Ситораҳои кинои Ҳиндустон

Аз Болливуд то Голливуд

№168-170 (3469-3471) 10.12.2015

(Аввалин актёри ҳиндӣ, ки аз Голливуд даъватнома гирифтааст)

4463448_mБа кинои Ҳиндустон, умуман кинои ҷаҳонӣ, бештар вақт актёрон аз синни наврасӣ ё ҷавонӣ ворид шуда, чун ситораи кино мавқеашонро мустаҳкам мекунанд. Дар баробари ин, ҳастанд актёроне, ки танҳо пас аз 40 ё 50- солагӣ машҳур шудаанд. Яке аз чунин актёроне, ки дар олами кинои Ҳиндустон андаке дер зуҳур кард, Амриш Лал Пури мебошад. Ба ӯ муяссар гардид, ки танҳо дар синни 40- солагӣ ба экрани кино роҳ ёбад. Тавре ки мегӯянд: «Дер омаду шер омад».

Амриш Лал Пури 22 июни соли 1932 дар шаҳри Наваншаҳри вилояти Панҷоби Ҳиндустон (он замон тобеи Британияи Кабир) ба дунё омадааст. Оилаи онҳо аз панҷ бародару хоҳар иборат буд. Бародаронаш Чаман Пури ва Мадан Пури низ касби актёриро интихоб карданд. Ду хоҳар дошт- Чандраканта ва Хариш.

Амриш Коллеҷи гуманитариро дар Шимлеи штати Химачал Прадеш хатм карда, ба шаҳри Мумбай, ба назди бародаронаш меравад, то ки машҳур шавад. Бародараш Мадан аллакай чун иҷрокунандаи нақшҳои манфӣ дар кино шинохта шуда буд. Вале Амриш дар аввалин кастинг (интихоби актёрон) комёб нагардид ва маҷбур шуд, ки ба Ширкати суғуртаи давлатӣ ба кор дарояд. Дар вақтҳои холӣ дар Театри Притхви дар спектаклҳо бозӣ мекард ва оҳиста- оҳиста чун актёр дар театр шинохта шуд. Соли 1979 ӯ аввалин мукофоти баланди театрӣ «Sandeet Natak Akademi»- ро соҳиб шуд.

Аз ин пас, режиссёрон Амриш Пуриро ба навори роликҳои рекламавӣ даъват мекардагӣ шуданд. Нақши нахустинашро дар кино Амриш айёме бозӣ кард, ки чиҳилсола буд.

Амриш Пури ба санъати кино дер ворид шуда бошад ҳам, зуд соҳиби шуҳрат гардид. Ӯ аввалин актёри ҳиндӣ буд, ки аз шаҳраки киносозон- Голливуд даъватнома гирифта, дар филми ҳунарӣ — саргузаштии «Индиана Ҷонс ва маъбади тақдир»-и режиссёр Стивен Стилберг нақши манфии Мола Рамаро иҷро намуд.

Тамошобинон филми навро бо иштироки актёри ҳиндӣ хеле хуб қабул карданд. Дар ин филм ба актёр лозим омад, ки мӯйи сарашро бо поку тарошад, зеро нақш чунин талаб мекард. Амриш ҳангоми навори филм сарашро тез- тез бо поку метарошид ва ин «анъана» баъди хатми навори филм ҳам хеле вақт давом дошт, зеро актёр ба тамошобинон бо сари лучаш хеле таъсир гузошта буд.

Дар Ҳиндустон бошад, Амриш Пури соли 1971 дар филми ҳунарии «Ҷанг ва муҳаббат» бори нахуст ҳунари актёриашро санҷид. Худи ҳамон сол ӯро барои иҷрои яке аз нақшҳои асосӣ дар филми «Решма и Шера» даъват карданд.

Тамошобинони кино минбаъд ӯро дар филмҳои ҳунарии «Охири шаб», «Нақши мушкил», «Бедоршавӣ» ва ғайра диданд ва чун иҷрокунандаи нақшҳои манфӣ ва бадкирдор дар Болливуд  ба ӯ лақаб гузоштанд.

