Аз дараи ҳакимӣ то рейхстаг

№60 (4643) 05.05.2023

АЗ ДАРАИ ХАКИМИБа Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ноҳияи Нуробод (собиқ Комсомолобод) 2909 нафар сафарбар шуданд. Аз онҳо 464 нафар дар муҳорибаҳои шадид ҳалок ва 320 кас беному нишон гардида, 2115 нафар баргаштанд.

Барои омода сохтани матлаби зер як сол қабл набераи бобои Малик — Сироҷиддин Амонов (айни ҳол табиби бемористони Қарияи Боло) ба идораи рӯзнома муроҷиат кард. Борҳо ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод барои мусоидат муроҷиат кардем. Мутаассифона, ҳар дафъа муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия ин масъулиятро ба дӯши роҳбарияти Ҷамоати деҳоти «Ҳакимӣ» вогузор мекарданд.

Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияро аз ҷои кориаш пайдо накардем, ба занги телефонӣ низ ҷавоб надод. Маҷбур шудем ба Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷумҳурӣ муроҷиат намоем. Афсӯс, ки онҳо низ номи се бародарро дар дафтари қайдҳо пайдо карда натавонистанд. Аз ин рӯ, аз нақли фарзанди бобои Малик-Маҳмадюсуф Амонов (гарчанде ӯ низ дар бораи падар ва ду амакаш маълумоти дақиқу пурра надошт) маълумоти зерро рӯи коғаз овардем.

Лашкар Амонов (соли таваллудаш 1919) Маҳмадсаид Амонов (соли таваллудаш 1921) ва Малик Амонов (соли таваллудаш 1925), ки сокинони деҳаи Ҳакимӣ буданд, назди худ мақсад гузоштанд, ки барои аз душман озод кардани Ватан ба ҷанг раванд.

Лашкари ҷавон, ки 22-сола буд, моҳи августи соли 1941 ихтиёран ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Комсомолобод ҳозир шуда, тасмими ба фронт рафтанро мегирад. Ӯро бо ҳамроҳонаш ба шаҳри Тошканд оварданд. Баъд аз омӯзиш онҳоро ба шаҳри Сталинград, ки он шабу рӯз дар муҳосираи фашистон қарор дошт, сафарбар намуданд. Номбурда бо ҳамяроқон аз полки 408-уми тирандозии дивизияи 144-уми ҷабҳаи дуюми Артиши Шӯравӣ дар озод намудани шаҳри Сталинград иштирок карда, бо ордену медалҳои зиёд мукофотонида шудааст. 23-юми декабри соли 1943, баъд аз пурра озод намудани шаҳри Сталинград, ӯ ҷароҳат бардошта, аз дасти чапаш маҳрум мешавад. Баъд аз табобати зиёд ба зодгоҳ баргашт. Соли 2005 дар 86-солагӣ вафот кард.

Маҳмадсаиди бистсола, ки писари дуюми хонаводаи Амоновҳо буд, 9-уми марти соли 1942 бо даъвати Комиссариати ҳарбии ноҳияи Комсомолобод ба ҷанг меравад. Бо рутбаи лейтенант ба полки 201-уми пиёдагарди дивизияи 318-уми ҷабҳаи сеюми Белоруссия шомил мешавад. Дар озодкунии Белоруссия ва Украина мардонагӣ нишон медиҳад ва бо медали «Шуҷоат» ва рутбаи капитан мукофотонида мешавад. Баъдан, дар озодкунии давлати Полша бо ордену медалҳои навбатӣ мушарраф мегардад. Дар яке аз набардҳо ҷароҳати вазнин мебардорад ва баъд аз табобати тӯлонӣ маъюб эътироф шуда, соли 1944 ба зодгоҳ бармегардад.

Баъд аз ҷанг якчанд сол вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти «Ҳакимӣ»-ро ба уҳда дошт. Соли 2002 дар 82-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Соли 1942 Малики ҷавонро бо ҳамроҳонаш ба шаҳри Душанбе оварда, баъд аз се рӯз ба шаҳри Москва равон мекунанд. Дар шаҳри Москва онҳо ба полки 546-уми дивизияи 191-уми пиёдагард ҳамроҳ шуда, ба шаҳри Жданови вилояти Ленинград сафарбар мешаванд. Он вақт шаҳри Ленинград дар муҳосираи фашистон қарор дош­т.­ Дар яке аз набардҳои зидди фашистон Малик ва ҳамяроқонаш дар муҳосира мемонанд, вале истодагарӣ мекунанд. Соли 1943 душманро шикаст доданд ва шаҳри Ленинградро, ки дар муҳосира қарор дошт, озод карданд.

Баъдан, дар озод намудани шаҳрҳои Попов ва Нарваи Ҷумҳурии Эстония иштирок намуда, маҷрӯҳ мешавад. Ӯро таъҷилан ба яке аз госпиталҳои ҳарбии шаҳри Нарва интиқол медиҳанд ва баъд аз пурра табобат ёфтан ба майдони ҷанг меравад. Дар озод кардани Белоруссия низ иштирок намуда, ин дафъа аз пойи чап сахт маҷрӯҳ гардида, муддати тӯлонӣ табобат мегирад. Баъд аз табобат, бо вуҷуди маҷрӯҳ будан ба майдони ҷанг меравад. То Рейхстаг меравад ва охирҳои моҳи июни соли 1945 ҳамчун маҷрӯҳи гурӯҳи дуюм бо сари баланд ба зодгоҳ баргашт.

Барои корнамоӣ бо орденҳои «Ситораи Сурх», «Шараф» (дараҷаи 3) ва медалҳои зиёди ҷангӣ сарфароз шудааст. Баъд аз ҷанг касби устогиро пеша карда, дар сохтмони биноҳои маъмурӣ, фермаи чорводорӣ, чойхонаи деҳот, бинои Ҷамоати деҳоти «Ҳакимӣ» ва бунёди боғҳо саҳми босазо мегузорад.

Соли 2014 дар 89-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Соли 2010 бо пешниҳоди роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод «Китоби хотира», ки ба 65-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бахшида шудааст, нашр шуд. Мутаассифона, дар китоби мазкур маълумоти пурраи замони ҷанг ва баъд аз он ҷой дода нашудааст. Масъулини Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик изҳор доштанд, ки аз сабаби даст­рас набудани факту далелҳо дар бораи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълумоти комил пешниҳод намудан ғайриимкон шуд.

Солҳо мегузаранд, аммо номи неки онҳое, ки барои ҳимояи Ватан ва ба ин рӯзи босаодат расидани халқ аз худ шуҷоату қаҳрамонӣ нишон додаанд, ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо зудуда нахоҳад шуд.

Насли ҷавони имрӯза бояд аз корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ибрат гиранд, таърихи халқамонро пайваста омӯзанд, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишварро ҳифз намуда, ҳамеша барои ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азизамон омода бошанд.

 Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»