Аз дарикҳои Ҳахоманишӣ то Сомонӣ

№13 (4433) 26.01.2022

1Олимони ҷомеашиноси моро зарур аст, ки якҷо бо зиёиёни эҷодкор дар шароити ҷаҳонишавӣ бо мақсади ҳифзи арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг ва забону адабиёти миллати куҳанбунёдамон дар роҳи ба ҷаҳониён ҳар чӣ бештар муаррифӣ кардани таърих, тамаддун ва фарҳанги халқи тоҷик рисолати шаҳрвандиву миллии худро ба таври шоиста иҷро намоянд».

(Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ)

Ҳоло ҷаҳонро бидуни пул ва муомилоти пулӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аслан, пул — сиккаву сиккасозӣ ва муомилот бо он таҳаввулоти бузургтарин дар аҳди бостон маҳсуб меёбад. Дертар ба сиккаҳо пули коғазӣ илова шуда, имкон фароҳам омад, ки одамон аз табодули одии «мол бо мол» даст кашида, ба хариду фурӯш («мол-пул-мол») гузаранд.

Сиккаҳои қадимтарине, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ пайдо шудаанд, дорик ё дарикҳои тиллоии ҳахоманишӣ маҳсуб мешаванд. Он тангаҳо, ки ба асрҳои VI — V пеш аз мелод тааллуқ дошта, ба «Хазинаи Амударё» дохил мешаванд, соли 1878 дар ноҳияи Қубодиён кашф шудаанд. Метавон гуфт, ки сикказанӣ  ва муомилоти пулӣ дар  кишвар таърихи беш аз дувунимҳазорсола дорад.

- Азбаски сиккаҳо хеле хурданд, барои тамошои беҳтари онҳо дар деворҳо акси бузурги онҳо ҷой дода шудаанд, — ба тасвирҳои деворӣ ишора намуда, шарҳ дод сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии кишвар Фирдавси Абдулҳамид. — Солҳои  522 — 486 пеш аз мелод давлати Ҳахоманишиҳо хеле тараққӣ карда, Дорои I ислоҳот гузаронд ва қаламрави давлатро ба сатрапияҳо ҷудо намуда, барои ҳар яки он андоз муқаррар кард. Дар империя пули ягонаи тиллоӣ — дарик ва нуқрагӣ — шикил ҷорӣ шуд. Сиккаҳои тиллоии ҳахоманишиҳо берун аз ҳудуди империя низ васеъ истифода мешуданд. Чунин ибтикор шароит ба вуҷуд овард, ки сарзаминҳои Бохтар ва Суғди қадим ба марказҳои тиҷорати байналмилалии Шарқ ва Ғарб табдил ёбанд.

- Давраи дуюми рушди муомилоти пулӣ ба асрҳои IV-III пеш аз мелод рост меояд, — афзуд Фирдавси Абдулҳамид. — Дар давраи ҳукмронии Антиохи I (ибтидои асри III то мелод) дар Бохтар сиккаҳои калони нуқрагӣ бо ному тасвири шоҳ Антиох зада мешуданд. Вале даврони салтанати давлати Юнону Бохтариён (асрҳои III — II пеш аз мелод)-ро давраи пешрафти бесобиқаи муомилоти пулӣ медонанд. Сиккаҳои он давра драхма ном дошта, тибқи анъанаҳои сикказании юнониён зада мешуданд.

Дар аҳди Кӯшониён низ муомилоти пулӣ рушд ёфта, сиккаҳо аз тилло, нуқра ва мис зарб мешуданд. Шоҳаншоҳони кӯшонӣ Ҳерай-Санаб, Вима Такту, Вима Кадфиз, Канишкаи Кабир, Ҳувишка ва Васудева хеле зиёд сикка задаанд. Дар сиккаҳои он давра тасвирҳои марбут ба дини зардуштӣ зиёд ба назар мерасанд. Ба замми ин, дар сиккаҳо тасвири худои ҳиндувон Шива ва Буддоро дучор омадан мумкин аст.

Дар ҷумҳурӣ сиккаҳои кӯшонӣ зиёд кашф шудаанд, ки намунаи гуногуни онҳоро дар осорхона дидан мумкин аст.