Дар санъати кинои Ҳиндустон бошад, ба актёр нақши Могамбо аз филми ҳунарии «Мистер Ҳиндустон»- и режиссёр Шекхар Капур, (соли 1987), шуҳрати зиёд овард. Амриш Пури дар ин филм нақши супербераҳм Могамборо тарзе офарид, ки мухлисони кино солҳои сол ба ин нақш тақлид мекарданд. Махсусан, ифодаи «Могамбо доволен»- ро то кунун ҷавонон тақлидкорона истифода доранд.

Гуфтан лозим аст, ки  актёри дӯстоштаи мо танҳо бо иҷрои нақшҳои манфӣ банд набуда, нақшҳои мусбӣ низ офаридааст. Яке аз нақшҳои машҳураш ин падар Балдев Синг дар филми ҳунарии «Рабудани арӯс» мебошад, ки ба духтараш иҷозат медиҳад, ки аз рӯйи муҳаббат ба шавҳар барояд. Метавон гуфт, ки чунин нақшҳо хеле зиёданд. Афсари Қувваҳои ҳарбӣ — ҳавоии Ҳиндустон Варгезе дар филми ҳунарии «Uirtta», тоҷири амрикоӣ дар филми ҳунарии «Умедҳои фиребхӯрда» аз ҳамон ҷумлаанд. Ба ин монанд дар филми ҳунарии «Хешовандони ҳамхун» («Родная кровь», режиссёр Анил Кумар) Амриш Пури нақши мӯйсафед  Йешпайро иҷро кардааст. Бо вуҷуди бобо ва хусури бад буданаш дар охири филм набера, духтар ва домодашро ба оғӯш гирифта, бахшиш мепурсад. Дар ин филм ӯ дар чашмонаш айнаки сиёҳ дорад ва айнакҳо ҷазобату виқори  чашмонашро паноҳ кардаанд. Соли 1996 нақши падари беморро дар филми ҳунарии «Маъюс» ва дар филми ҳунарии «Кӯдаки бегона» соли 2001 нақши бобои меҳрубонро бозӣ кардааст. Актёр муваффақ шудааст, ки нақшҳои мусбиро низ олӣ офарад. Вале тамошобин ба нақшҳои манфиаш одат карда, Амриш Пуриро дар симои нав он қадар хуб қабул накарданд.

Дар филми ҳунарии «Бирақс, бирақс» (режиссёр Бобар Субхат, соли 1987) Амриш Пури нақши Раҷ Баҳодур Сингхро бозӣ кардааст. Дар консерти сарояндагони ҷавон Ҷаноби Сингх чун узви ҳайати ҳакамон ва шахси сарватманд ҳузур дошт. Баъди рад кардани таклифаш оилаи ҷавонро аз роҳ боздошта, зӯран ба хона мебарад.

Саҳнаи хонаи Сингх низ хеле аҷиб баромадааст. Ӯдар даст ҷоми май бо нигоҳҳои ҳарисона ва гурусна ба Ситаи зебо нигоҳ карда, ҳаракатҳои шаҳватомез мекунад. Зердастонаш шавҳари Сита ва аъзои дастаро мекушанд ва ҷаноби Синг ба нияти нопокаш мерасад.

Дар ин филм ӯ амалиёти зиёде надорад, он қадар фаъол нест, вале чеҳрааш, чашмонаш, либосҳои бо кару фарраш диққати тамошобинонро ба худ ҷалб мекунанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, қаҳрамони Амриш Пури- Синг дар хотимаи филм ҳалок мешавад.

Дар филми ҳунарии «Марвориди сеҳрнок» (соли 1986) Амриш Пури нақши сеҳргар Магро хеле олиҷаноб бозидааст. Ҳатто либосҳояш ҳам аҷоиб буда, ба тамошобин таъсир мерасонад. Дар аввал ӯ некӣ карда, дар хотимаи филм боз ҳамон бадкориашро давом медиҳад ва модари Раҷуро ба найза мекушад.

Ниҳоят, худаш дар охири филм аз заҳри морон мемурад.

Баъди танаффуси 20- сола ӯ соли 2000 боз ба кино баргашт ва дар якчанд филмҳо, аз ҷумла «Бобо» (соли 2002) ҳунарашро нишон дод. Яъне, актёр ҳанӯз қодир буд, ки дар кино ҳунарашро нишон диҳад.

Солҳои охири ҳаёташ Амриш Пури дар ду филми ҳунарӣ «Кисна: Защищая свою любовь» (соли 2005) ва «Kachchi Sadak» (соли 2005) бозӣ кард, ки нахустнамоиши ин филмҳо соли 2006, баъди вафоти актёр барпо гардид.

