Аёдат

№11 (3491) 26.01.2016

(Ҳаҷвия)

Кормандони рӯзномаи «Садои мардум» собиқ ҳамкори худ — нависанда, публитсист ва тарҷумон Ғанӣ Ҷӯразодаро ба муносибати 80-солагии мавлудаш аз самими дил табрик намуда, ба ӯ тани сиҳату хотири ҷамъ ва дастовардҳои нави эҷодӣ таманно менамоянд. Ба ин муносибат аз кулвори эҷодиёти эшон намунаеро ҳамчун барги сабз  манзури хонандагони гиромӣ мегардонем.

Корманди хурди идораи омор Ҳоҷӣ Мискин пагоҳӣ ба кор омада, пеш аз он ки ба утоқи худаш равад, оҳиста дари қабулгоҳи сардорро кушода, ворид шуд ва бо котиба салому алейк кард. Котиба, ки дар компютер чизе чоп мекард, на ҷавоби салом доду на ба сӯяш нигоҳ кард. Ҳоҷӣ лаҳзае нафасашро рост гирифта, чорқад шуда, ба утоқи кории сардор даромаданӣ буд, ки котиба шасташро гардонд:

- Раис нестанд, касал. Фишори хунашон баланд шудааст.

- Касал? Наход? Худо нигоҳ дорад-е, – афсӯс хӯрд Ҳоҷӣ ва аз дил гузаронд: «Бало зад магар? Дина сип-сиҳат буд-ку…»

- Дар хона хоб бошанд ё?

- Дар беморхона, — гуфт котиба.

- Дар кадом беморхона?

- Намедонам. Чӣ буд?

- Хабар гирифтан лозим.

- Он касро ҳамин рӯз хобонданд. Даррав рафтан шарт аст?

- Не, ин хел нагӯед, хоҳари ҷон, — гуфт Ҳоҷӣ, хабар гирифтан, албатта, шарт. Он кас одами анча-мунча не, шахси бузург, роҳбари даҳҳо нафар ману шумо барин бандагони Худоянд. Он кас ҳастанду мо ҳастем, вагарна…

Вай саросема дарро пӯшида, ҳарсосзанон ба утоқи кориаш омад. Ҳамкораш Кабирӣ дар болои мизи калони мудир коғазҳоро, ки аз рақамҳо пур буданд, паҳну парешон намуда, чизе менавишт.

Ҳоҷӣ ба ҳамкораш нигариста, ғашаш омад, табъаш хира шуд. Нишастанаша бин, карруфараша бин, гӯё мудир бошад, чӯпонбача! Вақти ин ҷо омаданат афту андомат аз чӯпонбачаи пойлуч фарқе надошт… Акнун вай ҳар рӯз як костюми нав мепӯшад, куртаҳояш сап-сафеди оҳарӣ, галстукаш галстуки вазир барин, туфлиаш напа-нави ялаққосӣ. Аз рӯзе, ки мудир ба кори дигар гузашт, Кабирӣ ибо накарда, ҷойи ӯро гирифтааст. Худаш телефон дораду аз телефони мудир занг мезанад, бо ким-киҳо мелаққад. Аз афташ, мудир шуданӣ. Хобатро ба об гӯй! Дар ин ҷо аз ту дида дигар одамони сазовортар ҳам ҳастанд. Ҳоҷӣ аз ту чӣ камӣ дорад? Панҷ сол боз майна об карда, заҳмат мекашад. Аммо ҳеҷ не як зина боло барояд. Барои чӣ? Барои он ки бисёр хоксор, фурӯтан, талоши вазифа намекунад. Бас аст хоксорӣ, акнун фурсатро аз даст надода, бояд мубориза бурд.

Вай аз ғалладони миз қаламу коғазҳоро бароварда, паҳн кард, вале хуши коркуниаш наомад. Ба даҳон нос партофту берун баромад ва дар долони дароз қадамзанон боз банди хаёл шуд. Аз рӯи одат ҳар пагоҳӣ аввал назди сардор даромада, салом медод, ҳол мепурсид, эҳтиромашро ба ҷой оварда, баъд арзи муддао мекард.

Рӯзи дигар Ҳоҷӣ Мискин ба аёдати сардор рафт. Аз бозор нону мева харида, ба беморхона омад ва палатаи беморро ёфта, даромаданӣ буд, ки ҳамшираи тиббӣ садди роҳ шуд:

- Бемор хоб, фишори хунаш баланд.