Қабл аз истилои араб дар Мовароуннаҳр зимни муомилот сиккаҳои тиллоӣ, нуқрагӣ ва мисии шоҳони сосонӣ ва ҳокимони Самарқанд, Бухоро, Уструшан, Панҷакент ва Вахшу Қубодиён истифода мешуданд.

Сикказанӣ ва муомилоти пулӣ дар давраи Сомониён ба авҷи аъло расид. Дар 30 шаҳр сиккахона ё зарробхонаҳо амал мекарданд. Фарқияти сиккаҳои сомонӣ дар он буд, ки рӯи онҳо катибаи марказӣ давра гирифта мешуд ва аз калимаи тавҳид таркиб ёфта, дар ҳошия номи зарробхона бо катибаи «бисмиллоҳ» ва соли барориш ҷой дода мешуд. Пушти сикка ба рӯи он шабоҳат дошт ва пас аз таъкиди тавҳид номи шоҳ ва ояҳои «Қуръон» ҷой дода мешуданд. Сиккаҳои сомонӣ берун аз давлат низ истифода мегардиданд. Дар Тоҷикистони кунунӣ зарробхонаҳои аҳди Сомониён дар шаҳрҳои гуногун, аз қабили Хутал, Рашт, Бадахшон, Хуҷанд ва Уструшан мавҷуд буданд. Дар ин шаҳрҳо, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шаҳрҳои тараққиёфта ба шумор мерафтанд, зарробхонаҳои бузург вуҷуд доштанд, ки аз номи амирони сомонӣ бо сикка зарб зада, ба муомилот бароварда мешуд.

Дар замони Ғазнавиён низ зарби сиккаҳо аз фулузоти гуногун, ба мисли тиллову нуқра ва мис, маъмул буд. Дар он давра дар Хатлону Ҳулбук зарробхона вуҷуд дошт, ки аз номи султон Масъуди Ғазнавӣ сикка мебаровард. Шоҳигарии Қарахониён, Хоразмшоҳиён ва Темуриён, ки пас аз ҳокимияти сулолаи Сомониён ба вуҷуд омаданд, ба миқдори зиёд сикка баровардаанд. Хазинаҳои бузурги сиккаҳои мисини Темуриён дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Ҳисор, Турсунзода ва маҳалҳои дигар боз­ёфт гардидаанд.

2- Тибқи маълумоти мавҷуда, сикказанӣ дар Осиёи Миёна то соли 1920 идома ёфтааст. Нахустин пулҳои коғазӣ низ дар ин минтақа мисли сиккаҳои нуқра «танга» номида мешуданд. Он пулҳо бо арзиши 20, 50 100, 300, 500, 1000, 2000, 5000, 10000 танга дар даврони ҳукмронии амири охирини Бухоро Саид Олимхон бароварда шудаанд, — гуфт Ф. Абдулҳамид.

Аз соли 1920 барориши пулҳои коғазии амирӣ бо баъзе фарқият — ҷой додани рамзҳои шӯравӣ (тасвири дос ва бастаи гандум) ва иваз кардани ном идома дода шуд. То  соли 1993 дар Тоҷикис­тон пули Иттиҳоди Шӯравӣ ва пас аз он пулҳои Федератсияи Россия дар гардиш буданд.

30 октябри соли 2000 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 415 пули ягонаи давлатӣ – сомонӣ ба муомилот баромад, ки ба ифтихори аввалин давлати тоҷикон — сомонӣ номгузорӣ шуд. Пулҳои коғазии 1, 3, 5, 10, 20, 50, 100, 200, 500 сомонӣ ва тангаҳои 1, 5, 20, 50 — дирама ба муомилот бароварда шуданд.

Сеюми сентябри соли 2001 пулҳои фулузии 1, 3, 5 сомонӣ ва 5, 10, 20, 25, 50 — дирама ба муомилот бароварда шуданд, ки аз ҷониби корхонаи сиккабарории шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия зарб шудаанд.

- Пули  миллӣ яке аз рамзҳои Истиқлолияти давлати тоҷикон ва асъори устувор маҳсуб ёфта, боис ба ифтихори мост, — хулоса намуд ҳамсуҳбатам.

Н. НИЗОМӢ,

 «Садои мардум»