Аз рӯзгори одамони наҷиб

Аз домони модар то вазири об

№41 (4781) 03.04.2024

НасриддиновАрбоби барҷастаи сиёсию давлатӣ Ҳикматулло Нас­риддиновро қаблан мешинохтам. Ятимбачаи бепадару модарест, ки аз подабонӣ ба шоҳроҳи зиндагӣ қадам гузоштаву ранҷҳо кашида, дар мактаби олӣ хондаву то ба мансаби вазирӣ расид. Баъд аз он дар курсии котиб (муншӣ)-и Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон нишаст. Барои як ятимбача марҳила ба марҳила рушд кардану ба мансабҳои баланди давлатӣ соҳиб шудан саҳлу сода нест. Аз роҳи тайкардаи Ҳикматулло Нас­риддинов маълум мегардад, ки ӯ соҳиби истеъдоди баланд аст.

Дашту даман, деҳаву кӯҳҳои сар ба фалаккашидаи ноҳияи Муъминобод даврони кӯдакии Ҳикматуллоро ёд доранд. Тифлаке, ки даври модараш Бибигул парвонавор мечархид ва гоҳе ки масти бозӣ буд, садои модарашро шунида, ба сӯяш медавиду доманашро сахт медошт. Ҳикматулло дар Деҳбаланди Муъминобод ҳанӯз пастиву баландиҳои зиндагиро намешинохт. Бо модараш дунёи рангине дошт.

Насриддин, шавҳари Бибигул, даҳмарда буд. Сарчӯпонӣ мекарду молҳои колхози Фурӯзоваро мепоид.

«Тифливу домони модар хуш биҳиште будааст». Ҳикматулло дар оғӯши модар калон шуду аз меҳру муҳаббати ӯ баҳравар гашт, аммо хушбахтиаш дер давом накард. Баъд аз марги модар ба деҳаи Фурӯзова назди падараш омад. Зиндагӣ ӯро имтиҳон мекард, рӯзгори сахт сахттар мешуд. Қаҳрамони матлаб сардиву сахтиҳои зиндагиро медид, мисли калонсолон кор мекард, дар кӯраи ҳаёт обутоб меёфт. Рӯзгор ба ӯ тараҳҳум надошт…

Насриддин бар асари беморие чашм аз олам пӯшид ва Ҳикматулло дар нуҳсолагӣ танҳо монд. Иттифоқи Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ солҳои баъдиҷангиро аз сар мегузаронд. Зиндагии мардум ба сахтӣ мегузашт. Ҳикматулло дар хонаи бачагони Норак таҳсил мекард. Синфи ҳафтумро ҳамон ҷо хатм намуд. Чордаҳсола буд, ки ӯро ба шаҳри Душанбе оварданд. Донишҷӯи Техникуми обёрӣ ва механизатсиякунонии хоҷагии қишлоқ шуд. Қобилияти ташкилотчигӣ аз овони донишҷӯияш ба чашм мерасид. Вай дар баробари аъло хондан дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат меварзид.

Солҳои 1961-1966 дар Донишкадаи мелиоративии шаҳри Москва таҳсил кард. Қобилияти ташкилотчигиашро ба ҳисоб гирифта, ӯро муовини раиси комитети комсомолии донишкада интихоб намуданд. Ба донишҷӯён ёрии худро дареғ намедошт. Дасти дармондагонро мегирифт.

Вақте Ҳикматулло донишкадаро хатм карда ба Душанбе баргашт, аввал сармуҳандис ва баъд сардори раёсати корхонаи обёрии Фархору Чубек таъйин гардид. Он солҳо обёрӣ кардани заминҳои ташналаб роҳи ҳалли худро меҷуст. Ҳикматулло чун мутахассиси ҷавону серғайрат ва роҳбари ҷиддиву кордон пайи иҷрои супориш шуд. Аз рӯди пуртуғёни Панҷ ба даштҳои асрҳои аср ташналаби Уртабуз об бароварданд. 70 ҳазор гектар замин шодоб гашт.

Орому қарорро фаромӯш карда буд. Дар соҳили рӯди Панҷ ҳамроҳи коргарон ба кори соҳилбандӣ машғул буд, ки мошине наздашон қарор гирифту аз он Котиби якуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов берун омад. Ҳикматулло Насриддинов баъд аз салому ҳолпурсӣ роҳбари аввали ҷумҳуриро бо рафти кор ошно намуд. Ҷаббор Расулов аз фаъолияти коргарон қаноатмандӣ карда, барои боз ҳам пурсамар меҳнат кардан ба Ҳикматулло Насриддинов дастуру супоришҳои мушаххас дода гуфт:

- Дар симои ту ҷасорат, дар вуҷуди ту иродаи қавиро эҳсос мекунам. Ҳалол кор кун, софдилона ба халқу Ватан хизмат намо, ҳатман ба муроди дилат мерасӣ.

Ин суханони роҳбари аввали ҷумҳурӣ ба Ҳикматуллои ҷавон болу пар бахшид ва ӯро ба сӯи фардои босаодат раҳнамун сохт.