- Қурбонатон шавам, хоҳар, — гуфт Ҳоҷӣ, — ман аз роҳи дур омадам, додархонди бемор мешавам. Фақат як назар дида, ҳолпурсӣ кунам, бас, зуд мебароям.

Ҳамшираи тиббӣ таваллою илтиҷои ӯро дида, иҷозати даромадан дод, вале таъкид кард, ки беморро бисёр ба гап нагирад.

Сардор дар палатаи яккаса, болои кати симин хобида буд.

- Ассалому алайкум, раис! — гӯён Ҳоҷӣ вориди палата шуд. — Хуб ҳастед, сиҳат-саломат ҳастед?

Бемор наҷунбид, садое набаровард. — Хобаш сахт бурдааст ё беҳуш ё…, -аз хаёлаш гузаронд Ҳоҷӣ.

- Раисҷон, ман Ҳоҷӣ! –овозашро баланд кард ӯ.

Бемор ниҳоят паҳлу гашта, чашм кушод ва Ҳоҷиро дида, боз чашмонашро пӯшид. Ҳоҷӣ курсиро гирифта, рӯ ба рӯи бемор нишаст:

- Раисҷон, банда дар хизмати шумо. Дору ё ягон чизи дигар лозим бошад, биёрам.

Бемор чашм накушода, бо аломати инкор оҳиста сар ҷунбонд.

- Хешу таборҳо, ёру дӯстон, ҳамкорон ба шумо салом фиристоданд ва дуо карданд, ки зудтар шифо ёфта, ба кор бароед. Сардор набошад, кор пеш намеравад, баъзеҳо тартибу интизомро риоя намекунанд, махсусан Кабирӣ баринҳо. Вай беномус ба ҷойи мудир шишта, кору бораш телефонкунӣ. Нияташ мудир шуданӣ барин. Гӯё дигар одами арзанда набошад… Раис, воқеан, чӣ хел касал шудед? Ҳамон рӯзе, ки ҳар ду суҳбат доштем, асп барин будед-ку?

Бемор, ки то ин дам хомӯш буд, бо овози пасти ларзон ба гап даромад:

- Ҳисоботи тайёркардаи туро аз вазорат баргардонданд. Вазир гапҳои сахт зада, танбеҳ дод. Маҷбур шудам то дери шаб ҳисоботро аз нав нависам. Мондаю шалпар шудам. Дарди сар гирифт. Асаб тоб наоварда, фишори хунам баланд шуд.

- Кор гуфта, худатонро азоб надиҳед, раис, эҳтиёт кунед, саломатии шумо ҳам барои худатон, ҳам барои мо лозим аст, — тасаллӣ доданӣ шуд Ҳоҷӣ. — Аз ман гуноҳе шуда бошад, узр мехоҳам. Лекин вазир ҳам муболиға кардааст, ҳисоботи ман, ба назарам бад набуд. Хайр, бало ба пасаш, парво накунед, раис. Аммо масъалаи мудири навро тезтар ҳал кунед. Набошад, Кабирӣ худсарона худро мудир эълон мекунад.

Ҳамин вақт ҳамшираи тиббӣ ба палата даромада, ба Ҳоҷӣ гуфт, ки суҳбатро хотима диҳад. Ҳоҷӣ бошад, «ҳозир, ҳозир» — гӯён гапашро давом дод:

- Раис, ҳамин масъала, яъне таъин кардани мудири нав масъалаи хеле ҷиддӣ ва муҳим аст. Ин масъаларо фақат шумо одилона ҳал карда метавонед. Ҳалли ин масъалаи муҳимро кашол додан хуб нест. Одамони арзанда ҳастанд. Масалан, камина аз кӣ кам?

Бемор, ки то ин дам сабр мекард, тоқаташ дигар тоб наоварда, бо як азоб нимхез шуд ва бо овози пасти ғамолуд, вале ғазабноки бошиддат гуфт:

- Мурад ҳамин вазифа! Маро-ку касал кардӣ, акнун куштан мехоҳӣ?

Ҳоҷӣ Мискин аз чунин суханони сардор, ки чашмдор набуд, нохост ба ҳарос афтод ва «Худо нигаҳ дорад, нигаҳ дорад» — гӯён қафонокӣ аз палата берун шуд ва дарро сахт пӯшида, зери лаб ғурунгос зад: «Тавба! Гуноҳи ман чӣ? Ба ӯ фақат сухани хуш мегуфтам, ҳурматаш мекардам… Бандаи ношукр».

Ғанӣ Ҷӯразода