Дар фаъолияти ҳунариаш актёри машҳур, ситораи Болливуд Амриш Пури сазвори Ҷоиза «Барои иҷрои беҳтарин нақшҳои мардонаи плани дувум» дар солҳои 1986, 1997 ва 1998 гардида буд. Солҳои 1991 ва 1994 бошад, дар кинофестивалҳои байналмилалии Сидней ва Сингапур (соли 1994) соҳиби Ҷоизаи махсус шуд.

Амриш Пури дар зиндагӣ шахси меҳрубон ва ҳалим буд. Панҷуми январи соли 1957 тӯйи хонадоршавиаш бо хонуми зебо Урмиле Дивекар барпо гардид. Ин оилаи тифоқ соҳиби ду фарзанд- писар Раҷив Пури ва духтар Намрата Пури шуданд. Шуғли дӯстдоштаи актёр ҷамъ овардани кулоҳҳо (шляпа) буд ва ӯ тамоми умраш кулоҳҳои гуногунро аз тамоми ҷаҳон ҷамъ  овард, ки шумораашон 200 ададро ташкил медод.

Амриш Пури давоми фаъолияташ дар кинои Ҳиндустон қариб дар 300 филми ҳунарӣ нақш офарид. Дар Болливуд Амриш Пуриро дар қатори Амитабх Баччан, Дхармендра ва Митхун Чакраборти ва дигарон ном мегиранд. Яъне, актёри дӯстдоштаву «бадкирдори» мо бо иҷрои нақшҳои манфиаш дар қатори ситораҳои кинои Ҳиндустон, саҳеҳтараш кинои ҷаҳонӣ, ҷо гирифтааст. Бо иҷрои нақшҳои манфӣ дар дили тамошобинон роҳ ёфтан хеле душвор аст. Аммо ба Амриши «бераҳму золим» ин ба осонӣ муяссар шуд. Ӯ аз дигар актёрҳо бо овози буррои мардона ва чашмони калон- калони «бадҳайбаташ» фарқ мекард.

Дар оғози соли 2004 Амриш Пури ният дошт, ки ёддоштҳояшро таҳти унвони «Ёддоштҳои Могамбои гуногуннақш» навишта, ба дасти мухлисонаш расонад. Аммо беморӣ ва марги ногаҳонӣ имкон надоданд, ки хотираҳояшро рӯи коғаз биёрад. Чӣ қадар лаҳзаҳо, андешаҳо ва ёддоштҳои пурарзишро ӯ ҳамроҳаш ба дунёи абадӣ бурд. Амриш Пури 12 январи соли 2005, дар синни 73 -солагӣ дар Госпитали шаҳри Мумбай дар натиҷаи кафидани раги майнаи сар вафот кард. Садҳо мухлисонаш аз тамоми гӯшаву канори Ҳиндустон ва ҷаҳон унвонии хонаводааш барқияҳои тасаллият фиристониданд.

Инак, аз вафоти ситораи кинои Ҳиндустон Амриш Пури даҳ сол гузашт. Вале дар чодари кино ӯ ҳамеша зинда аст ва бо чашмҳои афсунгараш, бо овози буррояш ба мо мухлисонаш шодию фараҳ мебахшад. Инро мо пас аз  тамошои филмҳои ҳунарии дар солҳои гуногун тамошокардаамон, аз ҷумла «Решма и Шера» (соли 1972), «Дӯстони вафодор» (соли 1980), «Қонуни  кӯр» (соли 1983), «Индиана Ҷонс ва маъбади тақдир» (соли 1984), «Дунёи бераҳм», «Чу се мушкетёр» (соли 1984), «Океан» (соли 1986), «Марвориди сеҳрнок» (соли 1986), «Бирақс, бирақс» (соли 1987), «Шоҳзодаи сиёҳ, Аҷуба» (соли 1989), «Рам  ва Лакхан» (соли 1989), «Қонуни ҷангал» (соли 1991), «Савдогар» (соли 1991),  «Се марди ба ғазабомада» (соли 1989), «Қасос ва қонун -2» (соли 1998), «Муҳаббати марговар» (соли 2001), Кӯдаки бегона» (соли 2001) ва дигар филмҳои ҳунарӣ эҳсос менамоем.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»