Соли 1974 барои кор ба шаҳри Душанбе даъват карданд ва вазифаи масъулиятноки мудири шуъбаи об ва хоҷагии қишлоқи Шурои вазиронро ба ӯ бовар намуданд. Соле баъд мудирии шуъбаи хоҷагии об ва сохтмони хоҷагии қишлоқи Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикис­тонро ба зиммааш гузоштанд. Ҳангоми вохӯрӣ Ҷаббор Расулов дасти ӯро фишурда гуфт: «Ман ин ҷавони серғайратро хуб мешиносам, ӯро дар соҳили дарёи Панҷ ҳангоми кор вохӯрда будам. Ин вазифаи масъулиятнокро ба ӯ бо боварӣ месупорам. Яқин медонам, ки ӯ софдилона кор мекунад ва садоқати худро ба халқу Ватан собит менамояд».

Ҷаббор Расулов хато накард, садоқату меҳнатдӯстӣ ва ташкилотчии хуб будани Ҳикматулло Насриддиновро вақт нишон дод.

Шахсияти қаҳрамони матлаб рӯз ба рӯз чун ходими барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ рушд кард. Тамоми ҳастиашро сарфи корҳои бунёдкорӣ сохт. Ҳамин истеъдоди фитриашро ба назар гирифта, ду навбат – солҳои 1980-1983 ва 1986-1990 ӯро ба вазифаи вазири мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуданд.

Соли 1980, вақте вазир таъйин шуд, пахтакорон ҳосили рекордӣ — як миллион тонна пахта рӯёниданд.

Соли 1983 Ҳикматулло Нас­риддинов котиби Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикис­тон оид ба масоили комплекси агросаноатӣ таъйин шуд. Комплекси агросаноатии мамлакатро сарпарастию роҳбарӣ мекард.

Дар даъватҳои 9, 10, 11 ва 12 Шурои Олӣ намояндаи халқ интихоб шудааст. Аз ин рӯ, вай на танҳо ба корҳои роҳбарӣ машғул буд, балки дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъолияти пурсамар дошт. Ҳаёташро бе халқ тасаввур карда наметавонист.

Соли 1990 аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Восеъ депутати Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ дар Шурои Олӣ раиси Кумита оид ба масъалаҳои шуғли аҳолию сиёсати демографӣ, раиси Кумитаи комплекси агросаноатию озуқа ва ҳамзамон, узви президиуми ин мақоми олии  намояндагӣ ва қонунгузор буд. То соли 1995 он ҷо фаъолият кард. Аммо ин даврон замони пурошӯбе буд. Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар кишвар силоҳбадастон ҳукмронӣ мекарданд. Мамлакати обод ба харобазор мубаддал гашт. Ҳукумат фалаҷ шуд.

Дар чунин даврони пурошӯбу бераҳм Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар Хуҷанд баргузор гардид. Чашми умеди тамоми сокинони мамлакат ба он дӯхта шуд. Ҳикматулло Насриддинов низ дар ин иҷлосия ширкат варзид. Дар ин иҷлосияи таърихӣ фарзанди фарзонаи тоҷик муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб шуд. Дар пеши ӯ корҳои бузурге меистоданд. Пеш аз ҳама, мамлакатро ором ва оташи ҷангро хомӯш кардан лозим буд. Ҷоннисориҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самар оварданд. Тоҷикистон ба сӯи сулҳи босуботу рушди худ қадам бардошт.

Ҳикматулло Насриддинов аз моҳи январи соли 1994 то охири соли 1996 дар Дастгоҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ба ҳайси мудири шуъбаи мелиоратсия, хоҷагии обу сохтмони деҳот, сипас ҳамчун мудири шуъбаи комплекси агросаноатӣ фаъолият кард. Ӯ дар ин вазифаҳо лаёқати баланди ташкилотчигию кордониву қавииродагӣ нишон дод. Мактаби кору зиндагии ӯ омӯзанда ва боиси пайравист.

Барои рушди ҳамаҷонибаи ҳар инсон ҳаёти оилавӣ нақши бузург дорад. Хусусан, ҳамсари хуб ба шахсияти шавҳар таъсир мегузорад. Холаи Сафармоҳ тамоми зиндагиашро сарфи муҳаббати шавҳар намудааст. Ӯ факултети китобдории Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии но­ҳияи Рӯдакиро хатм намуда, 30 сол дар Китобхонаи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ (ҳоло Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон) кор кард.

Имрӯз ходими барҷастаи давлативу ҷамъиятӣ Ҳикматулло Насриддинов дар ҳалқаи фарзандон давлати пирӣ меронад. Ҳамсараш — холаи Сафармоҳ, фарзандон, набераву абераҳояш гирди ӯ парвонасон мечарханд.

Аз бахти фарзандонаш меболад. Орзуяш ин аст, ки онҳо ҳамеша хидмати халқу Ватанро ба ҷо оранд. Ҳар кадоме дар мақоми худ ба халқу Ватан хидмат кунанд. Ӯ бо ифтихор мегӯяд:

- Тоҷикистон рӯз ба рӯз ободу зеботар мегардад. Роҳҳо, боғҳо, биноҳо, коргоҳҳо бунёд мешаванд. Симои шаҳру деҳот дигаргун гашта, зиндагӣ дилнишин мешавад. Хусусан, шаҳри Душанбе, пойтахти диёрамон, сабзтару пуршукӯҳтар гашта, дилҳоро тасхир месозад.

Ҳикматулло Насриддинов ин ободиҳоро мебинаду шукрона мекунад, ки ин шаҳомату зиндагии рангин насиби халқи тоҷик гаштааст.

ВОРИС,

«Садои мардум»