маротиба меҳмони омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ шуда будам.
- Имсол чанд нафар хонанда дар мактаб таҳсил мекунад? — пурсидам.
- Сесаду ду нафар, — ҷавоб гардонд Қудратулло ва шояд аз нигоҳи ман рамуз гирифт, ки суханашро идома дод: — Солҳое, ки кишвар гирифтори даргириҳои бемаънӣ гардид, аксари сокинони деҳа муҳоҷир шуданд. Мардум бовар надоштанд, ки тинҷию амонӣ мешавад. Аз ҳамин сабаб шумораи хонандагон кам шуд.
Суҳбаткунон ба бинои марказӣ расидем.
- Орифҷон ҳамин биноро таъмири асосӣ кард. — Агар ба хотир дошта бошед, соли 1984 дар ноҳия заминларзаи сахт шуд. Ба хоҷагии халқ зарари калон расид. Мактаб дар қатори дигар иншоот зарари ҷиддӣ дид. Аз бинои пештараи он як кӯҳи хок боқӣ монд. Соли 1985 Ҳукумат ҳамин мактабро сохт. Бинои таълимӣ аз даҳ синфхона, дафтари кории директор, хонаи муаллимон иборат аст. Дар давоми сиву чор соли мавҷудият бино ягон бор таъмири асосӣ нашудааст, — гуфт Қудратулло.
Мо вориди синфхонаҳо мешавем. Синфхонаҳо хеле хуб таъмир гардида, тамоми ашёи он нав буд. Дар баъзе синфхонаҳо часпонидану ҷо ба ҷо намудани мизу курсӣ ва ҷевонҳои китоб идома дошт.
- Арзиши ҳамин ҷевони китобмонӣ 1800 сомонӣ будааст. Орифҷон 13 ҷевони китобмонӣ туҳфа кард, раҳмат бар падараш. Солҳои пеш намедонистем китобу дафтарро дар куҷо монем. Ҷевонҳои китобмонӣ куҳнаву фарсуда шуда буданд, — ба суҳбат ҳамроҳ шуд омӯзгор Ҳокимҷон Зокиров.
- Ин ҷавонмарди саховатманд барои хонандагон 120 баста мизу курсии талабагӣ, 15 баста мизу курсӣ барои омӯзгорон, ду нармкурсӣ (кресло) барои дафтари кории директор, 10 тахтаи синфӣ ва 13 ҷевони китобмониро харида ба мактаб овард. Илова ба ин, барои харидорӣ намудани китобҳои дарсӣ, дафтару қалам ва сумка барои хонандагони синфҳои 1-4 маблағ ҷудо намудааст. Барои ороиши бино ва синфхонаҳо асбоби аёнӣ ва шиору овезаҳо низ харидорӣ кардааст, — риштаи суханро ба даст гирифт Қудратулло.
Баъди дидани бинои таълимӣ ба ҳавлӣ баромадем. Дар саҳни он аз қубури оҳанӣ оби софу хунук мерехт.
- Орифҷон боз як мушкили моро ҳал кард, — гуфт посбони муассиса Музаффар Давлатов. — Хонандагон солҳои зиёд аз набудани оби нӯшокӣ азоб мекашиданд. Ӯ аз масофаи як километр аз як чашма хатти об кашид.
- Умуман, Орифҷон Ҷабборов барои таълимгоҳ 295 ҳазор сомонӣ масраф кардааст. Савоби ин амали хайр ба ҳафт пушташ мерасад. Падари ин ҷавонмард акаи Маҳмадҷон то ба нафақа баромадан дар хизмати халқу давлат буд. Имрӯз фарзандаш бо рафтори оқилонаву ободкорона сари падарро боз болотар бардошт. Бузургон беҳуда нагуфтаанд, ки «Фарзанди нек боғи падар…».
Орифҷон Ҷабборов ба нақша гирифтааст, ки соли оянда боз бинои дуошёнаи дорои ҳашт синфхона ва майдони варзишӣ созад.
Бовар дорем, ки сол то сол сафи ҷавонмардони саховатманд зиёд мешавад ва онҳо дар рушду нумӯи кишвар саҳм мегузоранд. Ҷавонони баору номуси Лахш аз Орифҷон бояд ибрат гиранд.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»