Аз дирафши коваёнӣ то пояи 165 — метраи Парчами давлатӣ

№146 (4566) 23.11.2022

istiqloloyat24-уми ноябри соли 1992 таҳти раёсати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар қатори дигар масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия масъала «Дар бораи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»-ро низ баррасӣ намуд. Дар гузориши иҷлосияи мавриди назар, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» нашр шудааст, омадааст, ки доир ба моҳият ва аҳамияти қабули рамзҳои давлатӣ академик Муҳаммад Осимӣ гузориш дод.

Сипас, аз ҷониби вакилон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» қабул гардиданд.

Ҳамин тариқ, 24-уми ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ — Парчами давлатӣ гардид ва дар асоси муқаррароти моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шуд.

Парчами давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари асосҳои давлат ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон мебошад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» муқаррар шудааст, ки эҳтироми волои Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки мардуми мо дар парчамдорӣ таърихи куҳан доранд ва ин худ далели маърифати баланд аст. Бостоншиносон истифодаи онро то солшумории милодӣ собит намудаанд. Дар замони Куруши кабир халқи тоҷик, ки соҳиби Эъломияи ҳуқуқи башар гашта буд, аввалин шуда, дирафш — парчамро ба миён овард. Нақши нахустпарчами мо — «Дирафши коваёнӣ»-ро Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» хеле барҷаста тасвир кардааст.

Аз аҳди бостон парчам ифодагари мавқеи сарлашкар ва нерубахшу ҳидоятгари он ба пирӯзӣ дониста мешуд. Ғасби парчами лашкар аз ҷониби лашкари дигар маънои пирӯзӣ бар онро дошт. Парчами лашкар таври доимӣ аз ҷониби гурӯҳе аз сарбозон назорат ва ҳимоя мешуд, ки ин анъана то ба ҳол боқист.

Тибқи «Энсиклопедияи советии тоҷик», парчам рамзи синф, миллат, ягонагии ҳарбӣ, ҳизбӣ, динӣ ва ҷамъи­ятии ташкилотҳои гуногун мебошад. Дар асри V то милод ба вожаи сермаънову тоҷикиасли дирафш куҳантарин муродиф парчам буд. Пас аз Инқилоби октябр ба силсилаи муродифҳои парчам вожаи туркии байрақ ворид гашт. Дирафш ва парчам вожаҳои ноби тоҷикӣ буда, аз вожаҳои байрақ, алам, ливо ва роят бо ин бартарӣ доранд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 12-уми майи соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, тартиб ва ҷои афрохтани Парчами давлатӣ муайян шудааст.

Ин қонун аз ду боб иборат аст ва боби дуюми он ба Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Тибқи Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳҳои расмӣ — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти прокуратура, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти дигари идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон насб карда мешавад. Парчами давлатӣ, инчунин дар нақлиёти хизматии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир, роҳбарони ҳайати давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҷумҳурӣ ва шахсони дигар тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад.

Парчами давлатӣ рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттиҳоди осебнопазири коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мебошад. Ҳафт ситора дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора ба ҳафт иқлими ҷаҳон, ҳафт бародарон, ҳафт табақаи осмон, ранги сурх рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият, ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқ ва ранги сабз рамзи саъю кӯшиш ва заҳмати халқ баҳри сарсабзиву хуррамии кишвар аст.

Соли 2009 бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, бо тартиби ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 19-уми ноябри соли 2009 ҳар сол бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад. Вежагии ин рамзи давлатдорӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар назди Парчами давлатӣ аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то сарбози одӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Дар ҳама ҳамоишҳои расмӣ, пирӯзиҳои варзишгарон зери садои Суруди Миллӣ Парчами давлатӣ барафрохта мешавад.

Дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон он пешбинои идораву созмон, ташкилотҳои гуногуни мамлакатро оро медиҳад ва меҳру муҳаб­бати халқро ба ин муқаддасот ифода мекунад. Ин рӯз собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчаме, ки ҳастӣ ва ифтихори миллии моро ифода мекунад. Парчаме, ки шаҳодати истиқлолият, таҷассумгари ғурури миллӣ ва ватандории мост.

Эҳтиром ба Парчам аз ибтидо сар карда, ҳамвора дар қалбҳои мардуми сарбаланди мо маскан гирифтааст. Ҳамин буд, ки дар адабиёти навини мо аксарияти адибони тоҷик чун ифодаи эътимоду эътиқод ба Парчам шеърҳо ва маҷмӯаҳои эҷодии хешро зери унвонҳои «Ливои зафар», «Байрақи музаффарият», «Парчами сулҳ» ва амсоли инҳо ба табъ мерасониданд.

 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар табрикоташон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 зикр намуданд: «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳиб­истиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фит­рати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».

Боиси ифтихори мо аст, ки ба муносибати 20 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баландтарин парчам афрохта шуд. Қомат афрохтани Парчами давлатӣ, ки пояи он баландтарин дар ҷаҳон буд (165 метр), ба пойтахти кишвар шукӯҳу шаҳомати хоса бахшид. Ҳоло ин майдон бо гулгаштҳои ҷолибу ҳарранга ба макони сайругашт, истироҳату фароғати мардум табдил ёфтааст.

Месазад ёдовар шавем, ки ин иншооти беназир аз ҷониби бинокорони Корхонаи «Алюминсохтмон» ва Ширкати байналмилалии «Трейдент Саппот» бунёд ёфтааст.

Дар яке аз суханрониҳояшон Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд: «Бигузор Парчами истиқлолият асрҳои аср ба сари мамлакати куҳанбунёду номдор ва озоди тоҷик парафшон бошад!».

Бамавриду рамзист, ки ин суханони пурҳикмату таъсирбахш ва дуои неки Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон анҷомбахши матлаби мазкур аст.

Далер АБДУЛЛО,

 «Садои мардум»